Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.42K videos
1 file
17.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
⚡️Имрӯз, 27 уми август, дар пойтахти кишвар бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бинои се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, Колеҷи хореографии ба номи Малика Собирова, Колеҷи санъат ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ифтитоҳ шуд.

Бо @asiaplustj бошед.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Чанд ҷавони тоҷик дар хориҷ таҳсил мекунад?

41 ҳазору 200 ҷавони тоҷик берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин бора Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Дар сегонаи аввал Русия – беш аз 33 ҳазор донишҷӯ, Чин - 2 ҳазор 900 донишҷӯ ва Қазоқистон - 970 донишҷӯ қарор доранд.

Дар Туркия, Беларус, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Малайзия аз 400 то 900 донишҷӯи тоҷик таҳсил доштаанд.

Дар умум, дар беш аз 25 давлати ҷаҳон ҷавонони тоҷик ба таҳсили илм машғул будаанд.
——————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
⚡️Президент фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард

Имрӯз, 27-уми август, фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ба имзо расид.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.

Тибқи фармони раиси ҷумҳур, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Ҳамчунин, дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбии тирамоҳӣ даъват мегарданд.

Бо @asiaplustj бошед.
Таблиғ: Акнун бо Юнистрим интиқоли пул ба Тоҷикистон тариқи рақами телефон, шабонарӯзӣ ва бе рӯзи истироҳат имконпазир аст.
⚡️Дар Хатлон беш аз 100 корманди маорифро бо мукофотпулӣ қадрдонӣ ва ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақдим кардаанд.

Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамзод, суханги раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Мукофотпулие, ки ба аҳли маориф тақдим шудааст, наздики 500 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Бо @asiaplustj бошед.