Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
343 subscribers
1.4K photos
117 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.


Дастуру тавсияҳои мушаххас доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дода шуд.

@mewrtj
👍4🔥1👏1
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025, №1029, Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ – яке аз кадрҳои лаёқатманду соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика ва дастпарварони Вазорати энергетика ва захираҳои об директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Сорбон Холмуҳамадзода аз соли 2011 то соли 2022 дар мансабҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори раёсат ва сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи июни соли 2022 то моҳи марти соли 2024 дар мансаби муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи марти соли 2024 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Маврид ба зикр аст, ки Сорбон Холмуҳамадзода Донишгоҳи энергетика ва алоқаи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (магистратура)-ро ихтисосҳои электроэнергетика ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар энергетика хатм карда, номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Ба Сорбон Холмуҳамадзода дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.

@mewrtj
👍931👏1🆒1
🇹🇯🇮🇷05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири неруи  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз ифтитоҳ ёфт.

Вазири энергетика ва захираҳои об нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми дӯсту бародари доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари «Шаҳид Раҷоӣ»-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.

Дар идома вазир аз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-17-уми январи соли 2025) ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт: "Зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд Роҳбарони Олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ ва дар робита ба рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд".


Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.

Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо  мавриди баррасӣ қарор доданд.


Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍31🔥1👏1
🇹🇯🇮🇷05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа баромад намуда, барои пазироии гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба ҷониби эронӣ изҳори сипос кард.

Вазири энергетика ва захираҳои об иброз дошт, ки бо талошҳои сарварон давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҳамкорӣ миёни ду кишвари баҳам дӯсту бародар рушду тавсеа меёбанд.


Дар доираи Форум сармоягузориву соҳибкорӣ боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Неругоҳи барқии «Ҳофиз» ва Гурӯҳи ширкатҳои саноатии «Fateh Industry Holding Co.» ба нақша гирифта шудааст.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍51🔥1👏1
🇹🇯🇮🇷 Гузориши аксӣ аз рафти ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Форуми сармоягузориву соҳибкорӣ, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Shiraz Grand Hotel»-и шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

@mewrtj
👍81🔥1
02-юми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулон, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот тамоми имкониятҳо мавҷуда сафарбар гардидааст.
Айни замон, 80 дарсади корҳоисохтмонӣ ба анҷом расониданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар ҷараёни боздид ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ, ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникӣ қатъиян риоя гардад.


Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍611👏1