Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.44K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🏆 “Истиқлол” ва “Равшан” бори аввал дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон вомехӯранд

Пагоҳ, 1-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи 32-юмин Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад.

“Дар бозии ниҳоӣ “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рақобат мекунанд. Оғози бозӣ соати 14:00”, - хабар медиҳад ФФТ.

Футболбозони “Истиқлол” 13 маротиба ба финал баромада, 9 маротиба Ҷоми кишварро ба даст овардаанд.

“Равшан” се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва ду бор – солҳои 1994 ва 2020 соҳиби Ҷом гардидааст.

Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” то имрӯз дар финал бо ҳам вонахӯрда буданд.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Касбҳо ва донишгоҳҳои серхаридори Тоҷикистон муайян шуданд. Довталабони тоҷик бештар кадом ихтисосҳо ва донишгоҳҳоро барои таҳсил интихоб мекунанд?

Тимбқи иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикистон соли 2023 барои дохилшавӣ ба колеҷу донишкадаву донишгоҳҳои кишвар қариб 95 ҳазор довталаб ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Таҳлили “Ази-Плюс”, ки дар асоси омори пешниҳодкардаи Маркази миллии тестӣ анҷом ёфтаваст, серталабтарин ихтисосҳо ва донишгоҳҳои кишварро муайян кард.

Ҳамин тавр, ихтисосҳои серхаридор:
1. Андоз ва андозбандӣ,
2. Санҷиши судӣ,
3. Сиёсат ва идораи давлатӣ,
4. Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ,
5. Кори бонкӣ,
6. Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ
7. Забонҳои муосири хориҷӣ (Ҳама аз ДМТ),
8. Забони хориҷӣ (Донишголи славянии РТ),
9. Забони олмонӣ – англисӣ (Донишгоҳи забонҳо),
10. Кори тиббию ташхисӣ (Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ).
Муассисаҳои олии серинтихоб бошад:
1. Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон,
2. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе,
3. Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,
4. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд,
5. Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар,
6. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
7. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб,
8. Академияи идоракунии давлатии назди Президент,
9. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ,
10. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод.
———-
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj
👀Қисми панҷуми силсилафилми “Дом”- ро рӯзи панҷшанбе, 2-уми ноябр соати 19:00 дар саҳифаҳои Азия-Плюс (YouTube, Instagram, Facebook) тамошо кунед.

👀Смотри пятую серию веб-сериала #Дом уже в этот четверг, 2 ноября в 19:00 на всех площадках #AsiaPlus.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

https://youtube.com/shorts/0BxfcxfQQr8?si=IDsBRvIMpWOCotoU

@radioasiaplus
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр дар Анҷумани вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Ишқобод ширкат ва суханронӣ кард.

"Дар суханронии хеш Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои САҲА таъкид намуд", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Дар Ишқобод Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид низ мулоқот кардааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масоили обу иқлимро баррасӣ карданд.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор
Радио Азия+
Барномаи навбатии #ФурсатиДонистан бо иштироки ҳуқуқшинос Мадина Отабоева дар мавзӯи  "Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор" баргузор гардида буд.
Суҳбати самараноке оиди саволҳои зерин буд:

Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор чӣ гуна сурат мегирад
Тартиби нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор чӣ гуна сурат мегирад
Дар хусуси нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

🎧Агар ба пахши мустақим дер мондед, такрори онро инҷо шунавед.

@radioasiaplus
⚡️Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз заминларза зарардидагони шаҳри Ҳироти Афғонистон расидааст.

Он аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат буда, дар умум 27 номгӯйро ташкил медиҳад.

Инчунин, 200 тонна орд, 50 тонна қанд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 20 тонна ярмаи ҷав, 20 тонна нахӯд, 20 тонна биринҷ фиристода шуда буд.

Корвони мазкур рӯзи 18-уми октябр ба роҳ баромада, аз 130 мошини боркаш иборат буд ва дар умум 3200 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон расонид.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Имрӯз, 1-уми ноябр, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлёв мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад телеграм-канали Рустами Эмомалӣ.

Бо мо бошед |
Telegram | Instagram | Facebook |