Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.5K photos
2.45K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🎭Дар Душанбе маҳфили "Шаби эҷодӣ"-и Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо оғоз шуд.

Дар Театри Лоҳутӣ ҳунармандон ва ҳаводори ҳунар ҷамъ омадаанд.

Дар ин маҳфил ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон ва шогирдони Ҳошим Гадо лаҳзаҳое аз беҳтарин намоишномаҳои офаридаи ӯ, аз ҷумла Гамлетро рӯи саҳна мегузоранд.

Инчунин, худи Ҳошим Гадо баромад мекунад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Дар Тоҷикистон идгардак манъ карда шуд. Парлумони кишвар бо қабули лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” идгардакро дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон расман манъ кард. Аммо ҳоло мушаххасан маълум нест, ки барои идгардак чӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Танҳо гуфта мешавад, ки ин тасмим “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шудааст.

Ҳамчунин воридот, фурӯш ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ мамнӯъ гардид. Аммо боз ҳам маълум нест, ки либосӣ миллӣ кадом аст ва азбар кардани чӣ навъи либосҳо мамнӯъ мебошад.

Акнун, гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд.
___
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
🇷🇺🇨🇳 Путин нахустин сафари хориҷии худро ба Чин баъди дубора интихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳур анҷом дод.

Сафари давлатӣ ду рӯз давом мекунад ва дар ду марҳила сурат мегирад:

16 май Путин дар Пекин ва 17 май аз маркази маъмурии музофоти Хэйлунтсзян аз Харбин боздид мекунад.

Мулоқоти Путин ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар чаҳорчӯби маҳдуд ва васеъ баргузор мешавад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 45 рӯз дар тамоми кишвар наздики 90 дарсад иҷро шудааст. Вилояти Суғд аз ҳама камтар нақшаро иҷро кардааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баъди Суғд қарор дорад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:

💠 шаҳри Душанбе 100 дарсад;

💠 вилояти Суғд 67 дарсад;

💠 вилояти Хатлон 100 дарсад;

💠 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 88 дарсад;

💠 ВМКБ 100 дарсад.

Ин ниҳод гуфтааст, “дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш доданд”.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз меҳмони шоу-барномаи “ИМКОН”
сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон - Пайрав Воҳидов

• Роҳи дарёфти роҳхати деринтизор ҳамвор набуд;
• Асрори комёбӣ ва таҳрики тим;
• Талош барои натиҷаҳои беҳтар ва нерӯ барои расидан ба мақсадҳои бузург

Аз соати 12 то 13, рӯи мавҷи #107FM, @radioasiaplus

Агар саволе доред ба мо занг занед ё нависед:
телефон 446107107
телеграмм +992 880000107

“Имкон” – барои рӯзи беҳтар!!!
🇹🇯🇨🇳18-19 май бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин (КМ ҲКУ), роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Чин аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, инчунин мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар рафти сафар Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои давраи солҳои 2024-2025 ба имзо мерасад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Хадамоти муҳоҷирати кишвар аз сокинони кишвар, ки хоҳиши кор дар Британияи Кабирро доранд, хост, танҳо ба ниҳодҳои масъули давлатӣ муроҷиат намоянд ва ба ҳар ширкате, ки ваъдаи кор дар ин кишварро медиҳад, бовар накунанд.

Зеро на ҳама ширкатҳое, ки ваъдаи кор дар ин кишвари аврупоиро медиҳанд, қонунӣ фаъолият доранд ва иҷозаи фиристодани шаҳрвандонро соҳиб ҳастанд.

Хадамоти муҳоҷират гуфт, дар сурати муроҷиат ба ин ниҳод Шӯрои машваратии он барои интихоб ва фиристодани хоҳишмандон ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир кӯмак мекунад.
_
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.

Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Раиси ҷумҳуриҳои Русия ва Чин пас аз 2,5 соати музокирот дар Пекин изҳороти муштаракро дар бораи тавсеаи равобити шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ имзо карданд.

Пас аз музокироти Путин ва Си Ҷинпин 10 санади дигар дар бораи ҳамкориҳои Русия ва Чин ба имзо расид.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM