Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Иштироки корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи «Суҳбати рӯз»-и телевизиони «Баҳористон»
Дар барномаи мавзуъҳои зерин матраҳ гардиданд:
🔹Фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ;
🔹Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ доир ба истифодаи оқилонаи неруи барқ;
🔹Масъалаи кам намудани талафоти неруи барқ;
🔹Тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ.
✅ @mewrtj

Ҳадафи ташкили барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги энергетикии шаҳрвандон, инчунин тақвияти ҳамкориҳои ҷомеа бо ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ мебошад.
✅ @mewrtj
👍3❤1👏1
14-уми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои рушд ва густариши робитаҳо дар самти таъмини рушди устувори энергетикӣ иброз дошт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки соҳаи энергетика таъкид карданд.
Муфассал
Подробнее

Вазири энергетика ва захираҳои об изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои шарикӣ бо Ҷопон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи энергетика аҳамияти хос зоҳир менамояд.
Сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои рушд ва густариши робитаҳо дар самти таъмини рушди устувори энергетикӣ иброз дошт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки соҳаи энергетика таъкид карданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍3🔥1🤝1
14-уми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Алӣ Муҳаммад Хан, роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмаато, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» қарор гирифт.
Изҳори итминон гардид, ки дар ҳамкории зич ва тавассути ҳамоҳангсозии фаъол, татбиқи пурраи Лоиҳаи «CASA-1000» амалӣ гардида, ба таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

👍6⚡1🔥1
🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» шуруъ шуд
🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰В Национальной библиотеке Таджикистана началось очередное заседание Межправительственного совета Регионального проекта по передаче электроэнергии «CASA-1000»
🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰A regular meeting of the Intergovernmental Council of the CASA-1000 Regional Electricity Transmission Project has begun in the National Library of Tajikistan

👍6❤1🔥1
15-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), Директори генералии «Da Afghanistan Breshna Shirkat» Доктор Абдул Бари Омар ва шарикони рушд баргузор гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханронии ифтитоҳӣ, нахуст ҳозиринро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ иброз дошт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи «CASA-1000» дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад. Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар идома намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳа, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.
Сипас, вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯнамоҳо манзур гашт.
Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.
✅@mewrtj

- 31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» зери шиддат гузошта шуд ва аллакай, имрӯз мо метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем. Пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор кишвар на танҳо натиҷаи талошҳои худи кишварҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин Лоиҳаи стратегӣ ва минтақавӣ мебошад, - таъкид кард Далер Ҷумъа.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад. Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар идома намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳа, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.
Сипас, вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯнамоҳо манзур гашт.
Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.
Дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба имзо расонида шуд.
✅@mewrtj
👍4👏1🤝1
👍5❤1🤝1