Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.77K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
⚡️Ҷашни Сада имсол 1-уми феврал баргузор мешавад

Рӯзи 1-уми феврал дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад.


Дар ин бора Вазорати кишоварзии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз ҳамчунин дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва намоиш-фурӯши ниҳол доир мешавад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов. Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чӣ гуфтанд?

💬 Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад

💬 Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт

💬 “Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат

💬 Боздошти зани серфарзанд аз Тоҷикистон, ки гувоҳномаи манзил гирифта буд

💬 Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?

💬 Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти блогеронро ба танзим медароранд

💬 Нигаронии Омбудсмен аз вазъи муҳоҷирон дар Русия

💬 Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон соли гузашта 340 шахсони ҳуқуқӣ, мансабдорон ва воқеиро барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Ҳамаи онҳо дар умум бо маблағи 1 миллиону 613 ҳазору 536 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Раҳим Санъат, сардори ниҳоди мазкур дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, соли гузашта Хадамот 270 назорати техникӣ гузаронида, дар рафти ин санҷишҳо 3500 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ошкор шудааст.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Охири соли 2024 Тоҷикистон содироти барқро зиёд кард

Соли гузашта ҷумҳурӣ аз ҳисоби содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 113 млн доллар даромад ба даст овард.

Моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 6,4 млн доллар нерӯи барқ содир кард, ки қариб 53% зиёдтар нисбат ба моҳи пешин аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба сурати умум, дар соли 2024 аз Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи ҳудуди 113 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар соли 2024 ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,8%-ро ташкил дод.

Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки дар дохили худи ҷумҳурӣ камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад, неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва дигар таҷҳизоти зерсохтор интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.

Қаблан ширкати электроэнергетикии Афғонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) хабар дода буд, ки барои харидории барқ дар соли 2025 бо ширкати “Барқи тоҷик” тавофуқ ҳосил кардааст. Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашуда буд.

Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ амал мекунад - дар як шабонарӯз ба онҳо субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5 соат барқ дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 22,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ҳудуди 93%-и барқи истеҳсолшуда дар соли гузашта ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Раҳим Санъат, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ сабабҳои марги се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”-ро шарҳ дод.

Ӯ яке аз сабабҳои ин ҳодисаро ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи коргарон рабт дод.

Раҳим Санъат боз чӣ гуфт? Дар навори мо бинед.

Сардори Хадамот зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар пайи ҳодисаи "Роғун" бар зидди ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи Раҳим Санъат, ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ин маврид дар ҳаҷми 500 саҳифа омода карда, ба Додситонии шаҳри Роғун супурдааст. Гуфта мешавад, ҳоло Додситонӣ ин қазияро пеш мебарад.

Ёдрас мешавем, ки ҳодисае, ки ба марги се нафар оварда расонд, 12-уми ноябри соли 2024 дар майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рух дода буд. Як нафари дигар дар пайи ин воқеа ҷароҳат бардошта буд.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Корбарони гиромӣ!

📆 Пагоҳ, 29-уми январ ниҳодҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд:

🌐 Хадамоти алоқа;

✈️ Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, фурудгоҳ ва ширкати "Тоҷик Эйр";

🚗 Вазорати нақлиёт.

Агар шумо ба ин мақомот савол дошта бошед, метавонед онҳоро тавассути мо – хабарнигорони "Азия-Плюс" пешниҳод кунед. Саволҳои худро дар шарҳ нависед.

Ҳайати таҳририяи "Азия-Плюс" аз миёни саволҳо муҳимтарин ва мубрамтаринашро барои пешниҳод ба мансабдорон интихоб мекунанд.

Мо ҳар рӯз дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ниҳодҳое, ки рӯзи дигар нишаст мегузаронанд, нашр мекунем, то шумо огоҳ бошед ва саволҳои худро пешниҳод кунед.

#НишастиматбуотӣАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
🇹🇯🇮🇷Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро ҷашн гирифтанд

Дирӯз, 27-уми январ, дар пойтахти Эрон 60-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ таҷлил шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони дипломатӣ, донишмандон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносон иштирок ва суханронӣ карданд.


Маросим дар толори Донишкадаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор гардид.

Дар ин бора дертар гузориши пурраи мо нашр мешавад.

📸: аз саҳифаи "Фейсбук"-и Mohammad Reza Shabankareh

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
⚡️Аз 33 гаравгоне, ки ҲАМОС дар марҳилаи аввали иҷрои созишномаи оташбас бо Исроил бояд раҳо мекард, 8 танашон ҷон бохтаанд.

Дар ин бора мақомоти Исроил хабар дода, гуфтаанд, ки феҳристи гаравгонҳоро рӯзи якшанбе ҲАМОС ба онҳо додааст.

Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки хабари ҷон бохтани ин ҳашт гаравгонро ба хонаводаҳояшон расонидаанд. Вале номи онҳо то ҳол ифшо нашудааст.

Гуфта мешавад, ҲАМОС ҷасади ин фавтидагонро ба Исроил месупорад.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи оташбас байни Исроил ва ҲАМОС аз 19 январи сол ба иҷро даромад. Бар асоси он ҲАМОС бояд 33 гаравгони исроилиро озод кунад. Дар ивази онҳо Исроил ҳудуди 1900 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад.

То имрӯз ду марҳилаи ивази гаравгонҳо анҷом шуд. ҲАМОС дар ду давр ҳафт гаравгон ва Исроил 290 маҳбуси фаластиниро раҳо кард.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🚫Гумонбарони ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шудаанд

Онҳо 9 нафар буданд ва дар миёнашон як зан ҳам ҳаст.

Нуҳ гумонбар дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб аз панҷ сол то ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ягона зан дар ин парванда Холисамо Раҳимова 5 сол раовнаи зиндон шуд, вале бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.

Радиои Озодӣ аз қавли Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб навишт, ки Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба Ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб, ки моҳи январи соли гузашта рух дода буд, дар курсии айбдорӣ нишаста, нисбаташон ҳукм содир шуд.

Манбаъ мушаххас нагуфтааст, ки кадоме аз инҳо чанд солӣ ҳукм гирифтан ва киҳо ба ҳукми абад равонаи зиндон шуданд.
Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 январи соли равон дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд.

Моҳи феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки аз рӯи ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд.

Қаблан, Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии гуфта буд, “ҳамаи онҳо (гумонбарон-аз идора) ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд. Роҳбари гурӯҳ Бахтиёр Маҷидзода. Зан ҳамсараш аст, ки парчами “Давлати исломӣ”-ро дӯхта, бо дигар аъзои гурӯҳ ҳамкорӣ мекард. Нисбати ӯ бо моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст”.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM