Азия-Плюс TJ
30.4K subscribers
10.4K photos
2.43K videos
1 file
17.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🤗Уже завтра команда #AsiaPlus отправится в Кохи Суруш для того, чтобы провести репетицию долгожданного музыкального события.

Зал «Суруш Холл», способный вместить более 700 зрителей, оснащен передовым техническим оборудованием и соответствует высочайшим мировым стандартам. Открытие концертного зала состоялось в 2018 году, но за это время здесь было проведено множество ярких, значимых и интересных мероприятий.

Суруш Медиа выступает партнером Церемонии вручения музыкальной Премии от Asia-Plus #TaronaMusicAward 20/21 и мы уверены, что в их уютном зале будет комфортно каждому нашему гостю!

Увидимся уже 11 декабря🙋🏻

@radioasiaplus
Раисҷумҳури пешини Амрико, Доналд Трамп бо ишора ба гуфтугӯи шаби гузаштаи Байден бо раисҷумҳури Русия, гуфтааст, ки Путин ба фирори мо аз Афғонистон нигоҳ мекунад. Ҷое, ки мо таҷҳизоти низомии ба арзиши 85 млрд долларро вогузоштем.
Ронандаи Mercedes дар Душанбе 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард

Падари хонавода аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шуд.

Рӯзи 7 декабр сокини шаҳри Душанбе Нуралӣ Ғаффорови 33-сола дар ҳолати сархушии зиёд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард.

Тавре Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, автомашина нахуст бо суръати баланд ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.

Бар асари ин садамаи нақлиёт Ҷамшед Абдухолиқови 39-сола, ҳамсари 33-солаи вай, фарзандони 8 ва 3-солаи ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Имрӯз, 8 декабр падари хонадон Ҷамшед Абдухолиқов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ҳалок шуд.

Нисбат ба ронандаи автомашина мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20211208/ronandai-mercedes-dar-dushanbe-4-nafar-uzvi-yak-oilaro-bo-avtomashinaash-pahsh-kard
Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдои худ” -ро дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат рӯнамоӣ кард

Дар як ҷаласаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки аз 6 то 8-уми декабри соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо ҳузури намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардид, Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдо”- и худро рӯнамоӣ кард. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҳайати расмии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ширкат намуд.

Завқизода зимни муаррифии тафсир гуфтааст, баъди узвияти Тоҷикистон сарфи назар аз таъсири паёмадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфтааст.

Номбурда гуфтааст, ки маҳз дар ин давра бори аввал дар кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон таъсиси ёфт.

Ҳамчунин, раисикунандаи ҷаласа сафири Ботсвана дар назди СУС ва сафири Корея Таеҳо Ли зикр намудааст, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 баъд аз 11 соли давраи гуфтушунидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон 159–ум узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20211208/toikiston-nahustin-tafsiri-siyosati-savdoi-hud-ro-dar-sozmoni-aon-tiorat-rnamo-kard
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.8

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
🎄Дар Душанбе чароғҳои арчаи асосии солинавӣ фурӯзон шуданд!

@asiaplustj