Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
⚡️Дар Бохтар беш аз 57 ҳазор дона "хлопушка" мусодира шуд

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар миқдори зиёди маводи пиротехникиро мусодира карданд.

Сокини маҳаллӣ Тошматов Давлатбек боздошт шудааст.

Аз ӯ 960 қуттӣ (57120 адад) маводи пиротехникӣ дарёфт гардид. Ҳоло тафтиши ин қазияро идома дорад.

Дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи пиротехникӣ тибқи қонун ҷарима ё то 2 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.
⚡️Директори Лигаи футболи Тоҷикистон нав шуд

Субҳон Шодиев, ки қаблан муовини директори генералии ин ташкилот буд, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон
таъйин шуд.

Сайвалӣ Дониёрзода, директори қаблии Лигаи футболи Тоҷикистон бошад, чанд рӯз пеш ноиби президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

📷: ФФТ

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Рӯзи 20-уми декабр Ҳизби демократии Тоҷикистон анҷумани навбатии худро баргузор мекунад.

Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, анҷуман соати 10:00 дар толори Қасри варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷумани навбатии ҳизб масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо ба он баррасӣ мешавад.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. Вале то ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ягонтоаш номзадҳои худро эълон накардаанд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Оғози маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуиявии "Беҳтарин ҳамсар" ва "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" дар шаҳри Душанбе

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Беҳтарин ҳамсар" 14 ҳамсар ва озмуни "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" 15 оила аз саросари кишвар иштирок доранд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
🏆Бадахшон "Шоҳҷоиза"-и озмуни "Беҳтарин ҳамсар"-ро ба даст овард.

🏆 Алидодов Хушомад аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сазовори "Шоҳҷоиза"-и озмуни "Беҳтарин ҳамсар" дониста шуд.

🥇Бахтиёр Ҳасанов аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал;

🥈Бобоев Мунис аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҳакимов Акмал аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм;

🥉Холов Турахон аз ноҳияи Шаҳринав, Муҳаммадшерзодшоев Умед аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ва Шарипов Ҳоҷӣ аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи занон ва оилаи кишвар иттилоъ додааст. Ба навишти манбаъ, ҳадафи озмун ҷалби ҷомеа ба ҳунармандӣ, касбомӯзӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ…
⚡️Беҳтарин оилаҳои ҳунарманд дар Тоҷикистон маълум шуданд

🏆Дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин оилаи ҳунарманд” оилаи Азимова Дилдора аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

🥇Оилаи Набиева Нигинамо аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал;

🥈Оилаи Лайлиев Некрӯз аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва оилаи Носиров Фозилҷон аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойҳои дуюм;

🥉Оилаи Қодирова Фариштамо аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, оилаи Рашидов Ҳабибулло аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ва оилаи Шарипов Ташриф аз ноҳияи Рашт ба гирифтани ҷойҳои сеюми озмун мушарраф шуданд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM