Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
341 subscribers
1.38K photos
115 videos
4 files
344 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.

Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.


@mewrtj
👍32🔥1
15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.


Қонунҳои дигари баимзорасида бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аз партовҳои нақлиёти автомобилии фарсуда, инчунин такмили меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ қабул гардидаанд.

Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии шаҳрвандон равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.

@mewrtj
👍6🔥1🆒1
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОН!

Дар асоси илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 253 иловаи 1), барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.


Бинобар ин, аз тамоми шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорон, моликони корхонаҳои саноатии хурду калон даъват ба миён меоварем, ки зимни истифодаи неруи барқ масъулиятшинос бошанд ва талаботи қонунгузориро риоя намоянд.


Саҳифаи мо Телеграм:
https://t.iss.one/mewrtj
👍31🫡1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇺🇿15-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

@mewrtj
🤝5👍1🔥1🆒1
🇹🇯🇮🇷16-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот анҷом дод.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, иброз гашт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин кишвари ба ҳам дӯсту ҳамзамбонро яке аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ менамояд.

Вазири энергетика ва вазираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  иброз дошт, ки гардиши савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 110,6 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн зиёд мебошад.

Қайд шуд, ки моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар назар аст ва дар доираи он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Алӣ Наҷафӣ аз ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол намуда, иброз дошт, ки санади мазкур натанҳо барои ин кишварҳо, балки барои минтақа аҳамияти хеле муҳим дорад.

Махсусан, таъкид гардид, ки бо иродаи қавии роҳбариятии олии кишварҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён муносибаҳои тарафайни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар дар оянда низ таҳкиму тавсеа меёбанд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍41🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шароити рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ бо неруи барқ яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ширкатҳои энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, масъалаи истифодаи ғайриқонунии неруи барқ яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Андешаҳои сокинони вилояти Суғд дар робита ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ.

©️Телевизиони "Тоҷикистон"

Саҳифаи мо Телеграм:
https://t.iss.one/mewrtj
👍31🔥1
18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳфили “Нурофарон" ба кори худ оғоз намуд. Якумин чорабинии маҳфил таҳти унвони "85 баҳори умри Баҳром Сироҷев: Рисолати зиндагӣ ва хизмати содиқона ба рушди соҳаи энергетикаи тоҷик" баргузор гашт.

Дар кори он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, собиқадорони соҳаи энергетика, роҳбарияти корхонаҳои энергетикӣ, Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Академик Баҳром Сироҷев, аз зумраи шахсиятҳои барҷаста дар соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун бунёдгузори сулолаи энергетикҳои тоҷик шинохта шуда, ба хизматҳои эшон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар кишварҳои пасошуравӣ арҷ мегузоранд.


Муфассал

@mewrtj
👍4👏211🔥1🤝1
18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ба нафақа гусел намудани мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорат Мурод Яқубов сурат гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни чорабинӣ иброз дошт, ки имрӯз яке аз кормандони содиқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон — Яқубов Мурод, мудири бахши иҷозатномадиҳӣ, пас аз солҳои дарозу пурбаракати фаъолияти меҳнатӣ ба нафақа мебаромад. Ӯ беш аз чил сол умри бобаракати худро ба соҳаи энергетика бахшида, дар ин муддат намунаи олии садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро нишон доданд. Маҳз бо шарофати меҳнати софдилона, таҷрибаи ғанӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон, мавсуф дар байни кормандон ва роҳбарият аз эҳтироми хосса бархӯрдор аст.

Сипас, шогирдони Мурод Яқубов перомуи ҳаёт ва фаъолияти устодашон ва хотираҳои нек баромад карданд.

Ба ин муносибат, бо эҳтиром ва қадршиносӣ ба Мурод Яқубов ҷома ва тоқӣ пӯшонида, туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Хатмкардаи ДДТ ба номи академик М.С. Осимӣ, ихтисос муҳандис-барқчӣ (соли 1985);
Устои барқчӣ дар заводи пахтаи н. Ҳисор (солҳои 1985-1988);
Муҳандис-барқчӣ дар Трести автомобилии истеҳсолии № 14-и н. Ҳисор (1988-1991);
Диспетчер, сармуҳандис ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (1991-2000);
Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (2000-2002);
Фаъолият дар самти иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002-2014);
Мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз апрели соли 2014-то имрӯз).

Ҳамзамон, Мурод Яқубов бо Медали соҳавии "Аълочии соҳаи энергетика" сарфароз гардонида шуд.

@mewrtj
👏62🆒1
РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУБОРАК БОШАД!

@mewrtj
🎉31👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ПУРЗӮР ГАРДИДАНИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

Гузориш аз вилояти Хатлон


©Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍31🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
НЕРУИ БАРҚ
Дар истифодаи он масъулиятшинос бошем!

Шарҳу тавзеҳи тағйирот ва илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ.

©Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍311