Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.43K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
#Фаврӣ
Таркиш дар масҷиди Қандаҳор

Чанде пеш дар масҷиди шиъаёни "Имомборгоҳ" дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳор таркиш рух додааст.

Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ то кунун таркиш ҳудуди 33 кушта ва беш аз 58 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ дар масҷиди шиъаёни Кундуз низ таркиш рухдода буд, ки дар натиҷа беш аз 200 кушта ва захмӣ дошт.

@asiaplustj
#Фаврӣ

♦️Бо қарори додгоҳи шаҳри Душанбе Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва вакили дифои муҳоҷирони тоҷик дар Русия 9 сол равонаи зиндон шуд.

@asiaplustj
#фаврӣ
🔺 Дар Хоруғ дар назди бинои ҳукумати ВМКБ бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштақалъаву даст ба нишони эътирозӣ задаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков, зуҳри имрӯз сурат гирифтааст. Мақомоти расмии ВМКБ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

📸 Гуфта мешавад нафари дар акс буда Гулбиддин Зиёбеков аст.
#Фаврӣ

Бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст.

Гуфта мешавад "кормандони филиали Ширкат роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард намуда истодаанд".

@asiaplustj
#Фаврӣ!

Тармаҳои сершумори дар роҳи Душанбе - Чанок фаромада бартараф гардида, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора IRS хабар дод.

Ин ширкат афзудааст, ки кормандони филиали Ширкат талош доранд, то дар наздиктарин фурсат гузариши нақлиёт аз ҳар ду ҷониб имконпазир гардад.
#Фаврӣ
Роҳи Душанбе-Чаноқ бар асари бориши зиёди барф муваққатан баста аст. Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад.

"Бинобар бориши бениҳоят шадиди барф ва мавҷудияти хавфи тармафароӣ, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд".- навиштааст IRS.