Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
❗️Корбарони гиромӣ!

📆 Пагоҳ, 29-уми январ ниҳодҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд:

🌐 Хадамоти алоқа;

✈️ Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, фурудгоҳ ва ширкати "Тоҷик Эйр";

🚗 Вазорати нақлиёт.

Агар шумо ба ин мақомот савол дошта бошед, метавонед онҳоро тавассути мо – хабарнигорони "Азия-Плюс" пешниҳод кунед. Саволҳои худро дар шарҳ нависед.

Ҳайати таҳририяи "Азия-Плюс" аз миёни саволҳо муҳимтарин ва мубрамтаринашро барои пешниҳод ба мансабдорон интихоб мекунанд.

Мо ҳар рӯз дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ниҳодҳое, ки рӯзи дигар нишаст мегузаронанд, нашр мекунем, то шумо огоҳ бошед ва саволҳои худро пешниҳод кунед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
🇹🇯🇮🇷Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро ҷашн гирифтанд

Дирӯз, 27-уми январ, дар пойтахти Эрон 60-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ таҷлил шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони дипломатӣ, донишмандон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносон иштирок ва суханронӣ карданд.


Маросим дар толори Донишкадаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор гардид.

Дар ин бора дертар гузориши пурраи мо нашр мешавад.

📸: аз саҳифаи "Фейсбук"-и Mohammad Reza Shabankareh

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
⚡️Аз 33 гаравгоне, ки ҲАМОС дар марҳилаи аввали иҷрои созишномаи оташбас бо Исроил бояд раҳо мекард, 8 танашон ҷон бохтаанд.

Дар ин бора мақомоти Исроил хабар дода, гуфтаанд, ки феҳристи гаравгонҳоро рӯзи якшанбе ҲАМОС ба онҳо додааст.

Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки хабари ҷон бохтани ин ҳашт гаравгонро ба хонаводаҳояшон расонидаанд. Вале номи онҳо то ҳол ифшо нашудааст.

Гуфта мешавад, ҲАМОС ҷасади ин фавтидагонро ба Исроил месупорад.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи оташбас байни Исроил ва ҲАМОС аз 19 январи сол ба иҷро даромад. Бар асоси он ҲАМОС бояд 33 гаравгони исроилиро озод кунад. Дар ивази онҳо Исроил ҳудуди 1900 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад.

То имрӯз ду марҳилаи ивази гаравгонҳо анҷом шуд. ҲАМОС дар ду давр ҳафт гаравгон ва Исроил 290 маҳбуси фаластиниро раҳо кард.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🚫Гумонбарони ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шудаанд

Онҳо 9 нафар буданд ва дар миёнашон як зан ҳам ҳаст.

Нуҳ гумонбар дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб аз панҷ сол то ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ягона зан дар ин парванда Холисамо Раҳимова 5 сол раовнаи зиндон шуд, вале бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.

Радиои Озодӣ аз қавли Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб навишт, ки Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба Ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб, ки моҳи январи соли гузашта рух дода буд, дар курсии айбдорӣ нишаста, нисбаташон ҳукм содир шуд.

Манбаъ мушаххас нагуфтааст, ки кадоме аз инҳо чанд солӣ ҳукм гирифтан ва киҳо ба ҳукми абад равонаи зиндон шуданд.
Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 январи соли равон дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд.

Моҳи феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки аз рӯи ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд.

Қаблан, Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии гуфта буд, “ҳамаи онҳо (гумонбарон-аз идора) ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд. Роҳбари гурӯҳ Бахтиёр Маҷидзода. Зан ҳамсараш аст, ки парчами “Давлати исломӣ”-ро дӯхта, бо дигар аъзои гурӯҳ ҳамкорӣ мекард. Нисбати ӯ бо моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст”.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Аз 5-уми феврали соли 2025 мақомоти пулиси Русия ҳақ пайдо мекунанд, ки муҳоҷирони кории қонуншиканро аз ин кишвар ихроҷ кунанд. Қаблан ба ин кор танҳо додгоҳҳои Русия ҳақ доштанд.

Ба ғайр аз ин, дар моҳи феврал чанд тағйироти дигар низ барои муҳоҷирон дар Русия пешбинӣ шудааст. Онҳо чӣ тағйироте ҳастанд ва чӣ маҳудудиятҳое барои муҳоҷирон хоҳанд дошт?

Дар ин бора давоми рӯз дар сомона ва саҳифаҳои "Азия-Плюс" дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

28 январи соли 1930 – Мавлуди Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.


Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

Лайло Шарифӣ 19-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт.

28 январи соли 1956 – Мавлуди Олим Салимзода, ходими давлатӣ, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

Вай соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.

Олим Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ чанд давра вакили парлумон буд ва яке аз вакилоне, ки ба рӯзноманигорон дастрас буд. Ӯ аз соли 2009 то 2020 раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон буд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Санаҳои баргузории рақобатҳои тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд. 🗓 Мувофиқи ҷадвали бозиҳо наврасони кишвар дар вохӯрии якум муқобили Уммон рӯзи 5-уми апрел доир мекунад. Дар бозии дуюм футболбозони…
⚡️Дар мусобиқаи "Ҷоми рушд-2025" мунтахаби наврасони то 17-солаи 🇹🇯Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз 🇮🇷Эрон, 🇷🇺Русия ва 🇰🇿Қазоқистон бозӣ мекунад.

📌Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

📆 Ба гуфтаи манбаъ, ин мусобиқа аз 16-ум то 21-уми феврали соли ҷорӣ да шаҳри Мински Беларус баргузор мешавад.

🏟 Гуфта мешавад, дар мусобиқа 8 даста ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, рақобат мекунанд. Тими миллии наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" қарор дошта, рӯзи 16-уми феврал бо наврасони Русия, рӯзи 17-ум бо Эрон (U-17) ва рӯзи 19-ум бо Қазоқистон (U-17) дидор анҷом медиҳад.

Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои наврасони Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва тими Академияи "Блокчейн Спортс"-и Бразилия байни ҳам мубориза мебаранд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Нуруллоҳ Муродов, писари 17-солаи Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик ва набераи Ҷурабек Муродов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар мусобиқаи грэпплинг дар штати Невадаи Амрико ҷои аввалро соҳиб шуда, медали тилло ба даст овард.

Ӯ пас аз ин пирӯзӣ барои ширкат ба даври баъдии мусобиқа, ки дар тамоми Амрико мегузарад, роҳхат гирифт.


Дар ин бора пайвандони Нуруллоҳ Муродов ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ӯ ба солаш нигоҳ накарда дар мусобиқаи калонсолон ширкат кард.

Ба гуфтаи манбаъ, Нуруллоҳ як ҳарифи худро мағлуб кард ва ду варзишгари дигар, ки мебоист бо ӯ ҳанарнамоӣ кунанд, аз қувваозмоӣ даст кашидаанд. Ҳамин тавр, ӯ ғолиб ва ба давраи дигари мусобиқа, ки дар сатҳи тамоми ИМА мегузарад роҳ ёфт.

Бояд гуфт, Грэпплинг як намуди варзиши размӣ аст, ки дар худ техникаи ҳамаи намудҳои куштиро муттаҳид кардааст. Ин варзиш бидуни зарба бо пой ё даст анҷом мешавад ва дар он усулҳои ба замин задани ҳариф, водор кардани ӯ ба таслим шудан ва нигаҳ доштани рақибу маҳдуд кардани ҳаракатҳои ӯ истифода мешаванд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM