Азия-Плюс TJ
29.8K subscribers
10.6K photos
2.5K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🇹🇯 🇦🇿 Сироҷиддин Муҳриддин дар Боку бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот кард

Рӯзи 9-уми октябр дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов мулоқот намуд.

Дар ин дидор зарурати истифодаи имкониятҳои фаррох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид карда шуд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамзамон, атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифтааст.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
😻 Буквально недавно состоялась закрытая презентация первой серии веб-сериала «Дом» от Asia-Plus для любителей необычных и впечатляющих картин. По завершению презентации мы узнали у гостей, насколько и чем им понравилась картина.

🤍Их ответы смотрите на видео и не забудьте делиться в комментариях своими впечатлениями от просмотра первой серии веб-сериала «Дом».

__________________

😻Каме пеш намоиши қисми якуми силсилафилми “Дом” аз Asia-Plus ба мухлисону дӯстдорони филмҳои шавқовару ғайриоддӣ дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Онҷо мо аз тамошобинон оиди ин филм пурсон шуда будем, ки то чӣ дараҷа ба онҳо писанд омад.

🤍Посухи онҳоро дар навор бубинед ва худ низ фаромӯш накунед зери ин нашр фикру ақидаҳои худро оиди веб-сериали “Дом” нависед.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

#ВебСериал #бохабарбош #дом #REVIVE_CA
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Гуруҳе аз вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки барои фаъолияти муҳоҷирони корӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шавад.

Вакилон таҳти роҳбарии Сергей Миронов, раиси ҳизби “Справедливая Росия - За правду” лоиҳаи қонунеро ба баррасии Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки тибқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият дар бахши тиб, мактабҳо ва хадамоти таксӣ манъ карда мешавад.

Пешниҳод шудааст, ки ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ то 5 дарсад маҳдуд карда шавад.

Онҳо гуфтаанд, сабаби асосии пешниҳоди мазкур коҳиши афзоиши муҳоҷирон дар бахшҳои иқтисод ва бо ҷойи кори иловагӣ таъмин кардани шаҳрвандони Русия аст.

Бояд гуфт, ки тибқи омори мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирон ҳар сол зиёд шуда, айни ҳол дар ин кишвар наздики 17 млн нафар муҳоҷири корӣ ба қайд гирифта шудаанд.
____
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj

@asiaplustj
👀Қисми дуюми силсилафилми “Дом”- ро рӯзи панҷшанбе, 12-уми октябр соати 19:00 дар саҳифаҳои Азия-Плюс (YouTube, Instagram, Facebook) тамошо кунед.

👀Смотри вторую серию веб-сериала #Дом уже в этот четверг, 12 октября в 19:00 на всех площадках #AsiaPlus.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

👀https://youtube.com/shorts/ENGakq3BuwI?feature=share

@radioasiaplus
Паёмадҳои заминларзаи рӯзи 7-уми октябр дар Афғонистон дар аксҳо

Тибқи маълумоти ахир, бар асари заминларзаҳои шадид беш аз 2,5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, ҳудуди 10 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Аксҳо: EPA, Getty Images

@asiaplustj
❗️ Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев боздошт ва ба Душанбе оварда шуд.

Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" тасдиқ кард.

Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”) – ро мақомоти Тоҷикистон роҳбари гуруҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда ба қатл расонидааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ баъди анҷом додани ҷиноят ба Русия фирор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд.

Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.”

Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

@asiaplustj
🇵🇸 Нахуствазири Фаластин аз хатари фалокати инсонӣ дар навори Ғазза хабар дод. Ӯ ҳамчунин хостори кушодани долонҳои инсондӯстона барои интиқоли ғизо ва кумакҳои тиббӣ ба Ғазза шуд.

🇪🇺Пештар раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ба муҳосираи куллии Исроил аз навори Ғазза мухолиф аст.

“Исроил ҳақ дорад, ки худро дифоъ кунад, аммо он бояд тибқи қонунҳои байналмилалӣ, қонуни инсондӯстона анҷом дода шавад. Аммо баъзе қарорҳо хилофи қонунҳои байналмиллалӣ мебошанд”, - гуфт Боррел.

❗️Рӯзи 9-уми октябр Исроил интиқоли нерӯи барқ ва об ва ҳамчунин интиқоли ғизо ва маводи сӯхтро ба навори Ғазза қатъ кард.

♦️Ба иттилои вазорати тандурустии Ғазза, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза ба 900 нафар расида, 4,6 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

♦️Теъдоди кушташудагон дар Исроил ба 1200 нафар расид, беш аз 2900 нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад расонаҳо.

@asiaplustj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM