Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
⚡️Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар дода, навиштааст, ки боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфтааст.

Ӯ дар ин шаҳр бинои таълимӣ ва хобгоҳи мактаби шабонарӯзӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторро ифтитоҳ кардааст, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд ёфта ва 520 хонанда имкони таҳсил дар онро доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ 4 мактабро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ сохта шудаанд, ифтитоҳ кардааст.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
«Барои хӯрок ва роҳкиро». Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?

Ҳамасола 17 ноябр Рӯзи ҷаҳонии донишҷӯён таҷлил мегардад. Ба ин муносибат аз донишҷӯён пурсидем, ки моҳе чанд сомонӣ ва барои чӣ сарф мекунанд.

Посухи донишҷӯён дар навор.

Шумо дар як моҳ чанд сомонӣ сарф мекунед? Дар шарҳ нависед.
⚡️Мақомот занеро, ки навори аз сӯи ӯ латукӯб шудани панҷ кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, боздошт кардаанд. Ин зан модарбузурги кӯдакони хурдсол будааст.

Навори латукӯби панҷ кӯдаки хӯрдсол аз ҷониби як зан, ки рӯзи 16-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вокуниши зиёди корбаронро дар пай дошт. Дар навор дида мешуд, ки ин зан кӯдаконро, ки зоҳиран 3 то 7 сол доранд, дохили хона бурда, бо химча онҳоро мезанад. Кӯдакони хурдсол рӯи фарш хобидаанд ва гиряву зорӣ мекунанд, ки онҳоро назанад.

Дар шарҳи ин навор корбарони зиёде аз мақомот талаб карданд, ки ин занро ёфта ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дирӯз, 17-уми ноябр бо нашри хабаре гуфт, ин занро боздошт кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ сокини 54-солаи деҳаи Фрунзеи ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст ва кӯдакони хурдсол набераҳои ӯ будаанд.

Пулиси Хатлон гуфтааст, ки сабаби ба чунин кор даст задани боздоштшуда таҳқиқ мешавад ва ҳоло маълум нест, ки барои чӣ ӯ нисбат ба набераҳояш шиканҷаро раво дидааст. Назари худи ин зан ҳам маълум нест.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”

📌Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Сулаймон ва Билқис” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Бо бастани тасмаи бехатарӣ, шумо одати наҷотбахшро тарғиб менамоед.
Дар дохили нақлиёт, барои насли нав намуна бошед!
#ТасмаиБехатарӣБандед

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)”, бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ, ба таҳия расидааст!
👨🏻‍🎓Оғози ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе

Имрӯз, 18-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ оғоз гардид ва ҳоло он идома дорад.

Дар чорабинӣ донишгоҳҳои хориҷӣ барномаҳои таҳсил ва имкониятҳои худро барои донишҷӯёну довталабони тоҷик муаррифӣ мекунанд.

Маъракаи мазкур то 22 ноябр идома ёфта, чорабиниҳои дигари он дар Маркази амрикоии Душанбе (American space Dushanbe) мегузарад.

Бо бошед: Telegram