Азия-Плюс TJ
27.1K subscribers
11.6K photos
2.76K videos
1 file
19.5K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
💰Соли гузашта Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷиикистон аз ҳисоби хидматрасониҳои пулакии нуқтаҳои назорати давлатӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 14,4 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ Маҳмуд Ширинҷонзода, муовини аввали раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2024 барои риоя накардани талаботи зотпарварӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 9 парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо бо маблағи 12 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Маҳмуд Ширинҷонзода иттилоъ дод, ки дар умум соли гузашта барои қонуншиканӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ алайҳи 2804 нафар парвандаи маъмурӣ боз гардида, онҳо дар маҷмуъ бо маблағи 585 ҳазору 317 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон соли гузашта ба дигар кишварҳо 275,4 ҳазор тонна маҳсулот содир кардааст. Аз он ҷумла:

87,4 ҳазор тонна меваи хушк,
98,6 ҳазор тонна нахи пахта ва
11,1 тонна ришта.


#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚Рӯзи 10-уми феврал дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишгоҳи фурӯши китоб баргузор мешавад.

🕰 Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, ин чорабинӣ аз соати 10:00 оғоз ёфта, то 16:00 идома меёбад.

📖 Гуфта мешавад, дар ин намоишгоҳ ноширони маҳаллӣ барои алоқамандони китоб адабиёти бадеӣ, илмӣ, кӯдакона, инчунин тарҷумаи китобҳои маъруфро пешниҳод хоҳанд кард.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Раиси нави Хадамоти алоқа ваъдаи арзон кардани нархи интернетро дод

💬 Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд

💬 Амри Трамп дар бора боздошту ихроҷи муҳоҷирон. Тоҷикони ИМА чӣ ҳол доранд?

💬 Раиси нави Хадамоти алоқа блогеронро "гунаҳкор"-и суст будани интернет хонд

💬 Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон

💬 Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”

💬 Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?

💬 Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ-марзи Рӯшон, ки як бахши долони байналмилалии роҳи Душанбе–Хоруғ–марзи Чин хоҳад шуд, як сол пеш аз муҳлати пешбинишуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 29 январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, бар асоси лоиҳа ин қисмати роҳ бояд соли 2026 пурра сохта мешуд.

🛣 Ба гуфтаи Азим Иброҳим, аз 15 пули ин роҳ сохтмони 13-тои он ба поён расидааст. Ҳамчунин, аз 4 ҳазор метр дарозии нақби аввал 3 ҳазору 388 метри он ва аз 1 ҳазору 800 метр дарозии нақби дуюм 1000 метраш сохта шудааст.

Бояд гуфт, бозсозии ин қисмати душворгузари шоҳроҳи Душанбе–Қулма моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфта буд. Чин барои ин лоиҳа 230 миллион доллар грант ҷудо кардааст.

Паймонкори асосии ин лоиҳа ширкати чинии "China Road and Bridge Corporation" (CRBC) мебошад. Баъд аз таҷдиди пурра, ин масир 16 км кӯтоҳтар шуда, дарозии умумии он 92,3 км-ро ташкил хоҳад дод.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇨🇳Дар Чин ҳуши маснуии нави "DeepSeek" пайдо шуд, ки онро бо "ChatGPT" муқоиса мекунанд ва ҳатто таҳдид ба он меноманд. Оё "DeepSeek" метавонад рақиби ҷиддии "ChatGPT" бошад? Инро дар навор таҳлил мекунем.

🧠 Рустам Гулов, мутахассиси расонаҳои нав ва фанновариҳо ҳуши маснуӣ (AI) шарҳ медиҳад, ки "DeepSeek" аз "ChatGPT" чӣ фарқ дорад, чӣ қадар қудратманд аст ва оё "OpenAI" бояд нигарон бошад ё не.

📹 Наворро то охир тамошо кунед ва фикри худро дар шарҳ нависед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️ Як ҳавопаймои ширкати амрикоии "American Airlines" дар осмони Вашингтон ба чархбол бархӯрда, суқут кардааст.

Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ хабар дода, навиштаанд, ки ин ҳодиса ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи ба номи Рейгани пойтахти Амрико рух дода, дар натиҷа ҳавопаймо ба дарёи Потомак афтидааст.

Гуфта мешавад, дар дохили ҳавопаймо 64 нафар, 60 мусофир ва 4 сарнишин ҳузур доштаанд.

CNN бо истинод ба ширкати "American Airlines" хабар додаааст, ҳадди ақал 4 нафар наҷот ёфта, ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммад Ҷулонӣ), роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом"* (ҲТШ) дар мусоҳибае бо ББС гуфтааст, бояд ин гурӯҳ аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун карда шавад. ҲТШ-ро Созмони миллали муттаҳид, Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Британия ва…
⚡️Аҳмад Шаръ раисҷумҳури муваққати Сурия таъйин шуд

Аҳмад Шаръ, роҳбари шӯришиёни собиқи Сурия, ки моҳи гузашта режими Башор Асадро дар ин кишвар сарнагун карданд, рӯзи 29-уми январ ба унвони раисҷумҳури муваққатӣ ва давраи интиқоли Сурия таъйин гардидааст.


Дар ин бора расонаҳо хабар дода, навиштаанд, ки ҳукумати нави Сурия қонуни асосии ин кишварро, ки дар замони ҳокимияти Башор Асад тасвиб шуда буд, бекор ва парлумони кишварро пароканда кардааст. Ҳамчунин, артиш ва ниҳодҳои амниятии ҳукумати Асад низ барҳам дода шудаанд.

Гуфта мешавад, то таҳияи қонуни асосии нав Аҳмад Шаръ салоҳияти таъсиси шӯрои қонунгузорро дорад.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамаи гурӯҳҳои шӯришӣ пароканда шуда, ба сохторҳои давлатӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
🛫Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" соли ҷорӣ парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.

📣 Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, раиси ин ширкат дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ хабар дод.

Ӯ дақиқ нагуфт, ки парвоз ба ин минтақаҳо кай оғоз мешавад, танҳо изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир корҳои таъмири фурудгоҳҳои маҳаллии Рашт ва Лахша идома дорад.

Ёдрас мешавем, ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи сентябри соли гузашта аз роҳандозии дигарбораи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дод. Он вақт дар ин ширкат гуфта буданд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 парвозҳо аз Душанбе ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айниро низ ба роҳ мемонанд.

Баъдан дар моҳи январ ин ширкат парвоз дар масири Кӯлоб ва Панҷакентро оғоз кард. Аммо парвоз дар хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе пас аз чор маротиба таъхир анҷом ёфт. Масъулини ширкат ҳар бор сурат нагирифтани парвоз аз Душанбе ба Панҷакент ва баръаксро ба номусоидии ҳаво рабт медоданд.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Соли гузашта Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикори 115 гӯсфанди Марко Поло, 16 бузи кӯҳии Морхӯр ва 16 гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ё Уриал иҷозатнома додааст.

Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси ин ниҳод имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

💰Ба гуфтаи ӯ, арзиши шикори як сар Марко Поло 55 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ 34 ҳазору 57 сомонӣ ва бузи кӯҳии Морхӯр 408 ҳазору 678 сомонӣ муқаррар шудааст.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
💠 Соли гузашта дар Тоҷикистон 26 ҳазору 81 ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардидааст.

Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Аммо ӯ нагуфт, ки ин қонуншиканиҳо аз тарафи кӣ содир шуда ва чӣ ҷазое нисбати онҳо татбиқ шудааст.

💠 Дар идома дар Кумитаи муҳити зист иттилоъ доданд, ки давоми соли 2024 барои вайрон кардани тартиботи партофт ва нигоҳдории партовҳо нисбати 316 раисони ҷамоат ва 46 муовинони соҳавии раисони ноҳияя муҷозот таъйин гардид. Вале дақиқ гуфта нашуд, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Корбарони гиромӣ!

📆 Пагоҳ, 31-юми январ ниҳодҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд:

🏫 Вазорати маориф;

🏛 Кумитаи дин
.

Агар шумо ба ин мақомот савол дошта бошед, метавонед онҳоро тавассути мо – хабарнигорони "Азия-Плюс" пешниҳод кунед. Саволҳои худро дар шарҳ нависед.

Ҳайати таҳририяи "Азия-Плюс" аз миёни саволҳо муҳимтарин ва мубрамтаринашро барои пешниҳод ба мансабдорон интихоб мекунанд.

Мо ҳар рӯз дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ниҳодҳое, ки рӯзи дигар нишаст мегузаронанд, нашр мекунем, то шумо огоҳ бошед ва саволҳои худро пешниҳод кунед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM