Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
363 subscribers
1.49K photos
128 videos
4 files
361 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
2-юми августи соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии “Сомғар-1”, “Хоҷабақирғон-1” (ноҳия Бобоҷон Ғафуров) ва “Марҳам” (Конибодом) шинос шуданд.

Зимни боздидҳо иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳҳои мазкур дар солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд. Бо вуҷуди аҳамияти бузурги ин пойгоҳҳо, дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ниёз ба таҷдид доранд.

Дар баробари ин, истеъмоли неруи барқ аз меъёр зиёд мебошад.

Мақсад аз ташрифи муштарак баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа арзёбӣ гардид.


@mewrtj
👍61
Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хоса медиҳад.

Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (5 август, Туркманистон) иброз доштанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо аз лиҳози ҳиссаи истеҳсоли энергияи “сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.


Татбиқи Стратегияи миллии рушди иқтисоди "сабз”, то соли 2037 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳои созанда сармоягузориҳои зиёд бо шумули технологияҳои пешрафтаи истифодаи босамар ва оқилонаи энергия лозим аст.

Бо дарназардошти ҳампайвандии энергетика ва тағйирёбии иқлим, метавон гуфт, ки рушди энергияи “сабз” як қадами устувору мусбат дар масири ҳифзу беҳбуди иқлим мебошад.


@mewrtj
👍21
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барномаи навбатии "Нурофар"-и Телевизиони "Тоҷикистон" доир ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика таҳия шуда, дар он татбиқи лоиҳаҳои зерин матраҳ гардиданд:

⚡️Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000";

⚡️Лоиҳаи электрофикатсияи деҳот дар вилояти Хатлон;

⚡️Лоиҳаи таҷдиди НБО "Сарбанд" (гидроагрегати 4);

⚡️Лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ";

⚡️Барномаи рушди соҳаи энергетика (Кам намудани талафоти энергияи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара).


Муфассал ⤴️

@mewrtj
1👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚙️Ҷиҳати таъмини сокинони минтақаи Рашт бо неруи барқ, аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе корҳои барқарорсозии хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва техникии зеристгоҳҳои барқиро анҷом дода шуданд.

💡Тадбирҳои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” баҳри баланд бардоштани устувории низоми энергетикӣ ва таъмини талаботи афзояндаи аҳолӣ ба неруи барқ амалӣ гардида, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.


@mewrtj
👍31
Сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" дидан намуд.

Зимни ташриф меҳмонон бо марҳилаҳои татбиқи лоиҳа ва имкониятҳои НБО “Роғун” аз наздик шинос гардиданд.


@mewrtj
1👍1👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Бохтар ҷаласа оид ба баррасии фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ дар давоми ҳафт моҳи соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


@mewrtj
👍311
🇹🇯🇺🇿14-уми августи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии кории вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов баргузор гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб, иборат аз роҳбарон ва мутахассисони баландпояи ширкатҳои энергетикӣ, муассисаҳои марбута ва сохторҳои масъули соҳа, иштирок намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ ҳайати меҳмонони кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатӣ, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика, бо суръат рушд карда, устувор ва пурсамар вусъат меёбанд.


Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табииро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар изҳор доштанд.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍411🔥1
📸Суратгузориш аз мулоқоти кории вазирони энергетикаи ҷумҳуриҳои 🇹🇯Тоҷикистон ва 🇺🇿Ӯзбекистон

@mewrtj
👍711