Азия-Плюс TJ
29.9K subscribers
10.6K photos
2.49K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
"💎Табассуми солими шумо афзалияти мост!💎

"Clinic Stom" маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои стоматологиро пешкаш мекунад:
Терапия
Барқарорсозии дандонҳо
Протез
Ҷарроҳӣ
Қавс
Имплантатсия
Нигоҳубини гигиенӣ
Сафед кардан

Духтурони мо мутахассисоне мебошанд, ки таҷрибаи бой доранд ва маҳорати худро пайваста такмил медиҳанд

Саломатӣ аз табассум оғоз мешавад ва мо кафолат медиҳем, ки табассуми шумо зебо ва солим хоҳад буд! 💫

🏢 Дар хиёбони Рӯдакӣ, 181 (дар паҳлӯи Донишгоҳи кишоварзӣ, насоси об) ба мо муроҷиат кунед.

Дарҳои мо барои шумо ҳамеша боз аст. Барои машварат ё табобати ройгон тавассути рақами зерин номнавис шавед: 945300002.

Барои беҳтар шудани худ ғамхорӣ кунед ва ба коршиносони "Стом Clinic" бовар кунед. Мо табассумҳои солим ва зебо эҷод мекунем!😊🦷"
______
Промо
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Тоҷикистон дар манотиқи марзии худ боз 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ифтитоҳ намуд. Дидбонгоҳҳои нав аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳузуриву онлайнӣ ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки ин дидбонгоҳҳо асосан дар марзи кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Фархор, Лахш, Шамсиддин Шоҳини, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб бунёд шудаанд ва барои тақвияти иқтидори марзбонии кишвар мусоидат мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки таъмини амният дар марз ва таҳкими иқтидорӣ марзбонии кишвар яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти миллӣ дониста мешавад ва барои ин солҳои охир даҳҳо дидбонгоҳи нав дар манотиқи марзӣ бунёд карда шуд.
____
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC 294 бар Натаниел Вуди бритониёӣ пирӯз шуд.

Наимов 29 сол дорад. Дар тӯли фаъолияташ дар муҳорибаи омехта 13 қувваозмоӣ карда, дар 11-тоаш пирӯз шудааст.

@asiaplustj
Вазорати тандурустии Фаластин мегӯяд, ки аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар ду ҳафтаи гузашта беш аз 4650 фаластинӣ дар Ғазза кушта шудаанд.

Ин вазорат дар изҳороти худ навиштааст, ки 1873 кӯдак, 1101 зан ва 1677 мард кушта шудаанд.

Бар асоси баёнияи вазорат, 839 нафар аз ин афрод дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд, ки Исроил онҷоро барои сокинони шимоли Ғазза минтақаи амн эълом карда буд.

Бар асоси ин гузориш, беш аз чаҳордаҳ ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Исроил хабар дод, ки шумораи кушташудагон дар ин кишвар тибқи маълумоти охирин, беш аз 1,4 ҳазор нафар расида ва зиёда аз 5,4 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Исроил гуфт, амалиёти низомии ин кишвар дар Ғазза метавонад як ё бештар аз як моҳ идома кунад, менависад Би-би-сӣ.

@asiaplustj
Нақшаи даъват ба артиш 66 дарсад иҷро шудааст

Дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон то ин замон беш аз 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Вилояти Суғд бошад, давоми 20 рӯзи аввал 54 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.

Дар шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш 65 дарсади нақша иҷро шудааст.

Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошанд, давоми бист рӯзи аввал 73.3 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввал якҷо бо ВМКБ чандин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор низ пурра иҷро карданд.

Хотиррасон мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

@asiaplustj
“Таърихи садсолаи фарҳанги тоҷик гирдоварӣ шуд”. Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохтаи тоҷик ифтитоҳ шуд. Мо аз ин осорхонаи нав боздид карда, гузориш таҳия намудем.

Осорхона аз ду толори бузург, хонаҳои дарунӣ ва кати чойнӯшиву ҷойи истироҳат иборат аст. Ин ҷо китобҳо, либосҳо, аксҳо, каллексияҳои ҷамъоварда ва дигар ёдгориҳо аз шодравон гирд оварда шудаанд. Ва ин ҳам, гуфта мешавад, танҳо аз се як ҳиссаи ёдгориҳои ҳунарманданд.

Осорхонаи мазкур бо ташаббуси фарзандони ҳунарманд дар хонаи нав ва бо тарҳи муосир таҳия шудааст ва зертобеи ягон ниҳоди давлатӣ нест. Пайвандони Ҳабибулло Абдураззоқов мегӯянд, Осорхона хусусӣ ё худ ҷамъиятӣ боқӣ мемонанд, вале пешниҳоде ҳам ҳаст, ки он ба тобеияти Академияи милллии илмҳо ва ё Вазорати фарҳанг дохил карда шавад.

Ҳабибулло Абдураззоқов 7-уми ноябри соли 1937 дар Кӯлоб ба дунё омада, 19-уми январ соли 2021 дар 83-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум беш аз 50 сол дар театру синамои тоҷик хидмат намуда ва номашро дар саҳифаҳои санъату фарҳанг ҳаккокӣ кард.

https://youtu.be/aYDBfT5UF3I?si=aTm-SwfvqHPB9ICb
❗️Дар баъзе манотиқи Душанбе интиқоли об боз қатъ мешавад

Шаҳрдории Душанбе ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки имрӯз дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад.

Тавре ҳукумати шаҳр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ин ба корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обгузари “Кофарниҳон” марбут аст.

Таъмини об аз соати 23:00 23-юми октябр то соати 23:00 24-уми октябр қатъ карда мешавад.

Дар минтақаҳои зерин об қатъ хоҳад шуд:

Ноҳияи Фирдавсӣ:

- дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, А.Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини

Ноҳияи Шоҳмансур:

- дар кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки захираи зарурии оби ошомиданиро омода созанд.

@asiaplustj