Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
339 subscribers
1.39K photos
116 videos
4 files
345 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МУҲТАРАМ ҶУМЪА ДАЛЕР ШОФАҚИР!

Бо камоли эҳтиром ва самимият, аз номи кулли кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об Шуморо муҳтарам Далер Ҷумъа ба муносибати рӯзи мавлудатон самимона шодбош гуфта, дар ин лаҳзаҳои пурнишот бароятон саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон фатҳи уфуқҳои навро таманно менамоем.

Бигзор сафои рӯзгоратон ҳамеша чун субҳи беғубори баҳор бошаду комёбиҳо мисли чашмаҳои кӯҳистон ҷӯшон ва иқболи нек чун офтоби дурахшон нурпошӣ намояд.

Заҳматҳои Шуморо дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои об қадр намуда, орзумандем, ки саъю кӯшишҳои пайвастаатон барои боз ҳам тараққӣ ёфтани ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ҷомаи амал пӯшанд.

Муҳтарам Далер Ҷумъа, бори дигар дар ин рӯзи фараҳбахшу фаромӯшнашаванда ба Шумо ва аъзоёни оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно менамоем.

@mewrtj
👍20🎉21🔥1👏1🕊1💯1
28-уми марти соли 2025, Душанбе. –  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Engineering Group Со., Ltd.» (СЕЕС) Cюэ Данфэн вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани дониши касбӣ-техникии кормандони соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, вобаста ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика рӯнамо манзур гардид.

Иброз гашт, ки СЕЕС миёни 500 ширкати бузурги ҷаҳонї дар мавқеи 269-ум буда, айни замон лоиҳаҳоро дар 140 кишвар татбиқ намуда истодааст.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

@mewrtj
👍31🔥1
🇹🇯 🇺🇳 Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҳошияи иштирок дар Ҳафтаи идоракунии захираҳо-2025 (24-28-уми март, Женева) бо муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Мариясин мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) дар самти рақамикунонии соҳа, энергетикаи «сабз», таснифи  захираҳои минералӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

@mewrtj
👍41🔥1
🌙Фарорасии иди сайиди Фитр ба кулли ҳамватанон муборак бошад!

Дар ин рӯз ба Шумо тандурустӣ, рӯзгори ободу осуда ва ба кишвари азизамон сулҳу ваҳдат ва рушди устуворро орзумандем.


@mewrtj
👍61🔥1
ХАТТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ 500 КВ «ДАТКА -СУҒД»-И ЛОИҲАИ CASA-1000

🇹🇯 🇰🇬Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.


Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.


@mewrtj
👍71🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
МАРОСИМИ БАИСТИФОДАДИҲИИ ХАТТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ 500 КВ «ДАТКА -СУҒД»-И ЛОИҲАИ CASA-1000

@mewrtj
👍51🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 🇰🇬Гузоришҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев ба сарони давлатҳо оид ба қабул ва интиқоли неруи барқ дар хатти интиқоли барқи 500 кВ "Датка-Суғд"

@mewrtj
👍61🔥1
Аксҳои хотиравӣ аз маросими баистифодадиҳии хати интиқоли барқи 500 кВ "Датка-Суғд"

31.03.2025 (н. Деваштич, в. Суғд)

@mewrtj
👍61🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 🇰🇬 Маросими тантанавии баистифодадиҳии хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд» дар доираи лоиҳаи CASA-100

🇹🇯 🇰🇬Торжественная церемония запуска линии электропередачи 500 кВ «Датка-Согд» в рамках проекта CASA-1000

🎥Навор аз АКИpress

@mewrtj
👏71👍1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли неруи барқи «CASA-1000» аз А то Я

🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰Региональный проект линии передачи электроэнергии «CASA-1000» от А до Я

🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰 The regional electricity transmission project «CASA-1000» from A to Z

@mewrtj
👍51👏1
1-уми апрел дар кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ноҳияи Роштқалъа нақшаро 100 фоиз иҷро намуд.


@mewrtj
👍2🔥1👏1
С 29 по 31 мая 2025 года в Душанбе пройдет Международная конференция высокого уровня по сохранению ледников, сообщает секретариат конференции.

Её цель — подчеркнуть ключевую роль ледников в поддержании глобального экологического баланса и решении водных проблем.

По данным источника, конференция направлена на повышение осведомленности о критической связи между ледниками и устойчивым социально-экономическим развитием.

«В центре внимания будут вопросы, касающиеся влияния сохранения ледников на средства к существованию, доступности водных ресурсов, снижения климатических рисков, учета знаний и опыта коренных народов, а также достижения долгосрочных целей развития для уязвимых регионов и населения. Таяние ледников — одна из самых острых экологических проблем современности. В результате изменения климата уже утрачено около трети горного льда, этот процесс продолжится, если не принять срочные меры по его замедлению. Сокращение ледников нарушает местные и сезонные запасы воды, которые необходимы для питьевого водоснабжения, ирригации и гидроэнергетики, от которых зависят миллиарды людей. Это оказывает прямое влияние на сельскохозяйственную продуктивность, продовольственную безопасность и энергетическую стабильность, особенно в регионах, зависящих от ледникового стока. Согласно прогнозу Гималайской оценки Гиндукуша, к концу века этот регион может потерять до двух третей своих ледников. В Таджикистане за последнее столетие исчезло около 30 % ледников. Крупнейший континентальный ледник мира — Ванджях (бывший Федченко) — за последние 70-80 лет отступил более чем на 1 км и уменьшился на 44 км². В других частях мира также наблюдаются экстремальные последствия таяния ледников. Так, в Бразильской Амазонии, питаемой Андскими ледниками, зафиксирована сильная засуха, а катастрофические паводки и оползни, вызванные ускоренным таянием льда, обрушились на страны от Германии до Перу и Непала», — сообщили в секретариате.


Подробнее

@mewrtj
👍2🆒1
2-юми апрели соли 2025, Қазон (Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2025» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв ширкат доштанд .

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар сухани ифтитоҳии худ вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сухан ронд.

– Ин форум на танҳо як платформаи муҳими баҳсу баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи энергетика мебошад, балки марҳилаи муҳим дар ташаккули назари нав ба ояндаи технологияҳои энергетикӣ, рушди устувор ва навоварӣ ба шумор меравад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.


Сипс, иштирокдорон аз намоишгоҳи «KazanEnergyExpo» дидан намуданд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍31🔥1