Азия-Плюс TJ
27.2K subscribers
11.5K photos
2.75K videos
1 file
19.5K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Чанд ҷавони тоҷик дар хориҷ таҳсил мекунад?

41 ҳазору 200 ҷавони тоҷик берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин бора Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Дар сегонаи аввал Русия – беш аз 33 ҳазор донишҷӯ, Чин - 2 ҳазор 900 донишҷӯ ва Қазоқистон - 970 донишҷӯ қарор доранд.

Дар Туркия, Беларус, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Малайзия аз 400 то 900 донишҷӯи тоҷик таҳсил доштаанд.

Дар умум, дар беш аз 25 давлати ҷаҳон ҷавонони тоҷик ба таҳсили илм машғул будаанд.
——————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
⚡️Президент фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард

Имрӯз, 27-уми август, фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ба имзо расид.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.

Тибқи фармони раиси ҷумҳур, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Ҳамчунин, дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбии тирамоҳӣ даъват мегарданд.

Бо @asiaplustj бошед.
Таблиғ: Акнун бо Юнистрим интиқоли пул ба Тоҷикистон тариқи рақами телефон, шабонарӯзӣ ва бе рӯзи истироҳат имконпазир аст.
⚡️Дар Хатлон беш аз 100 корманди маорифро бо мукофотпулӣ қадрдонӣ ва ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақдим кардаанд.

Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамзод, суханги раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Мукофотпулие, ки ба аҳли маориф тақдим шудааст, наздики 500 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Бо @asiaplustj бошед.
⚡️Се ноболиғ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия бепарастор монда буданд, ба ватан баргардонида шудаанд.

Дар ин бора сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар хабар аз шахсияти ин ноболиғон ва чӣ гуна бе парастор мондану чанд вақт дар ин ҳол дар Русия зистанашон чизе гуфта нашудааст.

Сафорат танҳо навиштааст, ки онҳо "рӯзи 26-уми август бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Созишномаи Кишинёв дар бораи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ (аз 07.10.2002), ба Ватан баргардонида шуданд".

Бо @asiaplustj бошед.
⚡️Акнун тоҷикон барои кор ба Қатар мераванд?

Сафорати Тоҷикистон дар Қатар хабар медиҳад, ки Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар бо Абдулҳоди Бахит, директори генералии ширкати Ҷусур (Qatar Manpower Solutions Co. Jusour) мулоқот кардааст.

Дар ин мулоқот масъалаи марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла роҳҳои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шудааст.

Бо @asiaplustj бошед.
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқили девонанамо”

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Оқили девонанамо” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо
@asiaplustj бошед.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
👩‍🍼Кӯдакон дар баробари калонсолон метавонанд зуд вобастаи интернет шаванд.

Ба таъкиди табибон системаи иммунии кӯдаконе, ки вақти зиёди худро сари телефону интернет сипарӣ мекунанд, заиф шуда онҳо метавонанд ба фарбеҳӣ, мушкили хоб, асабонияти баланд, мушкили биноиш ва дарди тахтапушт гирифтор шаванд.

Дар нашри навбатии “Дунёи кӯдак” барои ҳифзи кӯдакон аз вобастагӣ ба интернет чанд маслиҳат медиҳем.

#дунеикӯдак
----------
Таблиғ: Ҳар қатраи шарбат ва смузиҳои "Нури Зулол" аз ширкати "Оби Зулол" кафолати сиҳатии кӯдаки шумо!
Азия-Плюс TJ pinned «“Ба мардҳо раводид намедиҳанд!” Чаро АМА ба шаҳрвандони Тоҷикистон раводид намедиҳад?»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Даъвати ҳарбӣ оғоз шуд

Даъвати тирамоҳи барои адои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Фармони дахлдорро дирӯз, 27-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард.

Тибқи он ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1997-2006) дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Дар асоси фармони раисиҷумҳур, онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
——————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
🛫 Парвози ноболиғон бо ҳавопаймо: Ҳамроҳ лозим аст ё не?

Соли нави хониш оғоз мегардад ва хатмкардагоне, ки ба макотиби олии кишвраҳои хориҷӣ дохил шудаанд, бояд ба таҳсил раванд.

Аммо дар сарҳад онҳо метавонанд ба ҳолати ногувор афтанд - бе ҳамроҳ метавонанд онҳоро ба ҳавопаймо иҷоза надиҳанд.

Як корбари “Азия-Плюс” гуфт, ки нотариус изҳор доштааст, дигар ваколатномаро ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ ба расмият даровардан мумкин нест.

“Ба гуфтаи ӯ, ҳатман шахси калонсол, ки намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ нест, бояд ҳамроҳаш бошад. Ин талабот асоси қонунӣ дорад?”, - пурсид ин корбари мо.

Бештар дар баргаҳои мо хонед.

Бо @asiaplustj бошед.