🇹🇯 Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир бахшида ба 33-умин солгарди истиқлолият як зиёфати расмӣ ва намоишгоҳи фарҳангӣ ташкил намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумати Британия, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳо, дипломатҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва ВАО, инчунин ҳамватанони муқими Британияи Кабир иштирок доштанд.
Бо @asiaplustj бошед.

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид.
Дар он профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир ва олимону донишмандони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронси мазкурро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақш ва эҷодиёти мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар ҷаҳони ислом сухан гуфт.
Ин конфронс ду рӯз, 12-13 сентябр давом хоҳад кард.
📷: аз Суҳроб Зиё

Гурӯҳи эҷодии “Ӯзбекфилм” барои санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ва омода намудани либосу реквизитҳо ба Тоҷикистон омадаанд.
Санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо 10-уми сентябр дар “Тоҷикфилм” оғоз гардида, то 13-уми сентябр идома меёбад.
Дар назар аст, ки наворбардории филми ҳунарии муштараки мазкур соли 2024 шурӯъ шуда, то соли 2025 давом мекунад.

💰Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Аз соли оянда ҷоизапулӣ барои ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” як баробар зиёд мешавад. Ҳамакнун ғолибони ин се озмун баъди зиёд шудани мукофотпулиҳо чӣ қадар маблағ ба даст меоранд, дар тасвирбаёнҳо бубинед.

Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
ASIA-Plus

Шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт иштирок доранд ва бозиҳои худро бо ғалабаҳои боварибахш оғоз намуданд.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ

Имрӯз, 12-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба минтақаи Рашт дар ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод чанд иншооти навро ифтитоҳ карда, аз ҷараёни кори татбиқи чанд лоиҳа шинос шуд ва бо роҳбарону фаъолони ҳарду ноҳия мулоқот кард.
Forwarded from Радио Азия-Плюс
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#фурсатидонистан
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📗📚Ба ифтихори 80-солагии Кароматулло Олимов, академики тоҷик шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии ӯро таҳияву интишор кардааст.
Дар ин бора гурӯҳи фейсбуки "Китобдор" хабар дода, менависад, ки 13-уми сентябр, соати 10:00, дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии китоби мазкур доир мегардад.
Бояд гуфт, ки китобнома фарогири адабиёт доир ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву эҷодӣ ва адабии Кароматулло Олимов буда, дар асоси захираҳои Китобхонаи миллӣ, Хонаи китоби Тоҷикистон, бойгонии шахсии олим ва маълумоти интернет таҳия шудааст.
Гуфта мешавад, ки он 1 ҳазору 231 маводи чопию электронии солҳои 1962-2024-ро фаро мегирад.

Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
ASIA-Plus
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Имрӯз, 12-уми сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид.