Ҳамватанони азиз!
Бо самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу бузург – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯем.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодиру таърихиест, ки халқи тоҷикро дубора соҳиби давлатдории воқеӣ намуда, роҳи озод ба сӯи пешрафт, рушд ва ободии Ватанро кушод.
Мутаассифона, солҳои нахустини истиқлол кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки талафоти ҷонӣ ва маънавии зиёде ба бор овард. Аммо ин фоҷиаи миллӣ дарси бузурги таърихӣ шуд: сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ пояҳои асосии давлату давлатдорӣ ва заминаи зиндагии орому осоиштаи ҳар як фарди ҷомеа мебошанд.
Бо раҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи матини мардуми шуҷоъи тоҷик, кишвари мо аз гирдоби ҷанг раҳо ёфта, ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Сулҳу суботи комил ба шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар замина гузошт.
Имрӯз Тоҷикистони азиз зери парчами ваҳдату якпорчагӣ, дар фазои оромиву осоиш, бо қадамҳои устувор ба сӯи рушд ва шукуфоӣ пеш меравад. Дар тамоми самтҳо, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳим, пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Мо итминон дорем, ки ҳар як фарди ватандӯст бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати беандоза ба Ватан, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорад.
Бо ин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу амонӣ, хушбахтиву комёбӣ ва ба Ватани азизамон рушду нумӯи бештар таманно дорем.
Иди истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
✅ @mewrtj

❤5👍1👏1🎉1
👍4❤2
09-уми сентябри соли 2025 ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси ноҳия Лашкар Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаю ташкилотҳо, собиқадорон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст, аз масҳсули дасти ҳунармандони деҳоти Барвоз ва таъомҳои миллӣ боздид ба амал овард шуд.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об дар назди ҷамъомадагон баромад карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Роштқалъаро ба ин санаи таърихӣ самимона шодбош гуфт.
Зикр гашт, ки ноҳияи Роштқалъа дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмин намудани рушди он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Иброз гардид, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ 135 банд ба маблағи 685 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки 66 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон маҳаллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Пас аз ба итмом расидани чорабинӣ миёни дастаҳои волейболи ҷамоат мусобиқа баргузор гашт.

- Имсол дар ноҳия дуюмин неругоҳи барқи обии калон дар ВМКБ НБО «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти муҳими соҳаи энергетика иқтидори энергетикии вилоятро 25 фоиз афзоиш дода, маҳдудияти барқро дар соатҳои сарборӣ бартараф месозад ва устувории интиқоли неруи барқро ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар муштариён пурра таъмин менамояд, - гуфт М. Сафарзода.
Иброз гардид, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ 135 банд ба маблағи 685 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки 66 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Бо итминони комил иброз гашт, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Роштқалъа Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро, ки соли оянда фаро мерасад, бо дастовардҳои шоиста, иқдомҳои созанда ва ташаббусҳои ободгарона истиқбол мегиранд ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Дар чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон маҳаллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Пас аз ба итмом расидани чорабинӣ миёни дастаҳои волейболи ҷамоат мусобиқа баргузор гашт.
✅ @mewrtj
👍7❤1🔥1
09-уми сентябри соли 2025, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва ҷараёни корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон шинос гардид.
Муфассал⤵️
Муфассал⤵️
Telegraph
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ НБО «СЕБЗОР»
09-уми сентябри соли 2025, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва ҷараёни корҳои сохтмонии…
👍2❤1⚡1🔥1👏1
Ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ҶСК «Помир Энерҷӣ» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 25-уми августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Раимов Амирхон медали Хизмати шоиста тақдим карда буданд.
✅ @mewrtj
Маросими ҷоизасупорӣ дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров баргузор гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамзия Муборакшоева, сардори бахши ҷалби маблағгузорӣ, Фохир Юсуфбеков, менеҷери лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Себзор» ва Фаромуз Хонҷонов, сардори васлу насби дастгоҳи электромеханикии НБО «Себзор» бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр када шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 25-уми августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Раимов Амирхон медали Хизмати шоиста тақдим карда буданд.
✅ @mewrtj
👍6❤1
11-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти комиссияи ҷамъиятии Вазорат оид ба танзими ҷашну маросим баррасӣ карда шуд.
Муфассал⤵️
Муфассал⤵️
Telegraph
БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТИИ ВАЗОРАТ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ
11-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти комиссияи ҷамъиятии Вазорат оид ба танзими ҷашну маросим баррасӣ карда шуд. Дар ҷаласа Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои…
👍3❤1🔥1🆒1
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Шабакаи барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон Нодиршо Файзализода бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардид.
Мукофоти давлатӣ зимни таҷлили Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба саҳми арзанда ва заҳмати софдилонаи кормандони соҳаи энергетика дар самти таъмини рушду пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандони соҳаи энергетика бо мукофтҳои давлатӣ – Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба саҳми арзанда ва заҳмати софдилонаи кормандони соҳаи энергетика дар самти таъмини рушду пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мебошад.
✅ @mewrtj
👍3❤1🔥1👏1🤝1🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва боэътимоди низоми энергетикӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.
#Тафсилот_дар_навор
✅ @mewrtj
#Тафсилот_дар_навор
✅ @mewrtj
👍4⚡1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
МУСТАНАДИ «ИСТИҚЛОЛИ НУР»
Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филми ҳуҷҷатии нав таҳти унвони «Истиқлоли нур» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Телевизиони «Синамо» дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об рӯйи навор омад. Мустанади мазкур ҳамаҷониба дастовардҳои кишварро дар соҳаи энергетика инъикос менамояд.
«Истиқлоли нур» на танҳо як филми таърихиву иттилоотист, балки рамзи пешрафти соҳаи энергетикаи миллӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар филм ҷараёни татбиқи стратегияи энергетикии миллӣ, бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ, лоиҳаҳои амалигардидаи соҳа ва тадбирҳои Ҳукумати кишвар оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ба таври муфассал нишон дода шудааст.
«Истиқлоли нур» на танҳо як филми таърихиву иттилоотист, балки рамзи пешрафти соҳаи энергетикаи миллӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ин филм ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо раванди сохтмонҳои азим, аз ҷумла НБО «Роғун», ошно гардида, аз талошҳои Ҳукумати мамлакат барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ маълумоти воқеӣ ба даст оранд.
✅ @mewrtj
👍8⚡1❤1
🇹🇯🇯🇵12-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута вохӯрӣ анҷом дод.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewr
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, ба масъалаҳои тавсеаи муносибатҳо дар самти рушди энергетикаи «сабз», татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewr
👍7❤1🤝1