Азия-Плюс TJ
29.8K subscribers
10.6K photos
2.5K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Имрӯз, 1-уми ноябр, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлёв мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад телеграм-канали Рустами Эмомалӣ.

Бо мо бошед |
Telegram | Instagram | Facebook |
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки онро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунад беҳтарин ассотсиатсияи минтақавии сол дониста шуд. Ҷозаи махсус ба он зимни як чорабинӣ дар Қатар аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё тақдим гардид.

Таҳти сарпарастии CAFA аз моҳи январи соли 2022 то апрели соли ҷорӣ 11 мусобиқа, аз ҷумла барои ҷавонон ва занон баргузор гардидааст. Дар ин муддат аз 11 чорабинӣ 9-тоаш дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Федератсияи футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
———-
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj
Сокинони Душанбе ба болоравии роҳкирои таксиҳои мардумӣ (5-сомона) чӣ назар доранд?

Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ба таври назаррас боло рафт. Дар натиҷа, арзиши роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои кишвар гарон гардид.

Дар дохили шаҳр роҳкирои таксиҳои мардумии маъруф ба "5-сомона", ки 7-сомонӣ шуда буд, акнун то 10 сомонӣ боло рафт.

Мо аз сокинони пойтахт пурсидем, ки бештар аз кадом навъи нақлиёт истифода мекунанд ва ба болоравии роҳкиро чӣ назар доранд?

https://youtu.be/_kPrKZhXVDk
🏆 “Истиқлол” барандаи даҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

ФФТ хабар медиҳад, ки “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2023 бар “Равшан”-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи даҳкаратаи Ҷом гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 рӯзи 1 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Вақти асосии бозӣ мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо 1:1 ба ҳам гол заданд.

Дар зарбаҳои пеналтӣ бошад, “Истиқлол” муваффақ шуд, бо натиҷаи 4:2 пирӯз шавад.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
⚡️Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон меояд

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи 7-уми ноябр бо анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора аз Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, сафари Иброҳим Раисӣ ду рӯз- санаҳои 7 ва 8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, ки президенти Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохӯрад.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ pinned «Интернет ва барқ. Ду мушкили аслии ҷорӣ нашудани дарси онлайн дар Тоҷикистон Аммо Вазорати маориф ва илм мегӯяд, заминаи заруриро фароҳам овардааст.»