Азия-Плюс TJ
28.1K subscribers
11.1K photos
2.67K videos
1 file
19K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Дар Душанбе аз 28 то 31 август аввалин қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир мегардад. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.

Мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар 6 вазн рақобат мекунанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллар аст.

Рақобатҳо дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мегардад. Барои тамошобинон даромад ройгон аст.
—————-
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
⚡️Дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 804 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 192 адад зиёд мебошад. Соли 2023-юм 11 ҳазору 612 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.

Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шудааст, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ВКД чунин ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст:

- одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41 (2023-24);

- роҳзанӣ – 11 (2023-5);

- ғоратгарӣ – 33 (2023-61);

- таҷовуз ба номус – 17 (2023-25);

- хариду фурӯши одамон 38 (2023-34);

- қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 61 (2023-54);

- авбошӣ – 776 (2023-666);

- қаллобӣ – 1820 (2023-1491);

- дуздӣ – 2036 (2023-2229);

- тамаъҷӯӣ 20 (2023-26);

- муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 (2023-328).

Бо @asiaplustj бошед.
⚡️Дар натиҷаи 539 садамаи нақлиётӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Шумораи садамаҳо нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 47 адад (2023-492) зиёд мебошад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 11,8 фоиз, маҷрӯҳшудагон 13,3 фоиз ва ҳалокшудагон 22,3 фоиз зиёд шудааст.

Бо @asiaplustj бошед.
🚒Дар натиҷаи сар задани 494 сӯхтор дар шаш моҳи соли равон 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин 7 нафарашон ноболиғон мебошанд. Зарари сӯхтор дар ин давра 12 миллиону 137 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, дар ним сол дар кишвар 494 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат (2023-581) кам мебошад.

“Аз коми сӯхтор ҳаёти 37 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудааст”, - менависад ВКД.

Бо @asiaplustj бошед.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шер дар ҷойи гов”

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Шер дар ҷойи гов” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо
@asiaplustj бошед.
Дар шаш моҳи соли равон 95 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм ва экстримизм ба қайд гирифта шуда, 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар дастгир гардидаанд.

Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Маблағи умумии маблағгузорӣ ба терроризм 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар ним сол дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 амали сӯиқасд ба терроризм ба қайд гирифта шуда, ошкор гардидаанд.

Бо @asiaplustj бошед.
Давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 1381 нафар, ки барои ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир карда шудаанд.

Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилии кишвар иттилоъ дода, илова кард, ки "аз ҷумла, тавассути “Интерпол” 44 нафар, ки дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир гардида, 22 нафари онҳо аллакай ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд. Истирдоди 22 нафари дигар дар ҳоли баррасӣ аст".

Бо @asiaplustj бошед.
Азия-Плюс TJ pinned «“Дар ним сол 3,5 ҳазор QR-рамз кам шуд”. Раиси Бонки миллӣ сабаби кам шудан ва мушкилиҳо дар кори QR-рамзҳоро шарҳ дод»
Дар шаш моҳи соли равон 33 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба 16 ҷинояти коррупсионӣ даст аздаанд. Нисбати онҳо 33 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Аммо, ӯ нагуфт, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Бо @asiaplustj бошед.
⚡️Аламшозода Абдураҳмон, муовини вазири корҳои дохилӣ дар масъалаи боздоштҳои охири чеҳраҳои матраҳ, мисли Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода, Акбаршоҳ Искандаров, гуфт, “тафтиши ин парвандаҳоро ВКД пеш намебарад, аз ин рӯ, ба мақомоте, ки тафтиши ин парвандаро мебаранд, муроҷиат кунед”.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки тафтиши ин парвандаҳоро кадом ниҳод пеш мебарад.

Бо @asiaplustj бошед.
Ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиётии нақлиёти барқӣ ё электромобилҳо вазифадоранд, ки рақами сабз гиранд.

Ин дар асоси қарори ҳукумат аз 2 апрел аст. Маблағи рақамҳои сабз аз рақамҳои оддӣ фарқ надорад ва он 380 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора дар посух ба суоли “Азия-Плюс” Рустам Мирзомуродзода, сардори БДА Тоҷикистон хабар дод.

Бо @asiaplustj бошед.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Дар Тоҷикистон имтиёзи воридоти телефонҳо барои истифодаи шахсиро бекор карданд. Акнун тамоми дастгоҳҳои мобилӣ мувофиқи қоидаҳои умумӣ боҷбандӣ карда мешаванд.

Пештар, агар шахс телефонро аз хориҷа барои истифодаи шахсӣ ё тӯҳфа оварда бошад, метавонист дар гузаргоҳи сарҳадӣ онро ройгон аз расмиёти гумрукӣ гузаронад. Баъд IMEI-коди телефон ба база автоматӣ илова мегардид.

Тавре дар нишасти матбуотии Хадамоти гумрук хабар доданд, баъзе кормандон ин имтиёзро барои напардохтани боҷҳои гумрукӣ истифода мебурданд. Аз ин рӯ, имтиёз бекор карда шуд, то ягон роҳи гурез боқӣ намонад.

Дар хадамот инчунин хабар доданд, ки аз рӯзи оғози бақайдгирии IMEI-кодҳо ба буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ барои телефонҳои мобилӣ зиёда аз 11 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
🛫🇹🇯Имрӯз, 8 август, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамоиши якуми сарони давлатҳои муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи 🇰🇿Қазоқистон сафар кард.

Дар ин бора сомонаи расмии президенти кишвар иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бо @asiaplustj бошед.