Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
339 subscribers
1.39K photos
116 videos
4 files
345 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇺🇿15-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

@mewrtj
🤝5👍1🔥1🆒1
🇹🇯🇮🇷16-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот анҷом дод.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, иброз гашт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин кишвари ба ҳам дӯсту ҳамзамбонро яке аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ менамояд.

Вазири энергетика ва вазираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  иброз дошт, ки гардиши савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 110,6 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн зиёд мебошад.

Қайд шуд, ки моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар назар аст ва дар доираи он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Алӣ Наҷафӣ аз ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол намуда, иброз дошт, ки санади мазкур натанҳо барои ин кишварҳо, балки барои минтақа аҳамияти хеле муҳим дорад.

Махсусан, таъкид гардид, ки бо иродаи қавии роҳбариятии олии кишварҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён муносибаҳои тарафайни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар дар оянда низ таҳкиму тавсеа меёбанд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍41🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шароити рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ бо неруи барқ яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ширкатҳои энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, масъалаи истифодаи ғайриқонунии неруи барқ яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Андешаҳои сокинони вилояти Суғд дар робита ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ.

©️Телевизиони "Тоҷикистон"

Саҳифаи мо Телеграм:
https://t.iss.one/mewrtj
👍31🔥1
18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳфили “Нурофарон" ба кори худ оғоз намуд. Якумин чорабинии маҳфил таҳти унвони "85 баҳори умри Баҳром Сироҷев: Рисолати зиндагӣ ва хизмати содиқона ба рушди соҳаи энергетикаи тоҷик" баргузор гашт.

Дар кори он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, собиқадорони соҳаи энергетика, роҳбарияти корхонаҳои энергетикӣ, Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Академик Баҳром Сироҷев, аз зумраи шахсиятҳои барҷаста дар соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун бунёдгузори сулолаи энергетикҳои тоҷик шинохта шуда, ба хизматҳои эшон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар кишварҳои пасошуравӣ арҷ мегузоранд.


Муфассал

@mewrtj
👍4👏211🔥1🤝1
18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ба нафақа гусел намудани мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорат Мурод Яқубов сурат гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни чорабинӣ иброз дошт, ки имрӯз яке аз кормандони содиқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон — Яқубов Мурод, мудири бахши иҷозатномадиҳӣ, пас аз солҳои дарозу пурбаракати фаъолияти меҳнатӣ ба нафақа мебаромад. Ӯ беш аз чил сол умри бобаракати худро ба соҳаи энергетика бахшида, дар ин муддат намунаи олии садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро нишон доданд. Маҳз бо шарофати меҳнати софдилона, таҷрибаи ғанӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон, мавсуф дар байни кормандон ва роҳбарият аз эҳтироми хосса бархӯрдор аст.

Сипас, шогирдони Мурод Яқубов перомуи ҳаёт ва фаъолияти устодашон ва хотираҳои нек баромад карданд.

Ба ин муносибат, бо эҳтиром ва қадршиносӣ ба Мурод Яқубов ҷома ва тоқӣ пӯшонида, туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Хатмкардаи ДДТ ба номи академик М.С. Осимӣ, ихтисос муҳандис-барқчӣ (соли 1985);
Устои барқчӣ дар заводи пахтаи н. Ҳисор (солҳои 1985-1988);
Муҳандис-барқчӣ дар Трести автомобилии истеҳсолии № 14-и н. Ҳисор (1988-1991);
Диспетчер, сармуҳандис ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (1991-2000);
Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (2000-2002);
Фаъолият дар самти иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002-2014);
Мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз апрели соли 2014-то имрӯз).

Ҳамзамон, Мурод Яқубов бо Медали соҳавии "Аълочии соҳаи энергетика" сарфароз гардонида шуд.

@mewrtj
👏62🆒1
РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУБОРАК БОШАД!

@mewrtj
🎉31👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ПУРЗӮР ГАРДИДАНИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

Гузориш аз вилояти Хатлон


©Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍31🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
НЕРУИ БАРҚ
Дар истифодаи он масъулиятшинос бошем!

Шарҳу тавзеҳи тағйирот ва илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ.

©Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍311
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба қисми 6 моддаи 49 пас аз рақами «253,» рақам ва калимаҳои «253 1 (ба истиснои қисми 3),» илова карда шаванд.

2. Моддаи 253 (прим 1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 253 (прим 1). Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ

1. Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар:
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) ба миқдори махсусан калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, –
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН


ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, № 2163
🔥2
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, № 2164
👍2🔥1
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои таҳияи Нақшаи идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки тибқи методологияи нави Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда истодааст, баррасӣ гашт.

@mewrtj
👍311🔥1