Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
366 subscribers
1.55K photos
131 videos
4 files
370 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
05-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Содиқов Руслан Парвизович – сардори барномаи инфрасохторӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бақоев Манучеҳр – ҳамоҳангсози калони бахшҳо: бахши молия, тағйирёбии иқлим ва энергетикаи Дафтари KFW дар шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда ҳамчун намояндагони шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаи муҳими давлатии Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍6👏21
“ПОМИР ЭНЕРҶИ”. АЗ ЗИМИСТОНИ САРД ТО ДИЛИ ГАРМИ МАРДУМ

Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии “Себзор” тавоноии шабакаҳои барқдиҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имсол ба андозаи 11 мегаватт афзоиш дод. Ин нуктаро Хоҷамир Қурбонбеков, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати “Помир Энерҷи”, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр карда, афзуд, ки ин рӯйдод як қадами қатъӣ ба пеш дар маъракаи омодагии шабакаҳои барқии вилоят ба зимистони дарпешистода ва умуман, дар таъмини аҳолии вилоят бо барқи хушсифат ва боэътимод мебошад.

Муфассал⤵️
👍41
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Ленинобод» трансформатори нави пуриқтидори 40 Мегаволт-ампер насб карда шуд.

Маросими ба кор андохтани он 5-уми сентябри соли 2025 бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода баргузор гардид.


Зеристгоҳи мазкур яке аз иншооти муҳими энергетикии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо неруи барқ таъмин менамояд. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар солҳои охир сарборӣ дар зеристгоҳ афзуда, фаъолияти он ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Насби трансформатори нави пуриқтидор имкон медиҳад, ки эътимоднокии шабакаи энергетикӣ баланд бардошта шавад, талафоти техникӣ коҳиш ёбад ва сатҳи таъминоти боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ беҳтар гардад.


@mewrtj
👍6👏211
05-уми сентябри соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони “Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар як кӯдак”, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни раёсат дар Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, ба ҳайси Президенти Шӯрои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ҷаласаи махсусро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дастрасӣ ба об ва беҳдошт ҳуқуқи инсон буда, барои саломатӣ ва шаъну шарафи кӯдакон аҳаммияти хоса дорад.

Дар панели итерактивӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои Тоҷикистон тағйирёбии иқлим пешгӯии оянда нест, балки воқеияти имрӯз аст. Пиряхҳои кишвари мо, ки то 60 фоизи манбаи обии Осиёи Марказиро дар бар мегиранд, босуръат коҳиш меёбанд. Ин вазъият боис мегардад, ки дар баъзе мавсимҳо мо бо камбуди об рӯ ба рӯ шавем, дар дигар мавсимҳо бошад, бо селу обхезиҳои харобиовар. Ин равандҳо мустақиман ба устувории системаҳои обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена таъсир мерасонанд.

- Мо мушоҳида мекунем, ки баландшавии ҳарорат ба сифати оби нӯшокӣ таъсир расонида, хавфҳои санитариро меафзояд. Ҳодисаҳои шадиди обуҳаво инфрасохтореро хароб месозанд, ки 40-50 сол аст фаъолият дорад. Ва мутаассифона, аввалин шуда аз ин ҳолат осебпазиртарин гурӯҳҳо — аҳолии деҳот ва кӯҳистон зарар мебинанд, ки танҳо тақрибан 22% онҳо бо обтаъминкунии марказонидашуда фаро гирифта шудаанд, - таъкид кард вазир.


Вазир илова намуд, ки якҷоя бо ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳо беш аз 200 мактаб ва даҳҳо муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти замонавии санитарӣ ва шабакаҳои боэътимоди об таъмин карда шуданд. Ин хатари бемориҳоро коҳиш дод ва саломатии кӯдакон ва оилаҳоро беҳтар кард.

Ҷаласаи мазкур чорабинии асосии раёсатии кишвар дар UNICEF ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти пешсафӣ ва авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди Рӯзномаи об ташкил гардида, ҳадафи он, пеш аз ҳама, ҷалби бештари ҷонибҳои ҳавасманд ва шарикон ба мавзуи таъмини об ва беҳдошт, алалхусус пайвастани он ба некӯаҳволии кӯдакон ба ҳисоб меравад.


@mewrtj
👍41
📸Гузориши акси аз иштирок ва суханронии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони “Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар як кӯдак”

@mewrtj
👍71🆒1