Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
343 subscribers
1.4K photos
117 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
🇹🇯🇮🇷 Гузориши аксӣ аз рафти ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Форуми сармоягузориву соҳибкорӣ, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Shiraz Grand Hotel»-и шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

@mewrtj
👍81🔥1
02-юми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулон, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот тамоми имкониятҳо мавҷуда сафарбар гардидааст.
Айни замон, 80 дарсади корҳоисохтмонӣ ба анҷом расониданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар ҷараёни боздид ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ, ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникӣ қатъиян риоя гардад.


Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍611👏1
ДИҚҚАТ!!! ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

🔹Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой,

🔹Мудири бахши иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой,

🔹Сармутахассиси шуъбаи ба ҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ – 1 ҷой,

🔹Сармутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат – 2 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари бахши котибот – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати электроэнергетика – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой,


📌Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.

☎️Телефон барои тамос 235-97-68,
mewr.tj, e-mail: [email protected]

Муфассал

@mewrtj
👍4🔥1😐1🆒1