🔺 Русия тағйир дар "Sputnik V"-ро барои штамми "омикрон" сохтааст.
Маркази миллии тадқиқотии Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиология тағйироти ваксинаи Sputnik V-ро бар зидди штамми омикронии коронавирус таҳия кардааст.
Айниҳол ваксина аз марҳилаи аввали озмоишҳои клиникӣ мегузарад.
@asiaplustj

Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Холаи Фотима, дарвозизане, ки бо раисҷумҳур “чақ-чақ” кард, 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза озмуни “Фурӯғ...”-ро бурд
Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола, зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
“Салют”-у “хлопушка” дар Тоҷикистон: ба ҳукумат мумкину ба мардум не
Бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо”…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Тоҷикистон амволи пойгоҳи низомии 201-умро аз Русия мегирад
Ҳукумати Русия бинову иншооти шаҳраки низомӣ ва машқгоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Кӯлобу Муъминободро ба Тоҷикистон месупорад. Ин иқдом баъди берун шудани сарбозони рус аз ин пойгоҳҳо рӯи даст гирифта шуд. Вакилони парлумон қарори супоридани амволро…
🔺 Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар додааст.
@asiaplustj
@asiaplustj
Мадина Мамадҷонова дар беморхона даргузашт
Мадина Мамадҷонова, баъди сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.
Даргузашти ӯро вакили мудофеяш Оқил Сангов ба "Азия-Плюс" таъйид кард.
Ба гуфтаи Сангов, Мадина ним соат пеш даргузашт ва ҷасадаш то ҳол дар бемористон аст.

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.15
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст.
Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.
Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.
Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.
Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт.

Қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон идома дорад?
Сокинони як деҳаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, корвони мошинҳои боркаши сӯзишвориро дар видео наворбардорӣ намуда, тахмин кардаанд, ки ин қочоқи маводи сӯзишворӣ аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ин навори видеоро шарҳ додааст.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
“Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд
ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи “Фалак”-и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Созишномаи Тоҷикистон бо Маҷористон дар бораи истирдоди шаҳрвандон тасдиқ шуд
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 15 декабр Шартнома байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва Шартномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Маҷористонро тасдиқ намуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда мешавад
Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосёи Душанбе ба хок супурда мешавад. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз маросими видоъ бо Мадина Мамадҷонова, аз манзили зисташон, воқеъ дар кӯчаи Гурминҷ Завқибеков хабар медиҳад, ки ин ҷо наздикону пайвандон ва бархе фаъолони…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Дар Суғд мехоҳанд ҳукумат фурӯши газӣ табииро барои нақлиёту аҳолӣ иҷоза диҳад
Ширкати “Суғдиёнгаз” дар вилояти Суғд чанд нуқтаи фурӯши гази табиӣ барои нақлиётро омода карда, мунтазир аст, ки ҳукумат иҷоза бидиҳад ва бо ҳамин дар пойин овардани нархи маводи сӯхт мусоидат кунанд.