Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
350 subscribers
1.41K photos
119 videos
4 files
348 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
НБО “СЕБЗОР”: АГРЕГАТИ АВВАЛ МОҲИ ИЮН БА ИСТИФОДА ДОДА ХОҲАД ШУД

20-уми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид вазир бо муҳандисон ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, ҷараёни татбиқи корҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, то имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расида, ҷиҳати ба истифода супоридани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 МВт дар моҳи июни соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

@mewrtj
👍72👏1💩1
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ПАЛАТАҲОИ ТИҶОРАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Дар ҳошияи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ вохӯрӣ намуд.


Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об табодули афкор намуда, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби сармояи ширкатҳои Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

@mewrtj
👍61
21-уми майи соли 2025, Рӯшон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз маҳалли сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и «Вомар» дидан кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, лоти якуми он дар моҳи декабри ҳамон сол бо муваффақият ба анҷом расонида шуд. Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар лоти дуюм то охири моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба итмом мерасанд.

Зеристгоҳи мазкур имкон фароҳам меояд, ки сокинони ноҳияи Рӯшон аз шабакаи марказии шаҳри Хоруғ бо неруи барқи устувору босифат таъмин гарданд. Ин иқдом ба коҳиши талафоти барқ мусоидат менамояд.


Ҳамзамон, зеристгоҳи «Вомар» имконият медиҳад, ки неруи барқ ба зеристгоҳи 110 кВ «Даштак» дар ноҳияи Ванҷ низ интиқол дода шавад, ки ин ба таҳкими инфрасохтори энергетикии минтақа аҳамияти калон дорад.

Маблағи умумии лоиҳа 2,9 миллион евроро ташкил дода, иқтидори умумии трансформаторҳои он 8000 кВт дар як соат мебошад.

@mewrtj
👍3🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаҳои навбатии гурӯҳи корӣ вобаста ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид.

Зимни ҷаласаҳо фаъолияти филиалҳои ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт.


Муфассал ⤴️

@mewrtj
👍4🔥1
22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ҳамаи ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаашон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:
«…Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.
Ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад».

22 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем послании поздравил молодёжь и подростков страны с Днём молодёжи, пожелав каждому из них здоровья, удачи и успехов в их созидательном труде во имя развития нашей любимой Родины.

Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул:
«Мы считаем молодёжь огромной силой для достижения созидательных и ориентированных на будущее целей государства и Правительства страны.
Защита независимости и свободы Таджикистана и укрепление основ национальной государственности, которая является одной из наших первых и величайших политических целей, сегодня и в будущем напрямую зависит от патриотической деятельности молодёжи».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҶавонон #ДеньМолодежи #YouthDay

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍31
23-юми майи соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои инфрасохторӣ Чарлз Ҷозеф мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои мавҷуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар самти рушди соҳаи энергетика ва идоракунии захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, масъалаҳои марбут ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи энергетика муҳокима гардиданд.


@mewrtj
👍5
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ҳамватанони азиз ва мухлисону дӯстдорони варзиши футболро ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:
«Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.
Ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад».
25 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем послании поздравил дорогих соотечественников, болельщиков футбола и любителей спорта со Всемирным днем футбола, который отмечается во всём мире по инициативе Таджикистана.

Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул:
«Год назад, 7 мая 2024 года, Генеральная Ассамблея ООН по предложению Таджикистана приняла резолюцию, согласно которой празднование Всемирного дня футбола официально включено в международный календарь.
Этот созидательный шаг является ещё одним свидетельством активной роли и растущего авторитета Таджикистана на мировой арене и его вклада в укрепление общечеловеческих ценностей, включая мир, дружбу, взаимопонимание, солидарность и сотрудничество посредством спорта».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҶаҳонииФутбол #ВсемирныйДеньФутбола #WorldFootballDay

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍4
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Тақвияти таъминоти барқ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб

Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини устувору боэътимоди аҳолӣ бо неруи барқ як қатор чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Айни замон дар ҳудуди ноҳия Неругоҳи барқи обии "Тоҷикистон" ва як неругоҳи барқи офтобӣ фаъолият доранд, ки нақши муҳим дар таъмини неруи барқ доранд.


Илова бар ин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои барқароршавандаэнергия, дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб сохтмони неругоҳи нави офтобӣ идома дорад.


Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон на танҳо сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонад, балки ба рушди устувори минтақа ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мусоидат мекунад.

@mewrtj
👍3👏1
ИДИ МАРЗБОНОНИ ШУҶОВУ ДИЛОВАРИ ТОҶИКИСТОН, ХУҶАСТА БОД!

#28 май — рӯзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мардони далеру шуҷоест, ки бо фидокорӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан, шабу рӯз ҳифзи марзу буми муқаддаси кишварро бар дӯш доранд.

Марзбонони мо рамзи матонат, ҳушёрӣ ва ғайрати миллӣ мебошанд. Онҳо бо иродаи қавӣ ва дили саршор аз меҳри Ватан вазифаи муқаддаси муҳофизати хоки муқаддаси Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.

@mewrtj
👍21
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барномаи навбатии "Нурофар"-и Телевизиони "Тоҷикистон" доир ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика таҳия шуда, дар он татбиқи лоиҳаҳои зерин матраҳ гардиданд:

⚡️Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000";

⚡️Лоиҳаи электрофикатсияи деҳот дар вилояти Хатлон;

⚡️Лоиҳаи таҷдиди НБО "Сарбанд" (гидроагрегати 4);

⚡️Лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ".

@mewrtj
2👍1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Суҳбати ихтисосии корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи "Муколама"-и Телевизиони "Тоҷикистон"

Дар барнома мавзуъҳои зерин баррасӣ гардиданд:

💡Расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ;

💡Ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

💡Барномаи манбаҳои барқароршавандаи энергия;

💡Роҳҳои кам намудани талафоти неру барқ;

💡Такмили қонунгузории соҳаи энергетика ва таҳияи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

💡Таҷдиду азнавсозии зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ.


@mewrtj
👍2🔥1👏1
ЧОРАБИНИҲОЕ, КИ ИМРӮЗ ДАР ҲОШИЯИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО БАРГУЗОР МЕГАРДАНД:

❄️ФОРУМИ 1: Кишоварзӣ дар даврони аз байн рафтани пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ ва обхезиҳо, ҷаббиши карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо

📅 Сана ва вақти баргузорӣ: 29 майи соли 2025, соати 09:00 – 12:00
📍 Ҷойи баргузорӣ: Ҳайатт Риҷенсӣ Душанбе

❄️ФОРУМИ 2: Форуми байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо

📅 Сана ва вақти баргузорӣ: 29 майи соли 2025, соати 09:00 – 12:00
📍 Ҷойи баргузорӣ: Маркази Ош

❄️ФОРУМИ 3: Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ

📅 Сана ва вақти баргузорӣ: 29 майи соли 2025, соати 09:30 – 15:00
📍 Ҷойи баргузорӣ: Ожонси гидрометеорологияи Тоҷикистон

❄️ФОРУМИ 4: Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Даҳсолаи амалҳо
дар соҳаи илмҳои криосфера, 2025–2034

📅 Сана ва вақт: 29 майи соли 2025, соати 14:00 – 17:30
📍 Ҷойи баргузорӣ: Меҳмонхонаи Серена, шаҳри Душанбе

❄️ФОРУМИ 5: Муколамаи сатҳи вазирон оид ба устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкории обӣ

📅 Сана ва вақт: 29 майи соли 2025, соати 14:00 – 17:30
📍 Ҷойи баргузорӣ: Ҳайатт Риҷенсӣ Душанбе, Толори Бузург (Гранд Болрум)

❄️ФОРУМИ 6: Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ баҳри устувории иқлим ва об дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ

📅 Сана ва вақт: 29 майи соли 2025, соати 08:30 – 17:30
📍 Ҷойи баргузорӣ: Меҳмонхонаи Ҳилтон Душанбе

❄️ФОРУМИ 7: Ба сӯи идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ: нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсими об

📅 Сана ва вақт: 29 майи соли 2025, соати 09:00 – 17:00
📍 Ҷойи баргузорӣ: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Толори №306

❄️ФОРУМИ 8: Форуми занон оид ба ҳифзи пиряхҳо

📅 Сана ва вақт: 29 майи соли 2025, соати 09:00 – 14:30
📍 Ҷойи баргузорӣ: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Толори марказӣ

@mewrtj
4👍3🔥1
29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст.

29 мая под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.

На заседании вначале был заслушан доклад Министра здравоохранения и социальной защиты населения Джамолиддина Абдуллозода о Программе профилактики и контроля онкологических заболеваний в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы.
Было подчёркнуто, что проект постановления Правительства Республики Таджикистан разработан с целью достижения Целей устойчивого развития, отражённых в Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍21