Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
341 subscribers
1.38K photos
114 videos
4 files
344 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
🇹🇯 🇪🇺 3-юми апрели соли 2025, Самарқанд (Ӯзбекистон). - Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта ҳамкории ду ҷониба дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.

Зикр гашт, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии “Роғун” ва таҷдиди НБО “Норак” манфиатдор аст.


Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст.

Дар ин зимн, Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гашат.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👏4👍1🔥1
📰 Резаахбор аз мусоҳибаи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Агентии иттилоотии «ТАСС» дар ҳошияи Форуми байналмилалии энергетикӣ «Энергопром-2025» доир ба ҳамкориҳои 🇹🇯 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 🇷🇺Федератсияи Россия дар соҳаи комлекси сӯзишворӣ-энергетикӣ

🔸Тоҷикистон ба ширкатҳои русӣ пешниҳод намуд, ки дар омӯзиш ва коркарди 22 кони ояндадори нафту газ ва лоиҳаҳои коркарди он ширкат варзанд. Кишварҳо қарор аст, ки соли ҷорӣ доир ба лоиҳаҳои муштараки нафту газ ба тавофуқ расанд ва омӯзи корҳо оид ба татбиқи онҳо соли 2026 дар назар аст. Мо нақша дорем, ки имсол бо Россия конҳои афзалиятнокро муайян кунем. Фикр мекунам, соли оянда доир ба ҳамкорӣ дар ин конҳо тасмимоти мушаххас хоҳем гирифт.

🔸Тоҷикистон ва Россия оид ба таҳияи рӯйхати лоиҳаҳои ояндадори муштарак дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои офтобӣ ба мувофиқа расиданд.

🔸Мо бо Сивилёв Сергей Евгениевич, вазири энергетикаи Федератсияи Россия, ба тавофуқ расидем, ки дар наздиктарин фурсат як мизи мудаввар ташкил намоем, то лоиҳаҳои афзалиятнокро муайян созем.

🔸Иқтидори солонаи истеҳсоли неруи барқи мо дар неругоҳҳои барқи обӣ 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад, аммо феълан танҳо 5%-и онро истифода мебарем. Гидроэнергетика таърихан самти асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи мо буд.

🔸Вобаста ба маъалаи танзими уҳдадориҳои молияии ҶСК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд. Дар муҳлатҳои наздик санади дахлдор оид ба танзими пурраи уҳдадориҳои молияӣ ба имзо хоҳад расид.

@mewrtj
👍21🔥1
Масъалаи рушди энергетика бо назардошти афзудани талабот ба қувваи барқ торафт хусусияти муҳим касб мекунад ва аз ин рӯ, яке аз самтҳои ояндадор дар минтақаи мо ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз” мебошад. Барои Тоҷикистон бахши энергетика, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ба он гидроэнергетика низ шомил аст, на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии миллӣ, балки барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ низ муҳим аст.

Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (Самарқанд, Ӯзбекистон, 04.04.2025) иброз доштанд.

Аз саҳми Иттиҳоди Аврупо дар бунёд ва навсозии иқтидори тавлиди энергияи “сабз” дар кишвари мо ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки муваффақи онро дар татбиқи тарҳҳои неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Себзор” ва “Қайроққум” таъкид намуданд.

Даъват ба амал бароварда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар заминаи дуҷониба ё дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, ки намунаи иқтисод ва энергетикаи “сабз” мебошанд, саҳм гузорад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаҳои Тоҷикистон дар бораи то соли 2030 афзоиш додани иқтидори истеҳсоли қувваи барқ аз неруи Офтоб ва шамол то 10 фоизи тамоми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил медиҳем.

@mewrtj
👍6
2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони МО ҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд.

Лоиҳаи сандҳои мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.

Тибқи иттилои рӯзномаи «Садои Мардум», лоиҳаҳоро дар Маҷлиси намояндагон вазири адлияи ҶТ Музаффар Ашуриён муаррифӣ намуда, аз иброз дошт: «Дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд».

Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова мегардад, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад. Моддаи нави иловашаванда аз се қисм иборат мебошад.

Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.

Тибқи қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.


Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 382 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад.

Дар асоси моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.

Муфассал

@mewrtj
👍51🔥1
Нуктаҳои муҳим аз суханрониии Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен доир ба дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» (Самарқанд, 04.04.2025) доир ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон:

• Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи оғози як ҳамкории стратегии нав ба мувофиқа расиданд, ки бехатарии иқлим ва ҳифзи табиат дар меҳвари ин муносибат хоҳанд буд.

• Аврупо мехоҳад дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии бо Шумо ҳамкорӣ кунад. Имрӯз мутобиқшавӣ ба иқлим як қисми муҳими барномаи сармоягузории мо бо номи «Дарвозаҳои глобалӣ» (Global Gateway) мебошад. Масалан, мо дар ҳавзаи Баҳри Арал як камарбанди сабз бунёд менамоем, то ба ин биёбони шӯр ҳаётро баргардонем. Мо ба деҳқонони Осиёи Марказӣ кумак мерасонем то тавассути истифодаи технологияҳои сарфакоронаи об ва назорати истифодаи он ба иқлими хушктар мутобиқ шаванд. Ин ҳамон гузаришест, ки деҳқонони Иттиҳоди Аврупо низ аз сар мегузаронанд.

• Мо якҷоя метавонем ҷараёни гузариши ҷаҳонӣ ба энергияи тоза ва устуворро суръат бахшем. Соли гузашта Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба уҳдадории глобалии мо пайвастанд, ки то соли 2030 самаранокии энергетикиро ду баробар ва иқтидори энергияи барқароршавандаро се баробар зиёд кунанд. Моҳи январ мо Форуми ҷаҳонии гузариши энергетикиро оғоз намудем, ки ҳадафи он нигоҳ доштани суръати ин талош ва табдил додани ҳадафҳо ба лоиҳаҳои воқеии амалӣ мебошад. Шумораи бештари кишварҳо ба ин ташаббус ҳамроҳ мешаванд. Ман умедворам, ки ҳамаи шумо аз ин минтақа низ ба ин кӯшишҳо ҳамроҳ хоҳед шуд. Зеро ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги энергетикаи устувор мебошад — шумо дорои ҳама унсурҳо ҳастед: шамол, офтоб, об ва энергияи геотермалӣ.


• Маҳз барои ҳамин Иттиҳоди Аврупо ба энергетикаи тоза дар саросари минтақа, аз ҷумла, садди рекордии НБО «Роғун» дар Тоҷикистон ва сарбанди «Қамбарата» дар Қирғизистонро сармоягузорӣ мекунад. Ин неругоҳҳо на танҳо барои кишварҳои худ неруи барқ истеҳсол мекунанд, балки барои содирот ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ. Онҳо барои рушди соҳаҳои стратегӣ, ба монанди коркарди ашёи хом, неруи барқ медиҳанд. Онҳо ба электрикунонии долонҳои нақлиётии мо ва истеҳсоли гидрогени тоза кӯмак мекунанд, ки метавонад содирот шавад. Ин як манфиати дуҷониба аст: барои истиқлоли энергетикӣ, барои тиҷорати мо ва, албатта, барои сайёраи муштараки мо, иқлим ва табиат.


• Осиёи Марказӣ ҳадафҳои бузург дар соҳаи энергияи тоза ва технологияҳои сабз дорад. Аврупо мехоҳад шарики интихобии шумо бошад.

Муфассал

@mewrtj
👍3🔥1
Основные тезисы выступления Председателя Европейской комиссии госпожи Урсулы фон дер Ляйен на Форуме высокого уровня «Центральная Азия перед лицом глобальных климатических проблем: консолидация ради общего процветания» (Самарканд, 04.04.2025) о сотрудничестве Европейского Союза со странами Центральной Азии, включая Таджикистан

• Центральная Азия и Европейский союз договорились о вступлении в новое стратегическое партнерство. И климатическая безопасность и защита нашей природы будут занимать центральное место в этом стратегическом партнёрстве.

• Европа хочет сотрудничать с вами в вопросах адаптации к изменяющемуся климату. Сегодня адаптация к климату является важнейшей частью нашей инвестиционной программы Global Gateway. Например, мы создаём новый зелёный пояс в бассейне Аральского моря, возвращая жизнь тому, что сейчас является солёной пустыней. И мы помогаем фермерам Центральной Азии адаптироваться к более сухому климату, используя технологии для экономии воды и контроля ее использования. Это тот же самый переход, который переживают многие фермеры в Европейском союзе.

• Вместе мы также можем ускорить глобальный переход на чистую энергию. В прошлом году Узбекистан, Таджикистан и Кыргызстан присоединились к нашему глобальному обязательству удвоить энергоэффективность и утроить мощность возобновляемой энергии к 2030 году. В январе мы запустили Глобальный форум по энергетическому переходу, чтобы в основном сохранить импульс этого соглашения и, что очень важно, преобразовать эти цели в конкретные проекты, которые мы должны реализовать на местах. Все больше и больше стран теперь присоединяются к нам в совместной работе в рамках этого Форума. Я надеюсь, что все вы из региона также присоединитесь к усилиям. Потому что каждая страна в Центральной Азии имеет огромный потенциал для устойчивой энергетики — вы знаете ингредиенты, от ветра до солнца, от гидро до геотермальной энергии.


• Вот почему Европейский союз инвестирует в чистую энергетику по всему региону, включая рекордную Рогунскую плотину в Таджикистане и Камбаратинскую плотину в Кыргызстане. Они будут генерировать достаточно энергии не только для своих двух стран, но и для экспорта по всей Центральной Азии. Они будут давать энергию новым стратегическим отраслям, например, для переработки сырья. Они помогут электрифицировать наши транспортные коридоры — мы сегодня это обсуждали — и производить чистый водород, который можно было бы продавать за рубеж. Это действительно обоюдная выгода. Это хорошо для нашей энергетической независимости, это хорошо для нашей торговли, и, конечно, это хорошо для нашей общей планеты, для климата и для защиты нашей природы.


• Центральная Азия ставит перед собой амбициозные цели в области чистой энергетики и зелёных технологий. Европа хочет быть вашим партнёром по выбору.

Подробнее

@mewrtj
👍21🔥1
07-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин давра ироа гардид.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №188 «Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста гардидааст, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 ва тақвият додани корҳои омодагӣ ва ободию бунёдкорӣ барои истиқболи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.


Зикр гашт, ки соли 2025 дар ноҳияи Роштқалъа ба истифодадиҳии НБО «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт дар назар аст, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти соҳаи энергетика сатҳи зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.

@mewrtj
👍41🆒1
📊 8-УМИ АПРЕЛ - РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН
Иди касби хуҷаста бод!


@mewrtj
👍7🔥1🎉1
Дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аудити даврии Системаи идоракунии экологӣ (СИЭ) ҷиҳати мутобиқ будан ба талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 гузаронда шуд.

Санҷиш нишон дод, ки Системаи идоракунии экологии НБО «Сангтӯда-1» пайваста дар ҳолати такмилёбӣ қарор дошта, тавассути ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои экологӣ, ки бар асоси принсипҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, инчунин кам намудани таъсири эҳтимолии манфӣ ба муҳити зист асос ёфтаанд, самаранок фаъолият менамояд.

Аудитро мутахассисони ташкилоти байналмилалии сертификатсионӣ — DQS анҷом доданд. Гурӯҳи аудиторҳо ҷанбаҳои муҳими экологӣ, татбиқи барномаи чорабиниҳо барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ ва риояи талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор доданд.

Аудиторҳо махсусан қайд карданд, ки дар НБО «Сангтӯда-1» корҳои мунтазами баланд бардоштани амнияти иншооти гидротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳудуди неругоҳ вазъи экологӣ беҳтар шуда, корҳои сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва бақарорсозии заминҳо (рекултиватсия) гузаронида мешавад.


Натиҷаҳои аудити инспексионӣ собит намуданд, ки СИЭ-и НБО «Сангтӯда-1» ба тамоми талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 ҷавобгӯ мебошад.

Системаи идоракунии экологӣ дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аз соли 2015 ба роҳ монда шуда, ҳар сол Ҷамъият мутобиқати онро ба талаботи стандарт тавассути гузаронидани аудитҳо бомуваффақият тасдиқ менамояд.

Натиҷаҳои мусбии сертификатсия шаҳодати онанд, ки фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-1» дар самти ҳифзи муҳити зист ба меъёрҳои баланди байналмилалӣ мутобиқ аст.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍41🔥1👏1
09-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Гурбуз Гонул, Директор оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳо ва шарикии Агентии байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди МБЭ ва иқдомҳои муштарак барои тақвияти иқтидорҳои энергетикӣ табодули афкор намуданд.

Намояндагони IRENA ҳадафҳои стратегии Агентиро барои гузариш ба энергетикаи «сабз» муаррифӣ карда, зикр намуданд, ки то соли 2030 ҳадафи афзоиши иқтидори ҷаҳонии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба 11,2 тераватт дар назар аст.

Иброз гашт, ки моҳи июни соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст. Ин иқдом заминаи мусоид барои тақвияти савдои минтақавии неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва таъмини устувории энергетикиро фароҳам овард. Чунин ҳамгироӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ арзёбӣ мегардад.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍51🔥1
РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

09-уми апрели соли 2025, Душанбе. - Таҳти ин унвон дар кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи баналмилалии илмию амалӣ  бо иштироки Давлатзода Қ.Қ., ректори донишгоҳ, Худобахш Ш. О., муовини Вазири энергетика ва захираҳои об, Шерализода Б. А., раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Холиқзода М., роҳбари ширкати “Мавҷи Сабз”, Ниёзӣ С. Р., директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ходимони илм баргузор гардид.

Шарифа Худобахш, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи энергетика ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ рушди назаррас ёфта, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор лоиҳаҳои бузург амалӣ гардидаанд ва гардида истодаанд.


@mewrtj
👍51🔥1
САРФАИ БАРҚ АЗ ГӮШАИ ВИҶДОН АСТ

Тавре аз таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бармеояд, ду воситаи асосии аз норасоии неруи барқ раҳоӣ ёфтанд, пешниҳод мегардад:

1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои истеҳсоли энергия;

2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ.

Бале, пеш аз ҳама, мо бояд иқтидорҳои истеҳсоли барқро афзун намоем, вале мо хуб медонем, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ сохта намешаванд.
Барои ҳамин ҳам, он иқтидорҳоеро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Ин аз ҳамаи кормандон ва мутахассисоне, ки дар манбаъҳои истеҳсоли энергияи барқ, шабакаҳои интиқол ва тақсимот фаъолият мекунанд, инчунин аз истеъмолкунандагон, вобастагӣ дорад.


Яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, ки мақоми ваколатдори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика мебошад, ин назорати самаранок истифода бурдани неруи барқ ва додани тавсияҳо оид ба кам кардани хароҷоти ғайриистеҳсолии қувваи барқ мебошад.

Дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27-уми марти соли 2025 баргузор шуд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин робита Хадамот самти фаъолиятро дар масъалаи истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ таҳким хоҳад бахшид. Мо, аллакай, дар ин бора нақшаҳои мушаххас таҳия намуда, тадбирҳои оҷилиро нақшабандӣ намудаем. Барои оммафаҳм ва дастрас будани чораҳои андешидашуда ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшидем. Таҳия ва нашри муроҷиатномаю буклетҳои ранга ва филмҳои тасвириро ба нақша гирифтаем, то ки ба воситаи онҳо корҳои оммафаҳмониро вусъат диҳем. Дар муҳлатҳои наздиктарин нашри буклет оид ба усули сарфаи энергия ба таври сода ба муштариёни маишӣ дар назар аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфакорӣ мавзуи хеле фарох мебошад. Он дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар рӯзгори мардум аҳамияти хеле калон дорад. Роҳҳои сарфа намудани энергияи барқ гуногун мебошанд. Масалан, барои корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши истиқоматӣ ва равшаннокию реклама дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои маданию фароғатӣ якчанд роҳу усул пешкаш мешаванд, аз ҷумла:
1. Кор карда баромадани меъёрҳои хоси истеъмоли барқи аз ҷиҳати илмӣ асоснок;
2. Татбиқи технологияҳои каммасрафи барқ ва маҳсулнок намудани истеҳсолот;
3. Истифодаи намудҳои алтернативии энергия, аз қабили бод, Офтоб, биогаз ва ғайра;
4. Ташкили дурусти истифода ва дар дараҷаи лоиҳавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истеҳсолии реҷа ва таҷҳизоти энергетикӣ.

УБАЙДУЛЛОЗОДА Ғ. Х.,
сардори Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ

Муфассал

@mewrtj
👍71🔥1