Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем
Дар куҷо метавон аз ташхиси ВИЧ/СПИД гузашт?
Дар Тоҷикистон барои ВИЧ/СПИД дар ҳар як беморхона метавон ба воситаи ташхиси хуш аз санҷиш гузашт. Инро ҳам ошкоро ва ҳам махфӣ анҷом додан мумкин аст.
Ҳамчунин, тест барои ВИЧ-ро мешавад ройгон ва махфӣ дар сомонаи Hivtest.tj фармоиш дод.
Шумо онро худатон дар хона бо истифода аз оби даҳон мегузаронед – осон ва зуд, . Натиҷа дар давоми 20 дақиқа пайдо мешавад, ва танҳо шумо дар бораи он медонед.
Агар натиҷа мусбат бошад, тавсияи мо ин аст, ки ба Маркази ВИЧ/СПИД муроҷиат кунед. Онҷо мутахассисон шуморо раҳнамоӣ карда, қадамҳои минбаъдаро албатта мефаҳмонанд.
Боз суол доред? – ба мо нависед.
__
Таблиғ:
Таъми нотакрори RC Refresher акнун дар бастаи нави қулай.
Олӣ барои сайругашт, тамрин ва истироҳат! Аз таносуби тамӣ ва лаззат баҳра бо RC Refresher баҳра баред.

Дар 6 моҳ беш аз 30 корманди ВКД даст ба фасод задаанд
ASIA-Plus

Дар шаш моҳи соли равон 33 корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар 16 ҳолат даст ба фасод задаанд. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
36% бо доллар ва 60% бо рубл. Додугирифт бо доллари ИМА қариб 50% коҳиш ёфтааст
ASIA-Plus
36% бо доллар ва 60% бо рубл. Додугирифт бо доллари ИМА қариб 50% коҳиш ёфтааст
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2024 муомилот (гардиши савдои хориҷӣ) байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ бо доллари ИМА то 36% поин ва бо рубли русӣ то 60% афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли 2021 ин рақам баръакс буд. Яъне муомилот…
Кумитаи андоз калонтарин қарздоронро номбар кард
ASIA-Plus
Кумитаи андоз калонтарин қарздоронро номбар кард
То 1 июли соли ҷорӣ маблағи қарз андоз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 113 млн доллар)-ро ташкил дода, аз оғози сол 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода…
⚡️Юсуф Раҳмон, прокурори генералии кишвар боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шокирҷон Ҳакимов, Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров ва Аҳмадшоҳ Комилзодаро тасдиқ кард.
Юсуф Раҳмон гуфт, парвандаи онҳо ба паравандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад ва онҳо дар алоқамандии зич қарор доштанд.
Ӯ гуфт, парванда аз ҷониби Додситони кулли кишвар боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.
Юсуф Раҳмон бо такя ба сирри тафтишот ва муҳри махфӣ аз додани маълмуоти бештар дар бораи парванда худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол ишора кард, ки "касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки чӣ кор мекунад ё чӣ вазифаро ишғол карда буд".
Ӯ чӣ хиёнатро дар наазар дошт, маълум нест.
Прокурори генералӣ ба суоли батакрори журналистон дар бораи он, ки онҳо боздошт шудаанд, ё не ва дар куҷо қарор доранд, маълумот надод.
Бо @asiaplustj бошед.

⚡️Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни нишасти хабарӣ рӯзи 8 уми август гуфт, дар мавриди бахшидани қарзҳои ҷамъшудаи бархе аз субъектҳои хоҷагидорӣ лоиҳа пешниҳод шудааст ва айни ҳол дар баррасӣ қарор дорад.
“Аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси бахшидани қарзҳои корхонаҳои воҳиди давлатӣ, корхонаҳои соҳаи хоҷагидории қишлоқ, тухмипарварӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолие, ки қарзҳояшон зиёд шудааст ва қарзи корхонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз мондаанд, якчанд супоришҳо буданд, ки ҳоло дар баррасӣ қарор доранд”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.
Қаблан дар моҳи январи соли 2024, Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар бораи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар хусуси бекор кардани қарзи субъектҳои хоҷагидорӣ, ки то соли 2018 ҷамъ шудаанд, хабар дода буд.

