Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
350 subscribers
1.41K photos
119 videos
4 files
347 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

18-уми майи соли 2025, Душанбе. – Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.


Ин иқдом дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ, мустаҳкам намудани тандурустии аҳолӣ ва таҳкими арзишҳои ҳаёти солим мебошад.

@mewrtj
👍3👏31
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ҚАТЪИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТА БА ПУРЗӮР НАЗОРАТ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

17-уми май, ноҳияи Данғара, Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон

@mewrtj
👍1🔥1
Давоми солҳои охир тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷуҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз таъсири тағйирёбии иқлим дар канор намондааст, бахусус бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, дар панҷоҳ соли охир аз 14509 пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях комилан об шудааст. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои кишвар то 20-25 фоиз кам мешавад.

Шакли пурраи мавод

@mewrtj
👍5🔥1👏1
НБО “СЕБЗОР”: АГРЕГАТИ АВВАЛ МОҲИ ИЮН БА ИСТИФОДА ДОДА ХОҲАД ШУД

20-уми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид вазир бо муҳандисон ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, ҷараёни татбиқи корҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, то имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расида, ҷиҳати ба истифода супоридани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 МВт дар моҳи июни соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

@mewrtj
👍72👏1💩1
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ПАЛАТАҲОИ ТИҶОРАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Дар ҳошияи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ вохӯрӣ намуд.


Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об табодули афкор намуда, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби сармояи ширкатҳои Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

@mewrtj
👍61
21-уми майи соли 2025, Рӯшон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз маҳалли сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и «Вомар» дидан кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, лоти якуми он дар моҳи декабри ҳамон сол бо муваффақият ба анҷом расонида шуд. Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар лоти дуюм то охири моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба итмом мерасанд.

Зеристгоҳи мазкур имкон фароҳам меояд, ки сокинони ноҳияи Рӯшон аз шабакаи марказии шаҳри Хоруғ бо неруи барқи устувору босифат таъмин гарданд. Ин иқдом ба коҳиши талафоти барқ мусоидат менамояд.


Ҳамзамон, зеристгоҳи «Вомар» имконият медиҳад, ки неруи барқ ба зеристгоҳи 110 кВ «Даштак» дар ноҳияи Ванҷ низ интиқол дода шавад, ки ин ба таҳкими инфрасохтори энергетикии минтақа аҳамияти калон дорад.

Маблағи умумии лоиҳа 2,9 миллион евроро ташкил дода, иқтидори умумии трансформаторҳои он 8000 кВт дар як соат мебошад.

@mewrtj
👍3🔥1