Азия-Плюс TJ
29.5K subscribers
10.7K photos
2.51K videos
1 file
18.4K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🔺Лоиқ Раҷабов бо Лигаи Ҳабиб Нурмагомедов шартнома баст

Лоиқ Раҷабов, ҷанговари тоҷик ба EFC (Eagle Fighting Championship), ки роҳбари он Ҳабиб Нурмагомедов аст, роҳ ёфт. Дар ин бора mma.metaratings.ru. хабар медиҳад .
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.10

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
🔺 Тоҷикдухтар ба дарёфти медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс шараёфб гардид

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

“Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.
🔺 Ҳабси 3 нафар дар Душанбе барои ғайриқонунӣ бо худ доштани корд ва чӯбдасти резинӣ

Дар доираи амалиёти “Корд”, ки ба пешгирии ҳодсаҳои нохуш ва ҷиноятҳо равона шудааст.

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсияи пойтахт 3 нафарро боздошт намуда, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи сард аз 5 то 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла аз сокини пойтахт Некрӯз Нодиров корд мусодира гардида, ӯ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, аз Алишер Наҷмиддинов низ корд ва аз Ҷаҳонгир Саймурод чӯбдасти резинӣ (дубинка) мусодира гардида, ба аввалӣ 10 шабонарӯз ва ба дувумӣ - 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Зикр мешавад, ки амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
🔺 Имрӯз шииёни исмоилии ҷаҳон 85-уми солгарди пешвои мазҳабӣ ва Имоми замони худ Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро таҷлил мекунад.

Шоҳкарим Оқохони IV дар 20-солагӣ, соли 1957 пас аз падарбузургаш Оқохони III - Султон Муҳаммад Шоҳ бар тахти имомат расидааст.

Оқохони IV хатмкардаи риштаи таърихи ислом аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард аст ва имрӯз дар сатҳзи ҷаҳон, хусусан дар Ғарб яке аз шахсиятҳои таъсиргузори дунё ва олами ислом эътироф мешавад.

Дар Тоҷикистон, дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз бузургтарин ҷамоаи исмоилиёни ҷаҳон умр ба сар мебаранд ва ниҳодҳои гуногуни Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, кишоварзӣ, иҷтимо, маорифу фарҳанг ва роҳу иртиботот сармоягузориҳои ҳангуфте мекунад.

Азия-Плюс исмоилиёни Тоҷикистонро ба ифтихори солгира ё зодрӯзи Имоми замонашон табрик мекунад ва хостори саломату сарбаландии ин чеҳраи таъсиргузори асри имрӯз аст!
🔺 Имрӯз дар Хоруғ нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон шуд

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хоруғ, имрӯз ба ифтихори 85-уми солгарди Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV- пешво ва Имоми замони исмоилиёни шиаи низории ҷаҳон равуоро дар дохили шаҳр бепул карданд.

Манобеъ аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки мусофиркашҳои шаҳргарди "Танген" ва таксиҳои хусусӣ имрӯ комилан ройгон барои мусофирон хидмат мерасонанд.

Ройгон шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин шаҳр дар ҳолест, ки сафар бо "Тангем" дар Хоруғ барои як нафар 2,5 сомонӣ вабо таксӣ 10 сомонӣ арзиш дорад.

Шоҳкарим Оқохони IV дар 20-солагӣ, соли 1957 пас аз падарбузургаш Оқохони III - Султон Муҳаммад Шоҳ бар тахти имомат расидааст.
Оқохони IV хатмкардаи риштаи таърихи ислом аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард аст ва имрӯз дар сатҳи ҷаҳон, хусусан дар Ғарб яке аз шахсиятҳои таъсиргузори дунё ва олами ислом эътироф мешавад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.13

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.