🔺 Теъдоди мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба 3,5 миллион нафар ё ҳудуди 9 дарсади аҳолии 39 миллионнафараи Афғонистон мерасад.
Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора Абдул Барӣ Умар, муовини вазири беҳдошти "Толибон" (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар як нишасти матбуотӣ хабар додааст.
@asiaplustj

Вазъияти имрӯзаи роҳи Душанбе - Чаноқ:
Ҳоло роҳ кушода буда, гузариши нақлиёт, ба ғайр аз Фура ва автомобилҳои притсепдор имконпазир аст. Дар ин бора филиали ширкати IRS дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" хабар додааст.
Ҳамчунин ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки бо нақлиёти дорои тири пешбар (передок) ба сафар баромада, ба ҳолати техникии автомобилҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

🔺Ҳалокати чор нафар ҳангоми кандани ангишт дар Панҷакент
Чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷекат, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, 2 январ ҳангоми кандани ангишт бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора КҲФ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омада бонги изтироб задаанд.
"Пайвандонашон соати 20:30 ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо онҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд".- омадааст дар хабари КҲФ.
Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил шудаву корҳо идома доранд.
Дар робита ба ин ҳодиса КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд!

🔺Роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст
Шоми дирӯз, ширкати масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ "IRS" хабар дода буд, ки бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст.
Ин ширкат дар шарҳи баста шудани роҳ навишта буд, ки
"дар километри 65- уми роҳи Душанбе - Чаноқ тармаи калон, ки баландиаш зиёда аз 15 метр ва паҳноиаш қариб 300 метрро ташкил медиҳад фаромад".
Гуфта мешавад ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан, то бартараф шудани ин ва дигар тармаҳо боздошта мешавад.

Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Боз ҳам аввалин. Тоҷикистонӣ дуртарин нуқта аз маркази заминро фатҳ кард
Дар арафаи Соли нав кӯҳнавард ва сайёҳи маъруф аз Тоҷикистон Виталий Хинензон қуллаи баландтарини Эквадор - Чимборасоро фатҳ кард. Ин қулла ҳамзамон дуртарин нуқта аз маркази замин маҳсуб меёбад.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса ба пешгирии ҷанги ҳастаӣ даъват карданд
Сарони панҷ кишвар - Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса, ки дорои силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) мебошанд, “дар мавриди пешгирии ҷангии ҳастаӣ ва роҳ надодан ба мусобиқаи таслиҳотӣ” изҳороти муштарак пахш намуданд. Ин санад дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺Фатвои нави "Толибон": "манекенҳоро сар бизанед"
Вазорати амри бар маъруф ва наҳӣ аз мункари ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба дӯкондорони бозору марказҳои саводо дастур додаанд, ки "манекен" ё худ арӯсакҳоро аз назди дӯконҳояшон ё дур кунанд ё онҳоро сар бизананд.

Дар соли 2022 мехоҳед дар шабакаи asia+ бештар чиро бихонед?
Anonymous Poll
57%
- хабарҳои фаврӣ ва дурусту боэътимодро
22%
- ҳаводиси ҷолиби Тоҷикистон ва ҷаҳонро
36%
- инъикоси мушкилоти мардум ва ҷомеаи кишварро
15%
- таҳлилҳо ва мақолаҳои коршиносиро
13%
- видеоҳо ва аксҳои ҷолибу диданиро
12%
- барои ман фақе надорад, ҳар чӣ бошад