Дар Русия барои муҳоҷироне, ки бояд Русияро тарк кунанд, тартиби ихроҷ ҷорӣ шуд
ASIA-Plus
Дар Русия барои муҳоҷироне, ки бояд Русияро тарк кунанд, тартиби ихроҷ ҷорӣ шуд
Дар Русия нисбати муҳоҷироне, ки барои будубош дар кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, тартиб (реҷаи)-и нави ҳуқуқии ихроҷ ҷорӣ шуд. Тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, президенти Русия Владимир Путин қонуни қабулшударо, ки аз тарафи Думаи давлатӣ 23 июл ва аз…
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар садри рӯйхати фасодзатарин сохторҳо
ASIA-Plus
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар садри рӯйхати фасодзатарин сохторҳо
Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодиро ошкор карда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ…
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фурӯхтани чорпои суфӣ”
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Фурӯхтани чорпои суфӣ” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Фурӯхтани чорпои суфӣ” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
YouTube
Маснавии маънавӣ | Қисми 30 | Фурӯхтани чорпои суфӣ
Ҳамаи ҳикояҳо ➡️: https://www.youtube.com/playlist?list=PLlkKQhZTN7ri5BkBGDCsKyMkX7K2xv2CP
Қироат аз "Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон", "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info…

Додситони кул ифтитоҳи парванда алайҳи Зарифӣ, Искандаров, Комилзода ва Ҳакимовро тасдиқ кард

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парванда нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ карда, гуфт, онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн…
Қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 млрд долларро ташкил медиҳад
ASIA-Plus
Қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 млрд долларро ташкил медиҳад
То моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.
Дар Тоҷикистон 52 мансабдор ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа айбдор мешаванд
ASIA-Plus
Дар Тоҷикистон 52 мансабдор ба дуздии миллионҳо аз буҷети Вазорати мудофиа айбдор мешаванд
Дар Тоҷикистон айни замон барои дуздии маблағ аз буҷети Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбати 52 корманди ин Вазорат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Додситони кул, боздошти беш аз 20 нафарро барои “қасди акти террористӣ” дар арафаи Наврӯз тасдиқ кард

Додситони кулли кишвар боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт, онҳо аъзоёни ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд ва мехостанд “гурӯҳи одамонро заҳролуд…
🤼♂️ Виктор Рассадин, паҳлавони тоҷик ба даври 1/4-ниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.
Рассадин, ки 🇹🇯Тоҷикистонро аз намуди куштии озод дар вазни то 74 кг намояндагӣ мекунад, дар даври 1/8-ниҳоӣ Йоргас Кюмтсидис аз 🇬🇷Юнонро бо ҳисоби 8:2 шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Виктор бо Лу Фен аз 🇨🇳Чин рақобат хоҳад кард.

⚽️ Душанбе дигарбора мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои то 17-соларо мизбонӣ мекунад.
🇹🇯 Дар ин мусобиқа мунтахаби наврасони кишвари мо низ ширкат меварзад. Мақсади ин иштирок омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 гуфта мешавад.
Мусобиқа аз 17-ум то 24-уми август дар Душанбе сурат мегирад. Шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон барои қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа мубориза мебаранд.
Тибқи иттилоъи федератсияи футболи кишвар, қуръакашии мусобиқа рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад. Дар натиҷа дастаҳо ба ду гурӯҳ иборат аз се дастаӣ тақсим мешаванд.
Мунтахабҳое, ки ғолиби гурӯҳи худ мешаванд, ба финали мусобиқа мебароянд. Дастаҳое, ки зинаи дуюмро дар гурӯҳҳои худ соҳиб мешаванд, барои ба даст овардани ҷойи сеюми мусобиқа рақобат мекунанд.
🏟 Баргузории ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.

“Шаҳри бехатар” ба буҷет 16 млн сомонӣ ворид кард
ASIA-Plus
“Шаҳри бехатар” ба буҷет 16 млн сомонӣ ворид кард
Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби 84,8 ҳазор қоидавайронкунии роҳу нақлиёт тавассути “Шаҳри бехатар” 16 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
🤼♂️ Виктор Рассадин, паҳлавони тоҷик ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.
Рассадин, ки 🇹🇯Тоҷикистонро аз намуди куштии озод дар вазни то 74 кг намояндагӣ мекунад, дар даври 1/4-ниҳоӣ Лу Фен аз 🇨🇳Чинро ноком кард.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Рассадин Раҳамбек Ҷамолов аз 🇺🇿Ӯзбекистон куштӣ мегирад.

Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани 650 млн доллар ба сохтмони НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад

Бонки ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”-ро моҳи сентябр баррасӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз, 9 август муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Баъзан ба кӯдак додани дору як санҷиши воқеӣ барои волидон мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо ин раванд бо ғавғои кӯдак меанҷомад ва ӯ доруро ҳатто фурӯ намебарад. Дар нашри нави “Дунёи кӯдак” барои дорудиҳии дуруст ба кӯдак чанд тавсия медиҳем.
#дунёикӯдак
--------
Таблиғ: Меваҳои пухтасоидашудаи "Нури Зулол" аз ширкати "Оби Зулол" болаззат ва барои кӯдак муфиданд!