Азия-Плюс TJ
30K subscribers
10.5K photos
2.48K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр дар Анҷумани вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Ишқобод ширкат ва суханронӣ кард.

"Дар суханронии хеш Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои САҲА таъкид намуд", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Дар Ишқобод Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид низ мулоқот кардааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масоили обу иқлимро баррасӣ карданд.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор
Радио Азия+
Барномаи навбатии #ФурсатиДонистан бо иштироки ҳуқуқшинос Мадина Отабоева дар мавзӯи  "Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор" баргузор гардида буд.
Суҳбати самараноке оиди саволҳои зерин буд:

Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор чӣ гуна сурат мегирад
Тартиби нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор чӣ гуна сурат мегирад
Дар хусуси нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

🎧Агар ба пахши мустақим дер мондед, такрори онро инҷо шунавед.

@radioasiaplus
⚡️Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз заминларза зарардидагони шаҳри Ҳироти Афғонистон расидааст.

Он аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат буда, дар умум 27 номгӯйро ташкил медиҳад.

Инчунин, 200 тонна орд, 50 тонна қанд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 20 тонна ярмаи ҷав, 20 тонна нахӯд, 20 тонна биринҷ фиристода шуда буд.

Корвони мазкур рӯзи 18-уми октябр ба роҳ баромада, аз 130 мошини боркаш иборат буд ва дар умум 3200 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон расонид.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Имрӯз, 1-уми ноябр, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлёв мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад телеграм-канали Рустами Эмомалӣ.

Бо мо бошед |
Telegram | Instagram | Facebook |
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки онро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунад беҳтарин ассотсиатсияи минтақавии сол дониста шуд. Ҷозаи махсус ба он зимни як чорабинӣ дар Қатар аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё тақдим гардид.

Таҳти сарпарастии CAFA аз моҳи январи соли 2022 то апрели соли ҷорӣ 11 мусобиқа, аз ҷумла барои ҷавонон ва занон баргузор гардидааст. Дар ин муддат аз 11 чорабинӣ 9-тоаш дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Федератсияи футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
———-
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj
Сокинони Душанбе ба болоравии роҳкирои таксиҳои мардумӣ (5-сомона) чӣ назар доранд?

Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ба таври назаррас боло рафт. Дар натиҷа, арзиши роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои кишвар гарон гардид.

Дар дохили шаҳр роҳкирои таксиҳои мардумии маъруф ба "5-сомона", ки 7-сомонӣ шуда буд, акнун то 10 сомонӣ боло рафт.

Мо аз сокинони пойтахт пурсидем, ки бештар аз кадом навъи нақлиёт истифода мекунанд ва ба болоравии роҳкиро чӣ назар доранд?

https://youtu.be/_kPrKZhXVDk