Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
⚡️Парвози ҳавопаймои “Тоҷик-Эйр” аз Душанбе ба Рашт ва баръакс имрӯз, 7-уми феврал анҷом ёфтааст.

Дар ин бора аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб бо 17 мусофир парвоз кард.


Ба гуфтаи манбаъ, парвоз аз ҳарду тараф 30-даиқаӣ давом кардааст.

“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 14:35 парвоз карда, соати 15:05 ба фурудгоҳи Рашт фуруд омад. Аз ҷониби Рашт бошад, соати 15:40 парвоз карда, соати 16:10 ба Душанбе расид", - гуфтанд аз ин ширкат ба "Азия-Плюс".

Ёдрас мешавм, ки “Тоҷик-Эйр” чанд рӯз қабл аз ба роҳ мондани парвоз дар масири Душанбе-Рашт-Душанбе хабар дода, гуфта буд, ки нархи чипта 350 сомонӣ муайян шудааст.

Аз ин ширкат мегӯянд, парвозҳо ҳафтае се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 анҷом мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои +992 88837 7777, +992110000012 тамос гиранд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Дар Хуҷанд як хонандаи мактаб бо қасди худкушӣ худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарёи сир патофтааст. Ин ҳодиса, имрӯз, 7-уми феврал рух додааст.

Тавре Мирзораҳим Абдуллозода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ноболиғе, ки худро ба дарё партофтааст, писари 16 солае аз шаҳри Хуҷанд будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳолатро Ҷураев Муслим, сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд дида, барои наҷоти ноболиғ худро ба об мепартояд. Аммо ӯ низ қариб дар дарё ғарқ мешудааст.

Абдуллозода мегӯяд, баъди гирифтани хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳам навраси 16-сола ва ҳам марди 34-соларо аз об зинда берун мекунанд.

Сабаби қасди худкушӣ кардани навраси 16-сола маълум нест.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия 🇷🇺шикоят кардаанд, ки номи онҳоро иштибоҳан ба 📝феҳристи шахсони таҳти назорат ё “рӯйхати сиёҳ” ворид кардаанд. Дар ин бора Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон хабар медиҳад.

📆Ин рӯйхат 5 феврал фаъол шуд ва давоми ду рӯз 31 муҳоҷир, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳомии ҳуқуқ барои кумак муроҷиат кардаанд. Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар аксари маврид ҳеҷ далели қонуние барои сабти номи онҳо дар ин рӯйхат нест.

Аксари муҳоҷирон ҳангоми дарёфти 💬паём аз бонкҳо дар бораи баста шудани ҳисоби бонкияшон ё убури марзу ихроҷ аз кор фаҳмидаанд, ки дар рӯйхат ҳастанд. Аз ин лиҳоз ба онҳо тавсия додааст, ки маблағи худро аз бонкҳо гиранд.

Дар рӯйхат будан ё набудани худро метавонед осон ва сода тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” - apnamecheck_bot санҷед.

Муфассал

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст

💬 Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт

💬 Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд

💬 Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ

💬 Кӣ ба муҳоҷири тоҷик кумак мекунад? Ёддошт ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон

💬 Дар Душанбе технопарки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия сохта мешавад

💬 Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?

💬 Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024

💬 Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чӣ бояд кард, агар биносоз кашолкорӣ мекунад?

📆Муҳлати сохтмони бино бояд дар шартномаи байни соҳибкор ва харидор муқаррар шуда бошад. Харидор ҳуқуқ дорад ба шартнома нуктаеро илова кунад, ки ҳангоми саривақт ба анҷом нарасонидани корҳои сохтмонӣ барои ҳар як рӯзи кашолкорӣ фоизи муайяни маблағ ситонида шавад.

🏗️Агар биносоз сохтмони манзили шуморо саривақт ба анҷом нарасонад, тибқи муқаррароти шартнома, шумо метавонед барои ҳар як рӯзи кашолакорӣ фоизи муайян талаб кунед.

