Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
⚡️Мақомот дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз аввали соли 2025 то имрӯз 31 нуқтаи савдо дар кӯчаҳоро барҳам додаанд.

Дар ин бора саҳифаи “Фейсбук”-и нашрияи “Паёми Душанбе” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кор бо мақсади иҷрои қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани савдо дар ҷойҳои муқаррарнашудаи ҳудуди пойтахт анҷом шудааст.

📸: "Паёми Душанбе"

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эҳтимол давоми соли равон арзиши таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ дар кишвар баланд шаванд. Дар ин бора дирӯз, 5 феврал, Сафаралӣ Қурбонзода муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод.

📑Ӯ гуфт, ин пешниҳод аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид гардида, пас аз баррасӣ дар ниҳодҳои марбута, ба ҳукумати кишвар фиристода шудааст.

Ҳоло хулосаи ҳукумат ба ин пешниҳод маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нашудааст, ки “Барқи тоҷик” чанд пул зиёд кардани нархи барқро 💡 пешниҳод кардааст.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Имсол таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе қариб як моҳ идома мекунад.

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.


Дар барнома чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва озмуну фестивалҳо дар қисмҳои ҳарбӣ дар назар аст. Аз ҷумла, рӯзҳои 21-22-юми феврал чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ – ҳомии марзу бум” дар сатҳи шаҳрӣ ва дар чор ноҳияи пойтахт гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, дар доираи ин барнома баргузории мизҳои мудаввар бо унвони “Ҳимояи Ватан – қарзи муқаддас” дар давоми моҳ дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин давра барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва ҷавонони синни даъватӣ саёҳат ба қисмҳои ҳарбӣ ташкил мешавад. Дар идома дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барномаҳои ҷашнӣ ва консертҳо бо оростани дастархони идона баргузор хоҳанд шуд.

Инчунин, гуфта мешавад, ки рӯзҳои 17-22 феврал байни афсарон, сарбозон ва ҷавонон фестивали дӯстӣ, ки бештар ҷанбаи варзишӣ дорад, баргузор гардад. Дар ин фестивал миёни қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо доир мегарданд.

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, ки дар ин давра баргузории фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар робита ба гузаштани паради ҳарбӣ ҳоло маълумоте дастрас нест.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Хадамоти зиддиинҳисорӣ “монополист”-и бозори сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро гуфт

💬 “Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт

💬 Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст

💬 “Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ

💬 Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад

💬 Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст

💬 Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?

💬 Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шудааст

💬 Пешвои нави исмоилиҳои ҷаҳон эълон шуд

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
❄️Вазъи обу ҳаво барои 7 феврал тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ

⛅️Дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво +15...+17°C

⛅️Дар шаҳри Хоруғ ҳавои тағйирёбандаи пешгӯӣ шуда, рӯза барф меборад. Ҳарорати ҳаво +1...+3°C

⛅️Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво +8...+10°C

⛅️Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ва тормеғ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +12...+17°C, дар ноҳияҳои кӯҳӣ +5...+10°C
---------
💫Vegapharm
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2025
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Пулиси Душанбе аз боздошти ду сокини пойтахт хабар дод, ки ба дуздии беш аз 30 ҳазор сомонӣ гумонбар мешаванд.

Раёсати ВКД дар Душанбе аз онҳо Муҳамадалӣ Воҳидов ва Шуҳратулло Ғафуров ном бурдааст.


Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо шаби 28-уми январи соли ҷорӣ вориди хонаи як сокини кӯчаи Чинор Имомовии шахри Душанбе гардида, аз он ҷо 32 ҳазор сомониро рабудаанд.

Манбаъ ҷузъиёте бештаре аз ин воқеа надодааст, танҳо навиштааст, ки боздоштшудаҳо қаблан суд шудаанд - яке бо гумони ғоратгарӣ ва дигаре бо иттиҳоми дӯздӣ.

“Такроран содир намудани ҷиноят ҷурми онҳоро дар назди қонун вазнинтар мегардонад”, - гуфтааст пулиси Душанбе.

Мақомот мегӯянд, ҳоло ҳарду боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва алайҳашон бо гумони дуздӣ (моддаи 244 КҶ) парванда боз шудааст. Бар асоси ин банди қонун ба гумонбарон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маълум нест, ки худи онҳо ва наздикону пайвандонашон дар робита ба ин қазия чӣ назар доранд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба наздикӣ кормандони Оҷонсии рушди байналмиллалии ИМАРО (USAID)-ро тақрибан 97 дарсад кам мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 10 ҳазор корманди ин Оҷонсӣ дар саросари ҷаҳон танҳо 300 нафар кори худро нигоҳ хоҳанд дошт.


Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🎓Беш аз 42 ҳазор тоҷикистонӣ дар хориҷа таҳсил мекунанд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли гузашта бар асоси стипендияи байналмилалии президентии "Дурахшандагон" 1 ҳазору 460 донишҷӯи тоҷикистонӣ ба 18 кишвари хориҷӣ барои таҳсил фиристода шудаанд.


Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар умум 42 ҳазору 376 шаҳрванди Тоҷикистон дар 42 кишвар таҳсил мекунанд.

Хамчунин, ба иттилои Вазорати маъорифи кишвар, дар Тоҷикистон 7 ҳазору 237 донишҷӯ аз 35 кишвар дониш меомӯзанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇺🇿🇷🇺 Ӯзбекистон ва Русия дар бораи ташкили имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон дар Тошканд мувофиқа кардаанд.

Бар асоси ин тавофуқ, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон метавонанд барои гирифтани иҷозати иқомат ва кор дар Русия дар кишвари худ имтиҳони забони русиро супоранд.

Дар ин бора Оҷонсии муҳоҷирати Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, др айни ҳол, механизми баргузории имтиҳон таҳия мешавад.

Гуфта мешавад, ин тасмим дар як вохӯрии мақомоти Ӯзбекистон ва Русия дар Маскав қабул шудааст.

Илова бар ин, дар вохӯрии намояндагони ду тараф масъалаи соддагардонии тартиби гирифтани иҷозатномаи кор (патент) барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки мехоҳанд муваққатан дар Русия кор кунанд, баррасӣ шудааст.

Дар акс: муҳоҷирон дар навбат барои супоридани имтиҳони забони русӣ дар Санкт-Петербург

📸: Радиои Озодӣ

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Рӯзи 5-уми феврал дар Душанбе Хуршед Мирзо, директори Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом додаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои “соҳаи технологияҳои иртиботӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии инноватсия ва гузариши рақамӣ, инчунин ҳамкории муштарак байни паркҳои технологӣ (IT паркҳо)”-ро баррасӣ кардаанд.

Ҷузъиёти бештари ин мулоқот нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки барои рушди ҳамкорӣ бо Оҷонсии навоварӣ ва фановарии рақамии Тоҷикистон ҳама вақт омода аст.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки масъалаҳои баррасигардидаро пайгирӣ карда, тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM