Азия-Плюс TJ
29.9K subscribers
10.6K photos
2.49K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Ҳаққи стипендияи Президенти Тоҷикистон зиёд шуд

💵Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён баланд бардошта шуд.
Аз 600 ба 840 сомонӣ. Дар ин бора 📑фармони президент аз 29 ноябр ба имзо расид.

Ин стипендия ба 3 ҳазор хонандагони мактабу литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар дода мешавад, ки "бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд".

Вазорат молияи Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои пардохти стипендияи мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамасола маблағ ҷудо менамояд.

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Паёми Эмомалӣ Раҳмон

📆Рӯзи ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон маълум шуд: 28-уми декабри соли 2024.

Маъмулан Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян карда, барои татбиқи он ба масъулин дастуру супориш медиҳад.

Одатан паёми президенти Тоҷикистон дар Кохи Сомон бо ҳузури вакилони парлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ ироа карда мешавад ва тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоии кишвар мустақиман пахш мегардад.

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Баҳси марзӣ анҷом ёфт?

Раиси ҷумҳури Қирғизистон 🇰🇬Содир Жапаров созиши марзӣ бо Тоҷикистонро 🇹🇯шарҳ дода, гуфт, “ҳудудҳое, ки барои муддати дароз мавриди баҳс қарор доштанд, баробар - 50/50 тақсим карда шуданд. Баъзе аз қитъаҳо бо шароити баробар иваз карда шуданд. Ҳоло кори санадгузорӣ дар марҳилаи анҷомёбист”.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина то ҳол шарҳе надодааст.

❗️Содир Жапаров ҳамчунин зикр кардааст, ки баъд аз поёни кори комиссияи байниҳукуматӣ, санадҳоро вазирони умури хориҷӣ имзо, порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон имзо ва ниҳоӣ хоҳанд кард. Баъди он гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғистон боз хоҳанд шуд.

➡️ БЕШТАР

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Дарёфти боз 4 ҷасад дар Конибодом

Шаби 15-16-уми декабри соли равон дар деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом ҷасади боз 4 нафари дигар дарёфт гардидааст.

Ин дуввумин ҳодисаи дарёфти ҷасадҳо дар ин шаҳр бо нишонаҳои куштор давоми як ҳафтаи охир аст.

Манобеи “Азия-Плюс” гуфтанд, ду зан ва ду мард аз ду оила кушта шудаанд. Фарзандони яке аз оилаҳо зинда мондаанд.

Мақомот то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Ҳафтаи гузашта, шаби 8-9-уми декабр, дар маҳаллаи Шӯрқӯрғони ин шаҳр ҷасади 6 узви як оила, аз ҷумла 4 кӯдак дарёфт гардида буд.

#Якхабар
————-
Таблиғ
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Беҳтарин ҳамсар ва оилаҳои ҳунарманд маълум шуд

Дар Тоҷикистон озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд.

🏆«Шоҳҷоиза»-и озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ тақдим гардид.

Шоҳҷоизаи «Беҳтарин оилаи ҳунарманд” бошад, ба оилаи Дилдора Азимова, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов тақдим гардид.

Ҳамчунин чанд нафари дигар соҳиби ҷойҳои аввалу🥇дуюму🥈сеюм🥉 гардиданд. Онҳо кистанд ва чӣ тавр ғолиб шуданд, дар сомонаву саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед.

#Якхабар
————-
Таблиғ
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эмомалӣ Раҳмон дигарбора раиси ҲХДТ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори дигар раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон интихоб шуд. Аммо муовинони ӯ нав шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 сол ин ҷониб роҳбарии ҲХДТ-ро ба зимма дорад, дар анҷумани ахири ин ҳизб бори дигар ва бо “раъйи ҳамаи вакилон” раиси ҲХДТ интихоб шуд.

Ҳамаи муовинҳои ӯ нав шуданд. Аз ҷумла, Маликшо Неъматзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафири Тоҷикистон дар Олмон ва раиси шаҳри Норак ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якум интихоб гардид.

Мирзоқосим Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд.

#Якхабар
————-
Таблиғ
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
💵$350 млн барои Роғун

💡Барои буёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боз 350 млн доллари ИМА пайдо шуд. Онро Бонки ҷаҳонӣ медиҳад.
Ҳайати мудирони бонк созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағи грантӣ дар ҳаҷми 350 млн долларро 17 декабр тасдиқ кард. Созишнома миёни намояндагони бонк ва Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки то аз 3 то 5 дарсади даромад аз фурӯши нерӯи барқро барои ҳимояи қишри камбизоати аҳолӣ равона кунад.

Бонки ҷаҳонӣ изҳори умед кардааст, ки баъди анҷоми сохтмони нерӯгоҳ аҳолии Тоҷикистон тамоми сол бо барқ таъмин мешаванд ва як қисми барқ ба Қазоқистону Ӯзбекистон содир мешавад.

#Якхабар
————-
Таблиғ
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаби гузашта дар як қисми Душанбе барқ қатъ шуд. Сабаб чӣ буд?

💡Дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимотии шаҳри Душанбе” сабаби қатъи барқро садама дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи ҷумҳуриявӣ гуфтанд. Аммо мушаххас зикр накарданд, ки ин чӣ садама буд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки барқ дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар маҳаллаҳои 103, “Профсоюз”, 33 ва баъзе кӯчаҳои маҳаллаи Зарафшон дар пайи садама дар зеристгоҳи “Нав” қатъ гардид.

Баъди рафъи садама, ба сокинон барқ дода шуд. Ва ҳоло сабаби садама таҳқиқ мешавад.

#Якхабар
————-
Таблиғ
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
❗️Гузоштани арча ва ташкили зиёфати солинавӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои кишвар манъ аст.

🎄Вазорати маориф таҷлили бошукӯҳи Соли навро ҳанӯз соли 2012 манъ карда буд. Бо оғози баҳсҳо оид ба иҷозаи таҷлили Соли нав дар макотиби кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ниҳод бори дигар таъкид кард, ки тасмими манъи гузоштани арча ва ташкили зиёфати солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ бекор нашудааст.

🎤Аммо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, қироати шеър ва расмкашӣ дар доираи дарсу машғулиятҳои синфӣ иҷоза аст. Дар вазорат зикр карданд, ки агар дар мактабҳои миёна барномаи солинавӣ бо ҷараёни таълим мувофиқа шуда бошад, маҳдуд карда намешавад.

#Якхабар
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

📢Кор дар Қатар

Шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон 🇹🇯 метавонанд соли оянда барои кор ба Қатар раванд. Музди маош беш аз 600 💵аст ва хароҷоти сафару будубошро кортаъминкунанда пардохт мекунад.

Дар Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки кор дар соҳаҳои чорвопарварӣ, сохтмон, анбори мошинҳо ва хидмарасонӣ дар мехмонхонаҳо аст. Шаҳрвандонро “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад.

Шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ ва надоштани доғи судӣ аст.

Шаҳрвандон дар “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” метавонанд дархост гузоранд.

📍Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ва намояндагии ин ниҳод дар маркази вилоятҳо.

☎️Рақам барои тамос: 225 05 75 ва 225 02 21

—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📖Китоби беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон маълум шуд.

📚Озмуни “Китоби сол” аз ҷониби Вазорати фарҳанг баргузор гардид ва китоби “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон сазовори “Шоҳҷоиза” гардид.

Дар бахши назм китоби «Сетор» – и Фарзона ҷойи 1-ум, «Хандаи талх»-и Муҳаммад Ғоиб ҷойи 2-юм ва «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст»-и Бузургмеҳри Баҳодур ҷойи 3-юмро гирифтанд.

Дар бахши наср китоби «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматулло Мирзо ҷойи 1-ум, «Имтиҳони қисмат»-и Шодӣ Раҷабзод ҷойи 2-юм ва «Қасоси модагург»-и Ховари Пӯлод ҷои 3-юмро гирифтанд.

Муфассал дар бораи ғолибони номинаҳои дигар дар сомона ва саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонед.

#Якхабар
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
📑Акнун сокинони Тоҷикистон барои гирифтани маълумотнома оид ба доғи судӣ бояд изи ангушт супоранд.

📆ВКД ба дастурамали дахлдор тағйирот ворид кардааст ва қоидаи нав аз 1 январи соли 2025 ҷорӣ мешавад.

❗️Тибқи тағйирот барои гирифтани маълумотнома оид ба доғи судӣ чунин ҳуҷҷатҳо лозим аст:

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият,
- маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ ё изи ангушт ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд.
- расиди пардохти хидматрасонӣ.

#Якхабар
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🚗Дар Тоҷикистон 471 ҳазор мошин аз қайди нобудсозӣ ё “утилизатсия” гузашта, ба соҳибони онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода шудааст. Ин пардохти ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар аввали соли равон ҷорӣ гардида буд.

💸Маблағи пардохт аз навъи нақлиёт вобаста буда, барои соли 2024-ум аз 360 сомонӣ то 2 880 сомонӣ мебошад.

Нархи нобудсозӣ барои 🏍️мототсиклҳо 360 сомонӣ ва 🚗мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонад 1 584 сомонӣ мебошад.

📈Ин маблағ ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаст аст ва бо зиёд шудани нишондиҳанда ҳаҷми он ҳам зиёд мешавад.

#Якхабар
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои як соли дигар дароз карда шуд.

📆Ин қонун соли 2021 барои як сол қабул гардид, аммо баъдтар чор маротиба тамдид ёфт.

💵Дар доираи татбиқи ин қонун, тибқи иттилои як сол пеш ироакардаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон “ҳудуди 5,7 миллиард сомонӣ ё тахминан 520 миллион доллар қонунӣ шудааст”. Дар бораи амволи авфшуда маълумот дастрас нест.

#Якхабар
————
Таблиғ: Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
😍Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик мегӯяд.

🎉Соли 2024 бо ҳама ташвишҳояш соли пурбору муваффақиятҳо буд. Дар ин сол тавонистем беш аз 2️⃣0️⃣0️⃣ нашри “Як хабар” сабт ва пешниҳоди шумо намоем. Моро дар ин сол беш аз миллион нафар тамошо карданд, шарҳ навиштанд.

Ташаккур ба ҳамаи шумо, ки дар ин сол бо мо будем.
🗞️Ин ба мо барои таҳияи хабарҳои ҷолиб ангезаи бештар медиҳад. Дар соли оянда низ талош мекунем сазовори эътимоду эҳтироми шумо бошем.

Ба ҳамаи Шумо дар соли 2025 саломативу бурдборӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно дорем.

🎄Соли наватон муборак! Соли 2025 бо мо хотирмон хоҳад буд!