05-уми сентябри соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони “Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар як кӯдак”, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни раёсат дар Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, ба ҳайси Президенти Шӯрои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ҷаласаи махсусро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дастрасӣ ба об ва беҳдошт ҳуқуқи инсон буда, барои саломатӣ ва шаъну шарафи кӯдакон аҳаммияти хоса дорад.
Дар панели итерактивӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои Тоҷикистон тағйирёбии иқлим пешгӯии оянда нест, балки воқеияти имрӯз аст. Пиряхҳои кишвари мо, ки то 60 фоизи манбаи обии Осиёи Марказиро дар бар мегиранд, босуръат коҳиш меёбанд. Ин вазъият боис мегардад, ки дар баъзе мавсимҳо мо бо камбуди об рӯ ба рӯ шавем, дар дигар мавсимҳо бошад, бо селу обхезиҳои харобиовар. Ин равандҳо мустақиман ба устувории системаҳои обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена таъсир мерасонанд.
Вазир илова намуд, ки якҷоя бо ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳо беш аз 200 мактаб ва даҳҳо муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти замонавии санитарӣ ва шабакаҳои боэътимоди об таъмин карда шуданд. Ин хатари бемориҳоро коҳиш дод ва саломатии кӯдакон ва оилаҳоро беҳтар кард.
✅ @mewrtj

- Мо мушоҳида мекунем, ки баландшавии ҳарорат ба сифати оби нӯшокӣ таъсир расонида, хавфҳои санитариро меафзояд. Ҳодисаҳои шадиди обуҳаво инфрасохтореро хароб месозанд, ки 40-50 сол аст фаъолият дорад. Ва мутаассифона, аввалин шуда аз ин ҳолат осебпазиртарин гурӯҳҳо — аҳолии деҳот ва кӯҳистон зарар мебинанд, ки танҳо тақрибан 22% онҳо бо обтаъминкунии марказонидашуда фаро гирифта шудаанд, - таъкид кард вазир.
Вазир илова намуд, ки якҷоя бо ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳо беш аз 200 мактаб ва даҳҳо муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти замонавии санитарӣ ва шабакаҳои боэътимоди об таъмин карда шуданд. Ин хатари бемориҳоро коҳиш дод ва саломатии кӯдакон ва оилаҳоро беҳтар кард.
Ҷаласаи мазкур чорабинии асосии раёсатии кишвар дар UNICEF ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти пешсафӣ ва авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди Рӯзномаи об ташкил гардида, ҳадафи он, пеш аз ҳама, ҷалби бештари ҷонибҳои ҳавасманд ва шарикон ба мавзуи таъмини об ва беҳдошт, алалхусус пайвастани он ба некӯаҳволии кӯдакон ба ҳисоб меравад.
✅ @mewrtj
👍4❤1
📸Гузориши акси аз иштирок ва суханронии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони “Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар як кӯдак”
✅@mewrtj
✅@mewrtj
👍7❤1🆒1
Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади арҷгузорӣ ба меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар татбиқи яке аз лоиҳаҳои тақдирсоз — сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кормандони ширкатҳо ва мутахассисони фаъол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
✅ @mewrtj
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Сарвазири мамлакат кормандони НБО «Роғун»-ро бо ҷашни муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, қтаъкид намуданд, ки қадрдонии кормандон нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳои софдилона ва садоқати онҳо дар роҳи амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ буда, ҳар яки онҳо бо заҳмати содиқона барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
✅ @mewrtj
👍3❤1🔥1
ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ
6-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони сохторҳои соҳавӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Муфассал⤵️

Telegraph
ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ
6-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони…
👍5❤1🎉1
Корхонаҳои соҳаи энергетика – ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҶСК «Барқи Тоҷик» чорабинии тантанавӣ баргузор намуданд.
✅ @mewrtj
✅ @mewrtj
👍6❤1🎉1
Бо мақсади таҷлили шоистаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Помир Энерҷӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
✅ @mewrtj
✅ @mewrtj
👍6❤1