Азия-Плюс TJ
28.1K subscribers
11.1K photos
2.67K videos
1 file
19K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Азия-Плюс TJ
🚫Дар пайи шиддати бориши барф роҳи Душанбе-Чаноқ барои мошинҳои боркаш муваққатан баста шудааст 🛣 Ширкати IRS бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки дар пайи шиддат гирифтани бориши барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан…
❗️Роҳи Душанбе-Чаноқ баста шудааст

🛣 Дар пайи бориши барфи пуршиддат роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масире, ки Душанберо бо шимоли кишвар мепайвандад, баста шудааст.


🚫Дар ин бора ширкати IRS хабар дода, навиштааст, ки сабаби баста шудани роҳ коркарди маводи зиддилағжиш дар он аст. Ин ширкат нагуфтааст, ки роҳ кай боз мегардад, вале гуфта мешавад, қатъи ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатӣ аст.

Бояд гуфт, ширкати IRS рӯзи 3-юми январ хабар дода буд, ки дар пайи шиддат гирифтани бориши барф ҳаракати мошинҳои ядакдор ва фураҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан манъ карда шудааст.

Ин ширкат гуфта буд, ин маҳдудият "бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар воситаҳои нақлиёт" ҷорӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати IRS масъули нигаҳбонии роҳи Душанбе-Чаноқ аст ва барои ин кораш аз ронандаҳо пул мегирад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Оҷонсии Обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, то охири ҳафта бар асари бориши барф дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонии вилояти Суғд ва дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хавфи фаромадани тарма, яхбандӣ ва резиши санг вуҷуд дорад.

Ин ниҳод ҳамчунин, гуфта буд, аз 2-юм то 5-уми январи соли оянда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ бориши борону барф дар назар аст.

❗️Агар шумо дар ҳоли ҳаракат дар масири Душанбе-Чаноқ бошед, ба мо аксу навор фиристед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
❗️Роҳи Душанбе-Чаноқ баста шудааст 🛣 Дар пайи бориши барфи пуршиддат роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масире, ки Душанберо бо шимоли кишвар мепайвандад, баста шудааст. 🚫Дар ин бора ширкати IRS хабар дода, навиштааст, ки сабаби баста шудани роҳ коркарди маводи зиддилағжиш…
❗️Ширкати IRS мегӯяд, роҳи Душанбе-Чаноқ пас аз чанд соати баста будан дигарбора боз шудааст.

Ин ширкат қаблан навишта буд, ки дар робита ба бориши барфи пуршиддат роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масире, ки Душанберо бо шимоли кишвар мепайвандад, баста шудааст. Сабаби баста шудани роҳ коркарди маводи зиддилағжиш дар он гуфта мешуд.

Аммо ба гуфтаи манбаъ, дар ин роҳ ҳаракати мошинҳо боркаши ядакдор ва фураҳо то ҳол манъ аст.
Ширкати мазкур шоми рӯзи 3-юми январи бо нашри як иттилоия хабар дода буд, ки дар пайи шиддат гирифтани бориши барф ҳаракати ин навъи нақлиёт мамнуъ шудааст.

Дар хабар гуфта мешуд, ин маҳдудият "бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар воситаҳои нақлиёт" ҷорӣ шудааст. Вале то ҳол маълум нест, ки роҳ барои мошинҳои боркаш кай боз мегардад.


❗️Агар шумо дар ҳоли ҳаракат дар масири Душанбе-Чаноқ бошед, ба мо аксу навор фиристед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ via @bold
asiaplustj.info/tj Ҳизби коммунист пешвои худро номзад ба мансаби
⚡️Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) 6 номзади худро барои ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи март пешбарӣ кардааст.

Онҳо Меҳроҷ Абдуллоев, Инъомҷон Подшоев, Зарагул Мирасанова, Отахон Ҳасанов, Абдуҷаббор Умарзода ва Ҳикматулло Ҳамидов ҳастанд.

Тавре ки хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ медиҳад, рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Душанбе анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб баргузор гардида, дар он масъалаҳои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилиӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар кишвар ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон  дигар ҳизбҳо номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанде пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ pinned «❗️Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст »
❗️Дар вилояти Воронежи Русия боз дар чанд соҳаи дигар кор барои муҳоҷиронро манъ карданд.

Қарори манъи кори муҳоҷирон дар чанд соҳаи дигарро волии Воронеж Александр Гусев рӯзи 28 декабр имзо кардааст. Акнун шахсони муҳоҷир дар ин вилоят наметавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият кунанд:

🔹Колорасонӣ;
🔹Маориф;
🔹Тандурустӣ;
🔹Тиҷорат;
🔹Нигоҳубини беморон.

Дар ин вилоят танҳо корҳое, ки ба кумакрасонӣ алоқаманданд, иҷозат дода мешаванд, аз ҷумла дар боркашӣ, кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ.

Гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки ҳоло дар вазифаҳои барои онҳо манъшуда кор мекунанд, аз кор озод карда мешаванд ё ба вазифаҳои мувофиқ бо дастури волӣ гузаронида мешаванд.

Қабл аз ин тобистони соли 2024 дар вилояти Воронеж барои муҳоҷирон фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва савдои чаканаро мамнуъ эълон карда буданд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тӯтӣ ва устоди суханомӯз”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Тӯтӣ ва устоди суханомӯз” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Боздошти як зан, ки либоси милитсияро пӯшида ҳамсояҳояшро озор медодааст

Пулиси пойтахт як занеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, либосҳои милитсияро пӯшида, шабҳо оромии ҳамсояҳояшро халалдор мекардааст.


Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст, ки ин зан Камила Икромзода, сокини 30-солаи пойтахт буда, дар асл корманди милитсия набудааст.

”Ин амали зишти ӯ метавонад обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсияро коста гардонад”, - омадааст дар хабари пулиси Душанбе.

Ин ниҳод навиштааст, ки ин занро баъди шикояти ҳамсояҳояш дастгир кардаанд.

Манбаъ, аз ҷузъиёти дигари қазия чизе нагуфтааст.

Маълум нест, ки нисбати Камила Икромзода чӣ ҷазо татбиқ карда мешавад, танҳо гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ин қазия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш давом дорад.

Назари худи боздоштшуда ва наздикони ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Пулиси Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки бо мушоҳидаи ҳама гуна амалҳои номатлуб метавонанд бо рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба Раёсати ВКД дар пойтахт муроҷиат кунанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, нимаи дуюми моҳи январ бори нахуст ба Тоҷикистон меояд.

Ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад ва як қатор санаду қарордодҳоро ба имзо мерасонад.

Ғайр аз ин, интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар масъалаҳои таъсиси як кумитаи муштарак, бунёди мактаби "Рӯдакӣ" ва парвозҳои мустақим байни ду кишвар баррасӣ шаванд.

Ҷузъиёти дигари сафари нахустини Пизишкиён ба Тоҷикистонро давоми рӯз дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии "Азия-Плюс" мутолиа кунед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Маълум шуд, ки дар Душанбе кай сохтмони метро оғоз мешавад

Сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км, аз ҷанубии шаҳр (самти минтақаи Бохтар
) ба марказ, то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

Бояд гуфт, моҳи марти соли 2022 Азим Иброҳим, вазир нақлиёт ва Ким Хан Ён, раиси Ширкати миллии роҳи оҳани Корея ёддошти тафоҳум барои сохтмони метро дар Душанберо имзо карда буданд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух додааст

🌍Тибқи иттилоъи зилзилашинсон, рӯзи 6-уми январ дар кишвар ду заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин заминларзаҳо бозтоби таконҳои зеризаминие ҳастанд, ки дар хоки Афғонистон рух додаанд.

📍Гуфта мешавад, заминларзаи аввал соати 09:32 рух додааст. Маркази он дар 261-километри ҷанубу шарқи Душанбе, 56-километрии шаҳри Хоруғ ва 61-километрии ноҳияи Ишкошим, дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир будааст. Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 баллро ташкил дода, дар Хоруғ ва Ишкошим 2 балл эҳсосо шудааст.

📍Заминларзаи дуюм соати 12:17 сабт шудааст. Маркази он дар 221-километрии ҷануби Душанбе, 68-километрии ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, ҳамчунин дар ҳудуди Афғонистон қарор доштааст.

📍Дар марказ қувваи заминҷунбӣ 3 балл ва дар Шаҳритӯс 2 балл ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Сокинони баъзе минтақаҳои кишвар шикоят доранд, ки гоҳе вақт давоми як-ду рӯз барқи онҳо хомӯш мешавад.

❗️Шумо ҳам шоҳиди чунин ҳолат будед? Агар "ҳа", пас дар кадом минтақа ва кай? Лутфан, дар шарҳ нависед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM