Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.77K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, китоби тавсиявии либосҳои миллиро омода кардаанд, ки аз 16 боб иборат аст ва ба зудӣ ба нашр мерасад.

Ба гуфтаи Хуршед Низомӣ, сардори раёсати муассисаҳои фарҳангии вазорат ва таҳиягари ин китоб, он танҳо характери тавсиявӣ дорад.

Ӯ афзуд, ки дар ин китоб пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дар ҷашну маросим тавсия мешавад.

Бештар дар навори мо бинед.

Бояд гуфт, манъ гардидани воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо соли гузашта баҳсҳои зиёдро ба бор оварда буд.

Ин маҳдудият ҳам моҳи майи соли 2024 дар асоси моддаи 18-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ҷорӣ шуд, вале масъулин истилоҳи “либоси бегона”-ро ба таври гуногун шарҳ доданд.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, дар нишасти матбуотии қаблии вазорат кӯтоҳ гуфта буд, “либоси аврупоӣ ба фарҳанги мо бегона аст”.

Ӯ он вақт гуфта буд, ки ин мавзуъ дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон низ баррасӣ шуд ва китобе ҳам дар ҳоли нашр шудан аст.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин ниҳод барои маҳдуд кардани пахши суруди сарояндагон ягон рӯйхати "сиёҳ" вуҷуд надорад ва суруди ҳар сароянда, ҳатто дар хориҷ ҳам бошад, пахш мешавад.

"Масалан, дар телевизиони "Сафина", ки ман қаблан роҳбари он будам, суруди тамоми сарояндагон метавонад пахш шавад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси нави Кумита, пахши суруди сарояндаҳо аз нафароне вобаста аст, ки барнома таҳия мекунанд ва онҳо касеро хоҳанд, интихоб мекунанд.

Дар Тоҷикистон чанд сол инҷониб баҳси мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” барои овозхонони тоҷик вирди забонҳо мечархад.

Телевизион ва радиоҳои давлатӣ садову симои бархе чеҳраҳои шинохтаи санъатро пахш намекунанд.

Сарояндагон аз мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” нигаронӣ доранд, вале масъулин мегӯяд, “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад, пул диҳанд - минбар медиҳем”.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Соли 2024-ум дар Тоҷикистон 15 ҳолати зӯроварии хонаводагӣ ва поймолкунии ҳуқуқи занон сабт шудааст.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфт, аз ин шумора, 6 ҳолат дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои ин ҳолатҳо чораҳо андешида шудаанд, ки ба ҳимояи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила равона шудааст.

Вале мушаххас нагуфт, ки дар ин робита чӣ чораҳо андешида шудааст.

Бобозода таъкид кард, ки ҳимояи ҳуқуқи занон яке аз самтҳои калидӣ дар фаъолияти идораи ӯ боқӣ мемонад.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия беш аз 10 бор ба ҳамтои руси худ Татяна Москалкова мактуб равон кардааст, вале ӯ танҳо ба номаи охирон посух гуфтааст.

Ҳамтои русаш дар посухи мактуби охир ба онҳо ваъда додааст, ки "аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дифоъ хоҳад кард". Аммо чӣ гуна, маълум нест.

Ӯ гуфт, ки нашри наворҳои зиёди муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нақзи ҳуқуқашон сабаб шуд, ки вай ба ҳамтои руси худ дархост фиристода, аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят канад.

Бояд гуфт, Бобозода моҳи октябри соли 2024 бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ дар ин нома аз Татяна Москалкова хоста буд, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия таваҷҷуҳ кунад ва ин масъаларо зери назорат гирад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар бораи муҳоҷирон боз чӣ гуфт? Дар навори мо бинед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Бинои Театри миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлол кишвар (соли 2026) ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг зимни нишасти матбуотии имрӯз хабар дода, гуфт, ки ҳоло корҳои сохтмонии театр идома дорад ва мутахассисони вазорат ба рафти кори он аз наздик ошно гарда, фикрҳои худро дар мавриди истифодаи техникаҳои овозӣ ва дигар маводҳои техникӣ ба сохтмончиён гуфтаанд.

Бояд гуфт, ки сохтмони Театри миллӣ дар Душанбе соли 2015 оғоз шуда буд.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радио чанд камбуди соҳаро номбар кард.

Ба гуфтаи ӯ норасоии кадрҳои техникӣ ва идеяҳои ҷолиб надоштани кормандони телевизион ва радио ду мушкилӣ асосии соҳа аст. Носир Саид дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин аз набудани "рӯйхати сиёҳ" ва барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои кишвар суҳбат кард.

Дар нишасти кумитаи телевизион ва радио боз чиҳо гуфтанд? Дар ин бора давоми рӯз дар сомона ва саҳифаҳои Азия-Плюс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Корбарони гиромӣ!

📆 Аз 27-уми январ нишастҳои матбуотии солона дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон оғоз шуданд. Ин як имкони хубест, ки рӯзноманигорон бевосита ба нафарони аввали ниҳодҳо савол диҳанд. Акнун, шумо ҳам метавонед тавассути мо – хабарнигорони "Азия-Плюс" ба рорҳбарону ваззорату идораҳо савол диҳед.

Мо ҳар рӯз дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ниҳодҳое, ки рӯзи дигар нишаст мегузаронанд, нашр мекунем, то огоҳ бошед ва саволҳои худро пешниҳод кунед.

Ҳайати таҳририяи "Азия-Плюс" аз миёни саволҳо муҳимтарин ва мубрамтаринашро барои пешниҳод ба мансабдорон интихоб мекунанд.

Рӯзи сешанбе, 28-уми январ ниҳодҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд:

🏛Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

🏢 Саридораи геология;

Саволҳои худро дар шарҳ нависед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин ниҳод барои маҳдуд кардани пахши суруди сарояндагон ягон рӯйхати "сиёҳ" вуҷуд надорад ва суруди ҳар сароянда, ҳатто дар хориҷ ҳам бошад, пахш мешавад. "Масалан, дар телевизиони…
⚡️Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радио имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори "Азия-Плюс" дар мавриди кам будани барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳо ин ҳолатро ро тасдиқ карда, гуфт, дар ин самт мушкил зиёд аст.

Ба гуфтаи ӯ, телевизионҳо омодаанд, ки бо ҳаҷвнигорони ҳирфаӣ ҳамкорӣ кунанд, вале дар ду соли охир бо вуҷуди муроҷиат ба ҳаҷвнигорон то ҳол ба мувофиқа нарасидааанд. Кумита имсол низ ният дорад, ба ҳаҷвнигорон дар бораи ҳамкорӣ гуфтугӯ кунад.

Дар ин ниҳод лозим будани маблағ барои додан ба ҳаҷвнигоронро низ таъкид карданд, аммо мушаххас гуфта нашуд, ки имкони пардохти онро доранд, ё не.

Носир Саид дар идома гуфт, як муддат дар телевизиони "Сафина" барномаи ҳаҷвии "Шодиёна" бо иштироки ҳунармандони Суғд намоиш дода мешуд. Аммо нагуфт, ки он кай ва чаро қатъ шуд.

Раиси телевизиони "Тоҷикистон" Самандар Искандарзода гуфт, ин шабака аллакай бо гурӯҳи ҳаҷвии "Лаҳзаҳои гуворо" шартнома бастааст ва аз ҳафтаи оянда саҳнаҳои ҳаҷвии онҳо нишон дода мешаванд. Ҳамчунин ӯ илова кард, ки бо маҳфили "Зарифон" низ корро оғоз мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Нуриддин Саид, раиси пешини Кумитаи телевизион ва радио ҳам эътироф карда буд, ки “дар телевизионҳои тоҷик саҳнаҳои ҳаҷвӣ нестанд ва дар ин самт камбудӣ эҳсос мешавад”.

Ӯ гуфта буд, ин кумита “борҳо бо ҳаҷвнигорон сари ин масъала сӯҳбат кардааст, вале ба мувофиқа нарасидааст”.

Бояд гуфт, чанд соли охир дар чорабиниҳои расмӣ ва телевилионҳои давлатӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта намешаванд.

Ҳаҷвнигорон нигаронӣ доранд, ки онҳоро даъват намекунанд, соҳибназарон мегӯянд, муҳтавои пасти саҳнаҳои ҳаҷвӣ сабаби аслии дур шудани ҳаҷв аз чорабиниҳои расмӣ ва телевизионҳои давлатӣ гардидааст. Баҳси мазкурро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇧🇾Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Александр Лукашенко ӯро ба муносибати дигарбора раисҷумҳури Беларус интихоб гардиданаш табрик гуфтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубе, ки имрӯз равон кардааст, гуфтааст, ки “натиҷаҳои овоздиҳии анҷомёфта ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар он эътимод ва ҷонибдории ҷомеаи Беларус” ба Александр Лукашенкоро собит месозад.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, бовар дорад, бо талошҳои муштарак минбаъд ҳам ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус хуб боқӣ мемонад.

Дар анҷоми ин нома раисҷумҳури Тоҷикистон ба Александр Лукашенко саломативу комёбӣ таманно кардааст.

Бояд гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Беларус 26-уми январ баргузор шуд. Тибқи иттилои пешакӣ, Александр Лукашенко бо бо ба даст овардани 86,82 дарсади овози интихобкунандагон пирӯз шудааст. Ҳамин тариқ, Лукашенко барои бори ҳафтум раисҷумҳур интихоб гардида, раҳбарии худро ба се даҳсола мерасонд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Беларусро Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар то 5-уми феврал эълом мекунад.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📣Дӯстони гиромӣ! "Азия-Плюс" ба муносибати "Рӯзи туҳфаи китоб" (14 феврал) иқдоми хайриявӣ эълон мекунад. Мо ният дорем дар ин рӯз барои муассисаи ислоҳии кӯдаконаи Душанбе китоб туҳфа кунем.

Чанде пеш мо аллакай чунин иқдоми некро амалӣ карда будем.

Шумо низ метавонед ба иқдоми мо ҳамроҳ шавед.

📍Китобҳои худро метавонед ҳар рӯз аз соати 8:00 то 18:00 ба идораи мо воқеъ дар к. М. Турсунзода 14/21, ошёнаи 2 биёред.

Чӣ гуна китобҳоро овардан мумкин аст?

📚Китобҳои бадеӣ, аз ҷумла аз адабиёти бачагона, маҷаллаҳо ва китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ.

📓Шумо метавонед ҳам китобҳои нав ва ҳам куҳнаеро, ки худатон аллакай хондаед, туҳфа кунед.

✏️Ҳамчунин, барои кӯдакон метавонед қаламу дафтар, қаламҳои ранга, албом ва дигар лавозимоти канселяриро биёред.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM