Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
350 subscribers
1.41K photos
120 videos
4 files
349 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ICGP2025 #Glaciers2025 #DushanbeGlaciersConference

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1👍1👏1
30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони "Пиряхҳо ва дартрасӣ ба об дар шароити тағйирёбии иқлим: Аз пиряхҳо то баҳр", ки дар чорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа иштирокчиёнро ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки имрӯз мо аз як ташвиши умумӣ муттаҳид гаштаем: пиряхҳо бо суръати бесобиқа об мешаванд. Тағйирёбии иқлим боиси тағйир дар ҷараёни дарёҳо, тағйироти мавсимии дастрасии об ва зиёд шудани осебпазирии ҷомеаҳо, хусусан онҳое, ки ба обшавии пиряхҳо вобастагӣ доранд, мегардад. Дар ин замина, мо бар онем, ки энергияи барқароршавандаи обӣ як роҳи стратегӣ барои коҳиши карбон, танзими устувори захираҳои об ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ мебошад.


Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи сатҳи баланд олимону коршиносони сатҳи байналмилалии соҳа иштирок доштанд.

@mewrtj
2👍2👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ СЕҶОНИБА ОИД БА РЕҶАИ ИСТИФОДАИ ОБАНБОРИ “БАҲРИ ТОҶИК”

30-юми майи соли 2025, Душанбе (Кохи Сомон). - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи оид ба ҳифзи пиряхҳо вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов доир гардид.


Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаи идоракунии захираҳои об, истифодаи устувори оби обанборҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи музокирот Протоколи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мувофиқаи реҷаи кории обанбори “Баҳри Тоҷик” барои моҳҳои июн-августи соли 2025 ба имзо расонида шуд.


@mewrtj
👍41🔥1
Дар Кохи “Сомон” - макони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи махсус таҳти унвони “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ иқтидорҳои мавҷуда ва имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён бо лоиҳаҳои амалкунандаи гидроэнергетикӣ, иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, ҳамчунин ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди энергияи сабз шинос шуданд.

Иштирокдорони конфронс, хусусан меҳмонони хориҷӣ, аз гӯшаи намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” дидан намуда, ба дастовардҳои назарраси кишварамон дар самти рушди устувори энергетикаи сабз баҳои баланд доданд.

@mewrtj
👍2👏21🔥1