Азия-Плюс TJ
27.1K subscribers
11.6K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Продолжаем готовиться к музыкальной Премии #TaronaMusicAward 20/21 и знакомить с теми, кто поддержал наш проект 🤝

😎На страже здоровья и укрепления иммунитета наш партнер Alhadaya Tajikistan!

⚕Alhadaya – это натуральный лечебно-профилактический продукт, который состоит из масла черного тмина в оболочке из рыбьего жира. В составе нет красителей, консервантов и химических добавок.

Эффективность масла черного тмина была доказана многочисленными исследованиями, а метод изготовления масла путем холодного отжима позволяет сохранять все полезные свойства. Черный тмин относится к халяльным продуктам. Уже много столетий его используют лекари Ближнего Востока, Азии и Африки.

В составе полезные витамины, микроэлементы, и необходимые жирные аминокислоты. Продукт позволяет укрепить иммунитет, понизить уровень сахара в крови, укрепить сердечно-сосудистую систему.💛

@radioasiaplus
#даринрӯз
1 декабри соли 1899 - арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур таваллуд шудааст.

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🎉 11 декабря в Кохи Суруш пройдет Церемония вручения музыкальной Премии от Asia-Plus #TaronaMusicAward 20/21

🎙Песни-номинанты в исполнении Сафармухаммада:
🎶 Амор
🎶 Нокучо
🎶 Локо Макарена

Одна из них станет лауреатом Премии. Какая? Узнаешь 11 декабря
🎟Заказ билетов по номеру: +992 939777778

Генеральный партнер - Ориёнбанк
Официальный партнер – Мармари

Эстетический партнер - Промоиталия
Голд партнер - Точик Кристалл
Страховой партнер - Асри 21
Инвестиционный партнер - FIFTYFIVE GROUP
Партнер уюта - Impero Home
Партнер здоровья - вода ReO
За безопасность отвечает «Барс»
Партнер иммунитета - Alhadaya Tajikistan
Партнер Церемонии – Суруш Холл

@radioasiaplus
😊Продолжаем знакомить вас с теми, кто поддержал нас в организации нашего долгожданного музыкального ивента.

🤝Партнер музыкальной Премии #TaronaMusicAward 20/21 - инвестиционно-управляющая компания "FIFTYFIVE GROUP"

"FIFTYFIVE GROUP" - управляющая компания, занимающаяся бизнесом и инвестициями, как на местном рынке, так и за рубежом. За плечами «FIFTYFIVE GROUP» многолетний опыт в управлении группой компаний, работающая в таких направлениях как:

банкинг и страхование;
индустрия гостеприимства;
индустрия моды;
индустрия спорта;
индустрия туризма и авиа;
инновации и технологии;
образование.

"FIFTYFIVE GROUP" также разработали собственную эффективную программу инкубации сотрудников, благодаря которой сотрудники компании развиваются и достигают высокого карьерного роста. Благодаря квалифицированной команде партнеры компании всегда достигают высоких финансовых показателей. Группа компаний знает, насколько важны коммуникации для бизнеса, и всегда открыты для новых идей и сотрудничества.

@radioasiaplus
Агентии омор: ҳодисаҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон бештар шудааст

Дар дигар ҷиноятҳо низ тамоили болоравӣ ба назар мерасад.

Шумори ҳодисаҳои таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он дар Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63% афзудааст.

Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 44 чунин ҳодисаҳо (ҳамин давраи соли 2020 - 27 ҳодиса) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумори содир гардидани чунин ҷиноятҳо низ нисбатан зиёд шудааст: одамрабоӣ (афзоиш - 50%), роҳзанӣ (46%), қаллобӣ (25%), барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (17%), одамкушӣ ва суиқасд ба он (11%).

Теъдоди ҷиноятҳои иқтисодӣ (порагирӣ, саркашии шахсони воқеӣ аз пардохти андоз ва ғайра) ба андозаи 4,1% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 5,2% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла ҳудуди 4,4 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 7,4% зиёдтар нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2020 аст.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20211201/agentii-omor-odisaoi-taovuz-ba-nomus-dar-toikiston-beshtar-shudaast
Ду филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Стогҳолм ҷоиза гирифтанд

Филмҳои ду коргардони тоҷик дар 12- умин Ҷашнвораи байналмилалии “САМО”, ки дар шаҳри Стогҳолми Шветсия баргузор шуд, дар бахши филмҳои байналмилалӣ миёни филмҳои кишварҳои форсзабон сазовори ҷоиза шудаанд.

Ин ҷашнвора аз 26 то 28 ноябри соли равон баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии фестивал менависад, дар байни чанд филми пешниҳодшуда, филми “Нолаи танбур”- и коргардон Аниса Собирӣ ва “Бачаи обӣ”-и коргардон Файзуллои Файз дар бахши филмҳои байналмилалӣ  сазовори ҷоиза шуданд.

Дар шарҳи гирифтани ҷоизаи филми “Нолаи танбур” ҳакамон гуфтаанд, “ин филм услуб ва равиши хоси худро дорад, он барои тасвири ҷанг ва таъсири он ба ҳаёти инсонҳо сазовори эътироф мебошад”.

Ҳакамони фестивал ба филми "Бачаи обӣ"-и Файзулло Файз барои дастоварди аввалинаш ҳамчун коргардон, ки иқтидори бузурги инсонпарвариро нишон медиҳад, тақдим кардаанд.

Ҷашнвораи 12- уми байналмилалии “САМО” як чорабинии озмунӣ буда, ғолибон ҳайкали фестивалро мегиранд. Ҳайати ҳакамон, ки аз синамогарон ва мунаққидони ватанӣ ва хориҷӣ иборат аст, филмҳоро дар ду бахши миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20211201/du-filmi-toik-dar-ashnvorai-bainalmilalii-stogolm-oiza-giriftand
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.1

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
🔺Вазорати мудофиа: Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ба анҷом расид

30-юми ноябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, пурра ба анҷом расид, хабар доданд ба "Азия Плюс" аз Вазорати мудофиа.

Вазорат мушаххас накард, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш иҷро шудааст ё не ва чанд дарсад иҷро шудааст.

"Вале, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд."- зикр карданд аз Хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа.

Мо кӯшиш мекунем тафсилоти бештарро пагоҳ дастрас кунем.
Иштироки 16 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар ин мусобиқа намояндагони 17 давлат миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байни наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва дар мусобиқа байни ҷавонон 9 нафар писар намояндагӣ мекунанд.

Ба дастаи наврасони Тоҷикистон 7 нафар варзишгар - Ҷасур Лутфишоев (52 кг), Сируш Эркаев (66 кг), Муҳаммад Юсуфзода (73 кг), Суннатулло Мусоев (90 кг), Сомонӣ Кишваров (+90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (+90 кг) ва Меҳрона Маҳмадзода (60 кг) шомиланд.

Ҳайати дастаи ҷавонони ҷумҳурӣ аз 9 нафар - Хурсанд Куганов (66 кг), Абӯбакр Шеров (66 кг), Муҳаммадиқбол Тошев (73 кг), Масуди Аҳмадзод (73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Раҳматулло Мирзоев (100 кг), Мансур Раҳмон (100 кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) иборат аст.

Мусобиқаҳо байни наврасон рӯзҳои 2-3 декабр ва байни ҷавонон рӯзҳои 4-5 декабр баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат меварзанд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20211202/ishtiroki-16-udokori-toik-dar-chempionati-osiyo