Азия-Плюс TJ
28.6K subscribers
10.9K photos
2.6K videos
1 file
18.8K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🇹🇯Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик бо шикаст додани Эрик Абрамови 🇩🇪олмонӣ ба даври 1/4-финалии Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.

Темур, ки Тоҷикистонро дар вазни +100 кг дар Бозиҳои олимпӣ муарифӣ мекунад, дар даври аввал озод буд ва муборизаро аз даври дуюм оғоз кард.

Бо @asiaplustj бошед.
🇹🇯 Темур Раҳимов ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи 1/4-ниҳоӣ Алишер Юсупов аз 🇺🇿Ӯзбекистонро шикаст дод.

🤼 Ҳамакнун дар ин марҳила Темур бо Тедди Ринер аз 🇫🇷Фаронса куштӣ мегирад.

Темур, ки Тоҷикистонро дар вазни +100 кг дар Бозиҳои олимпӣ муарифӣ мекунад, дар даври аввал озод буд ва муборизаро аз даври дуюм оғоз кард.

Бо @asiaplustj бошед.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Ҷоизапулӣ барои медали олимпӣ

Ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж - 2024 метавонанд соҳиби беш аз ним миллион сомонӣ ва хона дар пойтахт гарданд.

Аз ҷумла, аз номи Президенти Тоҷикистон:
Барои ҷои якум: 300 ҳазор сомонӣ;
Барои ҷои дуюм: 250 ҳазор сомонӣ;
Барои ҷои сеюм: 200 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бошад:

Барои ҷои якум: 20 ҳазор доллар;
Барои ҷои дуюм: 15 ҳазор доллар;
Барои ҷои сеюм: 10 ҳазор доллар медиҳад.

Шаҳрдори Душанбе бошад:

Барои ҷои якум: хонаи истиқоматии сеҳуҷрадор;
Барои ҷои дуюм: хонаи истиқоматии дуҳуҷрадор;
Барои ҷои сеюм: хонаи истиқоматии якҳуҷрадор тақдим мекунад.

Ба варзишгарони тоҷик муваффақият мехоҳем!
——————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дуввумин медали биринҷии Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Париж- 2024 ба даст овард.

Ӯ, ки дар вазни +100 кг рақобат мекард, дар даври тассалобахш рақиби худро аз Куба шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Бо @asiaplustj бошед.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 Лаҳзаи пирӯзии Темур Раҳимов ва ба даст овардани дуюмин медали Бозиҳои олимпӣ 2024 барои Тоҷикистон ⚡️

Бо
@asiaplustj бошед.
#душанбесити

Дар нашри навбатии “Душанбе Сити” аз таърихи бунёди майдони ба номи 800-солагии Маскав нақл мекунем.

Ин майдон бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони пойтахт ҳанӯз дар солҳои 40-уми садаи гузашта бунёд гардидааст.
То имрӯз намои умумии он қариб бетағйир мондааст: дар марказ ҳамон фаввора, дар атрофи он харакҳо, гирдогирд, дарахту чинорҳои садсола. Имрӯз майдон сайргоҳи калонсолону макони вохӯрии ҷавонон аст.

Аз майдони 800-солагии Маскав чӣ хотира доред? Дар шарҳ нависед.
____
Таблиғ: VISA Gold дар 5 дақиқа. Кортро дар наздиктарин нуқтаи хизматрасонии Душанбе Сити Бонк дастрас кунед.
🥉🇹🇯Давлат Болтаев, муштзани тоҷик барандаи медали бириҷии Бозиҳои олимпӣ гардид.

Болтаев, ки 🇹🇯Тоҷикистонро дар вазни 92 кг дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекард, дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Лазизбек Муллоҷонов аз 🇺🇿Ӯзбекистон рақобат карда, ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва натавонист ба финали мусобиқа роҳ ёбад.

Бо @asiaplustj бошед.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Боз дар хонаи пиразан”

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Боз дар хонаи пиразан” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

https://youtu.be/Rnq6VXnFT7U?si=a6JKwp3ZRihzpawF
👩‍⚕️ Айни замон дар Тоҷикистон 1966 табиб ва 367 корманди миёнаи тиббӣ намерасад. 

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

💬 Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар кишвар 21 ҳазору 616 нафар табиб ва 62 ҳазору 485 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Бо @asiaplustj бошед.