Азия-Плюс TJ
28.3K subscribers
11K photos
2.64K videos
1 file
18.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Саидэҳсон Ҷалолиён Ҷоизаи “Эътимод”-ро соҳиб шуд

Саидэҳсон Ҷалолиён, рӯзноманигори радиои “Тоҷикистон” имрӯз, 3 май бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан” Ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Шӯрои ВАО шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола 3 май, барои қадрдонии журналистони касбии кишвар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии озодии сухан” озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”-ро эълон менамояд.

@asiaplustj
🇹🇯🇰🇿 Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рафт

Имрӯз, 3 май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд, хабр медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Тавре қаблан аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, зимни ин сафар ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Остона низ баргузор шавад.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ки дар Маркази Конгреси Остона баргузор мешавад, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар ин намоиш намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҳам тоҷирони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат мекунанд.

@asiaplustj
ВКД номи қурбониёни садама дар Дарвозро эълон кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи 6 қурбонии садамаи субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Хумай Каримови 34 солаи сокини Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.

Дар натиҷа ронанда ва 5 нафат аз мусофиронаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Қурбониёни садама инҳо будаанд:

Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе,
Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ,
Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ,
Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим,
Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз,
Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз.

ВКД қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

@asiaplustj
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод

Имрӯз, 3 май, соати 14:51 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе заминларза рух дод. Дар ин бора аз хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Маркази заминларза дар 285-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳуддуи Афғонистон воқеъ будааст. Шиддат дар маркази заминларза 4 балл, дар Душанбе 2-3 баллро ташкил медиҳад. Дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 18 заминларза сабт шудааст.

@asiaplustj
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар дод, ки дар шаҳрҳои вилоят рейди экологии «Ҳавои тоза» доир гардида, дар доираи он 90 автомашина аз санҷиш гузаштанд.

Аз 90 мошини санҷидашуда танҳо 9-тоаш ба талабот ҷавобгӯ набудааст.

@asiaplustj
Азия-Плюс TJ
Саидэҳсон Ҷалолиён Ҷоизаи “Эътимод”-ро соҳиб шуд Саидэҳсон Ҷалолиён, рӯзноманигори радиои “Тоҷикистон” имрӯз, 3 май бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан” Ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро соҳиб гардид. Шӯрои ВАО шурӯъ аз соли…
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” гирифт

Имрӯз, 3-юми май, дар чорабинӣ ба ифтихори "Рӯзи ҷаҳонии озодии баён", ки дар меҳмонхонаи “Hilton” баргузор шуд, як қатор журналистони тоҷик сазовори ҷоизаҳои касбӣ гардиданд.

Меҳрофарин Наҷибӣ, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ғолиби яке аз озмунҳои Медия-алянси Тоҷикистон эълон гардид ва мақоми аввалро дар номинаи “Касбияти журналистӣ” ба номи Отахон Латифӣ соҳиб шуд.

@asiaplustj
Эмомалӣ Раҳмон вориди Қазоқистон шуд

Баъд аз зуҳри имрӯз, 3 май, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев шахсан истиқбол гирифт.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
💬 #Маълумотимуфид

Натиҷаи лотереяи Green Card-ро чӣ гуна метавон санҷид?

Натиҷаро дар бахши махсуси сомонаи Департаменти давлатии ИМА бо суроғаи https://dvprogram.state.gov санҷида метавонед.

Барои ин дар равзанаи кушодашуда тугмаи «Check Satus»-ро пахш кунед ва рақами тасдиқшудаи иштирокчии лотерея (Confirmation Number), ному насаб ва соли таваллуди дархосткунандаро ворид кунед.

Рақами иштирокчӣ ҳангоми пур кардани анкетаи Green-Card дода мешавад. Агар шумо анкетаро дар ширкатҳои хусусӣ пур карда бошед ҳам, бояд ин рақам дар дастатон бошад.

Агар рақами тасдиқшудаи иштирокчиро гум карда бошед, дар сомонаи болозикр бо пахши тугмаи Forgot Confirmation Number онро барқарор кунед.

Бояд қайд кард, ки ягона тарзи санҷидани натиҷаи лотерея ҳамин сомона мебошад. Агар шумо мактуб дар бораи ғолибият дар лотререя гирифтед, бовар накунед. Қаллобон метавонанд бо ин роҳ аз шумо пул ситонанд.

Ғолибони лотереяи Green Сard ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Ҳар сол Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳои муайян 50 000 раводиди иқомати доимӣ (грин-корт - корти сабз) медиҳад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар Telegram-канали мо @asiaplustj мутолиа кунед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM