Азия-Плюс TJ
26.9K subscribers
11.7K photos
2.78K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🇹🇯🇰🇬Боз қариб 18 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон дақиқ карда шуд

Аз 1 то 8-уми ноябр дар Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ дар 17,98 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд.

Дар натиҷа Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Иброҳим Раисӣ вориди Душанбе шуд

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисиро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода истиқбол гирифт.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Дар назар аст, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Эрон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Ҳамчунин, тибқи барномаи сафар, Иброҳим Раисӣ бо Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.

Бо мо бошед |
Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ
Иброҳим Раисӣ вориди Душанбе шуд Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисиро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода истиқбол гирифт. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти…
Мулоқоти Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар "Қасри миллат"-и Душанбе оғоз шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуда, ҳамчунин имзои 19 ҳуҷҷати муҳим байни ду кишвар дар бахшҳои гуногун дар назар аст.

Акс аз бойгонӣ

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо ҳамтоёнаш дар Чин

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Додситонҳои кулли кишварҳои узви СҲШ мулоқот ва дар ҷаласаи 21-уми ин созмон суханронӣ кардааст.
Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин чорабинӣ Додситонҳои кулли давлатҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон ширкат кардаанд.

Инчунин, дар он ҷаласа Додситонҳои кулли Беларус, Муғулистон, Котиботи СҲШ ва сохтори зиддитеррористии СҲШ иштирок ва баромад кардаанд.

"Дар рафти ҷаласа оид ба нақши прокуратура дар таъмини навсозии давлат, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаи СҲШ ва баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон табодули афкор сурат гирифт", - менависад манбаъ.

Илова бар ин, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкории мақомоти додситонии кулли давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромарзӣ вусъат диҳанд.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
🇹🇯🇮🇷Дар мулоқот дар Қасри миллат, Эмомалӣ Раҳмон президенти Эронро ба Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки бо анвоми ин сафар муносибати иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дубора барқарор хоҳад шуд.

Дар навбати худ, Раисӣ ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос кард.

Раҳбари Эрон гуфт, қасд дорад бо Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи равобити дуҷониба ва масоили минтақавиро баррасӣ кунад.

Аксҳо аз Азия-Плюс

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
🇹🇯🇮🇷Имзои ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон

Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз Қасри миллат хабар дод.

Ӯ гуфт, дар баробари имзои 19 ҳуҷҷати муҳим дар соҳаҳои гуногун, инчунин ҷонибҳо ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро ба имзо расониданд.

Зимни нишасти хабарӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кард, ки бо Иброҳим Раисӣ санади лағви раводид байни ду кишварро ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, ки ин барои рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои ояндаи ду кишвар замина хоҳад гузошт.

Акс аз Азия-Плюс

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ
🇹🇯🇮🇷Имзои ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз Қасри миллат хабар дод. Ӯ гуфт, дар баробари имзои…
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ низ зимни суҳбат бо "Азия-Плюс" тасдиқ кард, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимол баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ pinned «НАВШУДА. Миёни Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид имзо шуд Муҳтавои 18 санади дигаре, ки имзо шуд, маълум гардид.»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Русия дастрас кардани шаҳрвандиро барои хориҷиён боз душвортар мекунад.

Вазири корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки минбаъд назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош пурзӯр карда шавад.

Вазири рус гуфтааст, шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд муайян ва онҳое, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз қаламрави кишвар хориҷ ва шаҳрвандии онҳо бекор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 26 октябр тағйироти ба Қонун дар бораи шаҳрвандӣ воридшуда эътибор пайдо кард.

Он ба татбиқи консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 нигаронида шудааст.

@asiaplustj
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ озими Ӯзбекистон шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд", - менависад манбаъ.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

@asiaplustj