Forwarded from Азия-Плюс TJ
Дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба 377,7 млн доларро ташкил додааст, ки 48,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
То ним миллиард доллар. Дар ҷаласаи комиссия Тоҷикистону Эрон чӣ тавофуқ ҳосил шуд?
Дар шаҳри Шерози Эрон рӯзҳои 5-6 май ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, ва илмиву техникӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа масоили калидии шарикии дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, энергетика…
👍4❤1⚡1🔥1
07-уми майи соли 2025, Душанбе. – Бонувони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Куруши Кабир” баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҳамзамон, иқдом мазкур як василаи муҳим барои муаррифии ҳунару санъати миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан насли ҷавон ба мероси фарҳангии ниёгон арзёбӣ мегардад.
Аксҳои бештар
✅ @mewrtj
Чорабинии мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон, иқдом мазкур як василаи муҳим барои муаррифии ҳунару санъати миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан насли ҷавон ба мероси фарҳангии ниёгон арзёбӣ мегардад.
Аксҳои бештар
✅ @mewrtj
👍12❤1🔥1👏1
🇹🇯🇮🇷07-уми майи соли 2025, Теҳрон (Эрон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо ноиби муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот натиҷаҳои дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон бадастомадаро баррасӣ гардида, тавофуқоти ҳосилшударо мусбат арзёбӣ намуданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
Дар мулоқот натиҷаҳои дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон бадастомадаро баррасӣ гардида, тавофуқоти ҳосилшударо мусбат арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоти судманди дуҷонибае, ки моҳи апрел дар шаҳри Душанбе доштанд, ёдовар шуда, барои таҳким ва тавсеаи боз ҳам бештари ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍5❤1🤝1🆒1
🇹🇯🇮🇷07-уми майи соли 2025, Теҳрон (Эрон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди босуботи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ натиҷаи иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони ҳар ду кишвар арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ ва боз намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар идома густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноат, илму техника ва дигар соҳаҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз тасдиқ гардидани иштироки муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол намуд.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj

Бо хушнудӣ зикр гашт, ки дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд мебошад.
Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ ва боз намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар идома густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноат, илму техника ва дигар соҳаҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ин росто, масъалаи таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳод ва баррасӣ шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз тасдиқ гардидани иштироки муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол намуд.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj
👍7🔥1🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба масъалаҳои пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб машварати корӣ баргузор гардид.
✅ @mewrtj
✅ @mewrtj
👍4
9 МАЙ - РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
80-солагии Иди Зафар хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!
✅@mewrtj
80-солагии Иди Зафар хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!
✅@mewrtj
👍6👏1🎉1
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ: САҲМИ ЗАФАРМАНДОНИ ТОҶИК ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА БУЗУРГ АСТ
Ҳарчанд ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мо дур мешаванд, корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони ҷасури халқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо гузашти вақт боз ҳам возеҳтару равшантар ба назар мерасанд. Ҳамасола 9-уми май - Рӯзи Ғалаба бар фашизмро мардуми сулҳпарвари ҷаҳон бо ифтихору тантана таҷлил мекунанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои пурфоҷеа, вале ҳамзамон пуршараф ва саршор аз қаҳрамониҳо дар таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Германияи фашистӣ 22 июни соли 1941, соати 4-и субҳ, бе эълони ҷанг ва аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.
Имрӯз, ки мо 80-солагии ин ғалабаи таърихиро таҷлил менамоем, бо сарфарозӣ ва эҳтиром онҳоеро ёд меорем, ки барои оромиву осоиштагии ояндагон ҷонбозиҳо карданд. Маҳз иттиҳоду якдилии халқҳо, дӯстиву бародарии онҳо, иродаи қавӣ ва ватандӯстӣ ба ин пирӯзии бузург асос гузоштанд.
Зоҳир НАБИЕВ, сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон, ки он замон ҷузъи ҷудонопазири ИҶШС буд, дар ин ҷанг саҳми арзишманду таърихӣ гузошт. Зиёда аз 300 ҳазор шаҳрванди кишвар ба майдони ҷанг сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд. Онҳо бо мардонагиву шуҷоат, паҳлу ба паҳлуи дигар халқу миллатҳои ИҶШС, зидди истилогарони фашистӣ мубориза бурданд.Мардуми тоҷик дар баробари набард дар фронт, дар ақибгоҳ низ дар таъмини ғалаба саҳми бузург гузоштанд - ғаллаву озуқа, сару либос, пул ва дигар маводи заруриро барои фронт фиристода, қаҳрамонӣ нишон доданд.
Имрӯз, ки мо 80-солагии ин ғалабаи таърихиро таҷлил менамоем, бо сарфарозӣ ва эҳтиром онҳоеро ёд меорем, ки барои оромиву осоиштагии ояндагон ҷонбозиҳо карданд. Маҳз иттиҳоду якдилии халқҳо, дӯстиву бародарии онҳо, иродаи қавӣ ва ватандӯстӣ ба ин пирӯзии бузург асос гузоштанд.
Зоҳир НАБИЕВ, сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муфассал
✅ @mewrtj
👍5❤2👏1
Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҷеъ ба мувофиқасозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҷониби ӯзбекистонӣ таҳти роҳбарии вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов иштирок намуд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҷониби ӯзбекистонӣ таҳти роҳбарии вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати мувофиқа ва таҳияи ниҳоии санади мазкур табодули афкор анҷом доданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍5⚡1🔥1
13-16-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки 13-14 -уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак доир гардад. Дар он ҳайатҳои расмии аъзои лоиҳа, коршиносон, инчунин намояндагони шарикони рушд ва дигар ҳайатҳо иштирок менамоянд.
16-уми май иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

15-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» баргузор мегардад.
16-уми май иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍5❤1🆒1