Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
29 мая под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст.
29 мая под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.
На заседании вначале был заслушан доклад Министра здравоохранения и социальной защиты населения Джамолиддина Абдуллозода о Программе профилактики и контроля онкологических заболеваний в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы.
Было подчёркнуто, что проект постановления Правительства Республики Таджикистан разработан с целью достижения Целей устойчивого развития, отражённых в Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍2❤1
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баёнияи муштарак байни Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси ҶИЭ Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.
Инчунин, 4 санади дигари ҳамкорӣ табодул гардид.
— Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис ҶИЭ;
— Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни ҶСК «Барқи тоҷик» ва Мудирияти ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб»;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни МД «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии ҶИЭ;
— Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани ҶИЭ дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани ҶИЭ.

👍3❤1
ТАШАББУСИ «ОЛАМИ КАБУДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 2.0» ИФТИТОҲ ЁФТ
29-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ» форум баргузор гардид.
Дар кори форум роҳбарияти идораҳои хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, олимон ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум ифтитоҳи расмии ташаббуси «Олами кабуди Осиёи Марказӣ 2.0» («Blue Peace Central Asia 2.0») ва пешбурди мафҳуми пайванди «Об – Энергетика – Хӯрокворӣ – Экосистемаҳо» (WEFE Nexus) ҳамчун асоси самараноки идоракунии фаромарзӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва маблағгузории инноватсионӣ ба ҳисоб рафт.
Маврид ба зикри хос аст, ки форум марҳилаи муҳим дар роҳи ҳалли маҷмуӣ барои дурнамои амнияти иқлим барои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
✅ @mewrtj

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода баромад намуда, аз ҷумла зикр кард: «Осиёи Марказӣ минтақаест, ки дар он об нақши ҳаётан муҳим дорад. Об на танҳо як захираи табиӣ, балки асоси ҳаёт, рушд, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва экологии мост. Об моро ба ҳам мепайвандад — таърихӣ, ҷуғрофӣ ва стратегӣ, ва маҳз ба ҳамин хотир масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ ҳамеша мавқеи марказиро дар муколамаи байнидавлатии минтақа ишғол мекунанд.
Имрӯз, бештар аз ҳар вақти дигар, возеҳ аст, ки рушди устувори Осиёи Марказӣ бе идоракунии самаранок, судманд ва одилонаи захираҳои обӣ ғайриимкон мебошад. Танҳо дар асоси эътимод, шарикӣ ва ҳамраъйии мутақобила мо метавонем потенсиали обии минтақаро ба пояи ояндаи босубот ва амн табдил диҳем».
- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои обӣ дар минтақа аст, масъулияти махсуси худро дарк мекунад ва ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои пешрафти умумӣ арзёбӣ менамояд. Мо ҳамеша ҷонибдори таҳкими ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои ҳамкории обу энергетика будем ва мемонем, - таъкид кард Ҷамшед Шоимзода.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум ифтитоҳи расмии ташаббуси «Олами кабуди Осиёи Марказӣ 2.0» («Blue Peace Central Asia 2.0») ва пешбурди мафҳуми пайванди «Об – Энергетика – Хӯрокворӣ – Экосистемаҳо» (WEFE Nexus) ҳамчун асоси самараноки идоракунии фаромарзӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва маблағгузории инноватсионӣ ба ҳисоб рафт.
Маврид ба зикри хос аст, ки форум марҳилаи муҳим дар роҳи ҳалли маҷмуӣ барои дурнамои амнияти иқлим барои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
✅ @mewrtj
👍3❤1👏1
📸Гузориши аксӣ аз форуми «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ»
✅ @mewrtj
✅ @mewrtj
👍2❤1🔥1👏1