📑Агар шартномаи шумо чунин нукта надошта бошад ва агар пули хонаро пурра пардохт карда бошед, метавонед ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунед.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!

#Чӣбоядкард
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
🚫Марги 6 нафар дар Амрико дар пайи суқути боз як ҳавопаймо ✈️ Як ҳавопаймои хурди ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико Суқут кардааст. Дар дохили он шаш нафар қарор доштаанд, ки ҳама ҷон бохтаанд. Ба гузориши расонаҳо, ин ҳодиса шоми 31-уми январ соати…
⚡️Дар иёлати Аляскаи Амрико дар пайи суқути як ҳавопаймои хурд 10 нафар ҷон бохтаанд.

Ин ҳавопаймо, ки марбути ширкати “Бренг Айр”-и Амрико буд, рӯзи 6-уми феврал аз шаҳри Уналаклити ба шаҳри Ном парвоз карда, баъди қариб як соати баланд шудан аз замин нопадид мешавад.

Пас аз ҷустуҷӯ мақомоти Амрико як рӯз баъд, 7-уми феврал пораҳои ҳавопайморо пайдо карданд. Дар дохили он 10 нафар, як сарнишин ва 9 мусофир будааст, ки ҳама ба ҳалокат расидаанд. Сабабҳои суқути ҳавопаймо ҳоло маълум нест.


Ёдрас мешавем, ки дар як моҳи охир ин сеюмин ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар Амрико аст. Пеш аз ин шоми 29-ум январ ҳавопаймои "American Airlines" дар Вашингтон ба як чархболи "Black Hawk"-и артиши Амрико бархӯрд. Дар пайи ин ҳодиса ҳама нафароне, ки дар ҳавопаймо ва чархбол қарор доштанд (67 нафар дар умум), ҷон бохтанд. Ду рӯз баъд аз ин воқеа як ҳавопаймои хурди ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико Суқут кард, ки дар дохили он шаш нафар қарор доштанд ва ки ҳама ба ҳалокат расиданд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал бо фармонҳои алоҳида

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Баҳрайн ва

Музаффар Ҳусейнзода, сафири Тоҷикистон дар Белгияро ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Люксембург


таъин кардааст.


Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эмомалӣ Раҳмон фармони зиёд кардани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳоро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8-ум феврал фармони боло бурдани музди маош, нафақа ва стипендияҳоро имзо кард. Ин фармон аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барасоси фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин,

маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад ва

маоши кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад

зиёд мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин фармон додааст, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо 10 дарсад зиёд карда шавад.

Бо фармони раисҷмҳури кишвар стипендияҳои донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) низ аз 1-уми сентябр 20 дарсад зиёд мешаванд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📣Дӯстон! «Азия-Плюс» ба муносибати “Рӯзи туҳфаи китоб” (14 феврал) иқдоми хайриявӣ эълон мекунад. Мо ният дорем дар ин рӯз барои муассисаи ислоҳии кӯдаконаи Душанбе китоб туҳфа кунем.

📚Шумо низ метавонед ба иқдоми мо ҳамроҳ шуда, ба кӯдакон шодӣ ҳадя кунед.

Мо китобҳоро дар ду нуқта - идораи «Азия-Плюс» ва қаҳвахонаи «Ромашка», қабул мекунем.

📍Нишонии мо:
к. М. Турсунзода 14/21, ошёнаи 2, идораи “Азия-Плюс”.
к. Лоҳутӣ 11, қаҳвахонаи «Ромашка».

Китобҳои шумо метавонанд ҳаёти касеро тағйир диҳанд!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚽️ Дар Тоҷикистон имсол Рӯзи ҷаҳонии футболро як ҳафта, аз 19 то 25 май ҷашн мегиранд.

Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.


Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кишвар чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мегарданд.

ФФТ навиштааст, ки ҷашнвораи асосии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ширкати беш аз 500 кӯдак гузаронида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки 7-уми майи соли гузашта Ассамблеяи генералии Созмони миллали муттаҳид бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM