Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.77K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Меҳмонони имрӯзаи мо дар шоу-барномаи Парвоз107 аз соати 13:00 то 14:00 бонуи хушсадои тоҷик Ёсамин Давлатова ва ҳунарманди ширинсадо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамбул Муҳаммедов ҳастанд.

Оид ба нақшаҳо, зиндагӣ, фаъолият ва эҷоди сурудҳои навин сӯҳбат хоҳем кард.

Сӯҳбати моро тариқи мавҷи 107fm ва тавассути онлайн сартосари ҷаҳон аз #RadioAsiaPlus бишнавед.

Шарики барнома: XL Energy Drink Tajikistan
Дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷараён дорад.

@asiaplustj
🇹🇯🇮🇷 Шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон бародаршаҳр шудаанд.

Рӯзи 8 ноябр дар Душанбе созишнома дар бораи барқарории равобити бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Язд ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Хуҷанд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст.

Хуҷанд дар ҷаҳон бо беш аз 10 шаҳр бародаршаҳр аст.

@asiaplustj
Дар силсилафилми #Дом Малика ба як хабари фейкӣ (дурӯғӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар карда, ба чанголи ҷинояткорон меафтад.

Шояд шумо ҳам бо чунин хабарҳои дурӯғ дучор шудаед. Масалан, ба шумо хабари дурӯғ фиристоданд, ки дар шаҳр заминларза мешавад, аммо чизе нашуд. Ё шиноси шумо қариб буд тариқи онлайн ба қаллобон пул фиристад.

Саргузашти худро ба мо қисса кунед. Муаллифони ҷолибтарин саргузаштҳо соҳиби туҳфаи “Asia-Plus” мешаванд!

Чӣ бояд кард:
1. Саргузашти худро дар сториз ё пости Instagram ба иштирок гузоред
2. Ҳатман аккаунти моро қайд (тег) кунед ва аз хэштеги #бохабарбош истифода баред
3. Тамом!

@asiaplustj
Азия-Плюс TJ
Аҳолии Бадахшонро ройгон ташхису табобат мекунанд
“Корвони саломатӣ” дар Хоруғ ба кор оғоз кард

“Корвони саломатӣ” дар ҳайати 46 мутахассиси баландихтисоси тиббии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ ба кор оғоз кард, менависад ҳукумати шаҳри Хоруғ.

““Корвони саломатӣ” бо мақсади гузаронидани муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобат бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои вилоят ба хотири хизматрасонии ройгони тиббӣ барои сокинони шаҳр ва ёрӣ расонидан ба аҳолӣ баҳри ошкор намудани бемориҳои эҳтимолӣ ва пешгирии он ба шаҳр расид”, - навиштааст манбаъ.

Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда, ройгон табобат гиранд.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми ноябр корвони саломатӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона шуда буданд.

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
💬#Якхабар

Ба эҳтимоли зиёд пас аз як моҳ миёни Тоҷикистону Эрон раводиди сафар бекор мешавад.

Дирӯз, 8-уми ноябр, зимни сафари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, миёни ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба лағви раводид имзо гардид.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки лағви раводид байни ду кишвар барои рафтуомади шаҳрвандон ва рушди ҳамкориҳои ояндаи ду давлат заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон тасдиқ кард, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва пас аз анҷоми расмиёт, эҳтимол баъди як моҳ, расман ҷорӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки то ин замон миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид ҷорӣ буд ва шаҳрвандони ду кишвар бидуни дастрас кардани он ба давлатҳои ҳамдигар сафар карда наметавонистанд.

@asiaplustj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Сериали тоҷикии "Дом" | Қисми 6 | (охирон)

Вақти огоҳӣ аз поёни қиссаи пурҳаяҷони Малика фаро расид. Умеде ба анҷоми хушбахтонаи он доред ё баръакс?

Бароятон тамошои гуворо таманно дорем ва бори дигар хотиррасон мекунем: Фаромӯш накунед, ки қаллобон дар интернет аз усулҳои равонӣ моҳирона истифода бурда, одамони зудбоварро ба доми худ мекашанд ва аксар вақт бо ваъдаи пули муфту бедардимиён онҳоро фиреб медиҳанд.

Аз ин рӯ, бохабар бошед ва ба маълумоти носанҷидаю шубҳанок бовар накунед. Дониши расонаии худро мукамал карда, аз маълумоти дурӯғ худу наздиконатонро эмин доред!
____

Таджикский веб-сериал “Дом” | 6 серия (заключительная)

Вот и настало время узнать, чем же закончатся злоключения Малики. Надеетесь на счастливый финал или чувствуете подвох?

Желаем приятного просмотра и напоминаем, что аферисты в Интернете искусно используют психологические приемы, чтобы обвести доверчивых людей вокруг пальца, создают фейковые сайты и обещают того, что не выполнят. Уберегите себя и своих близких от подобных ловушек, не попадайтесь в сети мошенников.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

https://youtu.be/IvVt4R437hI

@radioasiaplus
▶️Оташбаси чорсоатаи Исроил

Кохи сафед гуфт, ки Исроил аз имрӯз ба иҷрои таваққуфҳои чаҳорсоатаи ҳаррӯзаи башардӯстона дар шимоли навори Ғазза шурӯъ хоҳад кард, то ба сокинони маҳаллӣ иҷоза диҳад, манотиқи хатарнокро тарк кунанд, менависад
Би-би-сӣ.

Тавре хабар дода шуд, мақомоти Исроил Вашингтонро итминон доданд, ки дар давоми ин таваққуфҳо, амалиёти низомии Исроил дар Ғазза боздошта мешавад.

Ба иттилои вазорати тандурустии Ғазза, то 9 ноябр теъдоди кушташудагони бомбгузориҳои Исроил ба 10 ҳазору 812 нафар, аз ҷумла 4 ҳазору 412 кӯдак расидааст. Шумораи ярадоршудагон 26 ҳазору 905 нафар гуфта мешавад.

Дар Исроил, мувофиқи маълумоти ҳукуматдорони махаллӣ, зиёда аз 1 ҳазру 400 нафар, аз он ҷумла 300 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ҳалок ва зиёда аз 5 ҳазор назар ярадор шудааст.

@asiaplustj