“Аввал ноҳияи Исмоили Сомонӣ”. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба кор оғоз кард
ASIA-Plus

Дар Душанбе аз 18-уми октябр Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ, ТЭС) ба кори худ оғоз кардааст ва ҳоло хонаи сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин шудааст. Дар ин бора Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси МБГ-и шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ…
❗️Дар баъзе манотиқи Душанбе интиқоли об боз қатъ мешавад
Шаҳрдории Душанбе ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки имрӯз дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад.
Тавре ҳукумати шаҳр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ин ба корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обгузари “Кофарниҳон” марбут аст.
Таъмини об аз соати 23:00 23-юми октябр то соати 23:00 24-уми октябр қатъ карда мешавад.
Дар минтақаҳои зерин об қатъ хоҳад шуд:
Ноҳияи Фирдавсӣ:
- дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, А.Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини
Ноҳияи Шоҳмансур:
- дар кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки захираи зарурии оби ошомиданиро омода созанд.
@asiaplustj

Дар мусобиқаи UFC Наимов Вудро мағлуб намуда, Ғафуров аз Нурмагомедов шикаст хӯрд
t.iss.one

Дар мусобиқаи ММА UFC-294 дар Абу-Даби размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов намояндаи Британияи Кабир Натаниэл Вудро мағлуб намуда, изҳор дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён нишон доданӣ аст, ки тоҷикон миллати пурқувватанд.
Имрӯз, 23-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Зимни маросим ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони Туркманистон Аймурад Кочмурадов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф, Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл, Конфедератсияи Швейтсария Салман Бал, Муғулистон Доржийн Баярхуу, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Фам Тхай Нии Май, Ҷумҳурии Филиппин хонум Мария Агнес Магласанг Сервантес ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Син Хон Чхол, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Гуфта мешавад Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Туркманистон, Эрон, Покистон, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Муғулистон, Ветнам, Филиппин ва ҶМД Корея андешаронӣ карда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз идомаи ҳамёрӣ бо кишварҳо дар самтҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд.

Даргириҳо дар Ғазза: Тоҷикон дар Исроил чӣ ҳол доранд?
t.iss.one
Даргириҳо дар Ғазза: Тоҷикон дар Исроил чӣ ҳол доранд?
Аз оғози даргириҳо дар минтақаи Ховари Миёна, ки баъди ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил оғоз кардид, ду ҳафта сипарӣ шуд. То имрӯз Исроил аз кушта шудани беш аз 1400 нафар ва ба дасти Ҳамос асир афтодани беш аз 200 нафар шаҳрвандаш хабар дода, макони ин гуруҳ …
“Аз Худо бахшиши гуноҳ мехоҳам". Чӣ гуна як тоҷикистонӣ аз зиндон ба ҷанги Украина афтод?

Дар канали расмии Дмитрий Гордон дар YouTubе рӯзи 11 октябр мусоҳибаи муассиси нашрияи интернетии “Гордон” бо як зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ҷавоне бо номи Беҳрӯз - маҳбуси муассисаи ислоҳии низмаш сахт дар вилояти Самара дар бораи чӣ гуна ба ҷанг афтоданаш…
Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон кай ба таътили тирамоҳӣ мебароянд?
ASIA-Plus
Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон кай ба таътили тирамоҳӣ мебароянд?
Пас аз як қариб ҳафта, таътили тирамоҳӣ барои хонандагони мактаб, ки аз 1 то 10-уми ноябр муқаррар шудааст, оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод.
Қарордод бо Вазорати дифои Русия ё парвандаи ҷиноятӣ. Боздошт ва санҷиши намозгузорони масҷиди Котелники

Дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) рейд гузаронида, боздоштшудагонро ба комисариати ҳарбӣ бурданд ва дар он ҷо бо таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноятӣ онҳоро маҷбур карданд, ки бо Вазорати мудофиа қарордод…
БАОР: Касри савдои хориҷии Тоҷикистон бар асари коҳиши содироти тилло афзоиш меёбад

Дар Гузориши макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфта мешавад, омили калидии афзоиши касри савдои хориҷии Тоҷикистон коҳиши содирот мебошад.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
Пас аз қариб як ҳафта хонандагони мактаб дар Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Онҳо аз 1-ум то 10-уми ноябр истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод. Ӯ гуфт, то рӯзи 31-уми октябр дар мактабҳо натоиҷи чоряки аввал ҷамъбаст мешавад ва хонандагон ба истироҳат мебароянд.
Дар рӯзҳои таътил бошад, ба қавли Наврӯзи Мирзо, хонандагони мактаб ба озмунҳои “Илм – чароғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” омода мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон хонандагони мактаб дар як сол 4 маротиба - тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон ба таътил мебароянд. Наврӯз Мирзо дар мавриди таътили зимистонаи мактаббачагон гуфт, “то ҳол тағйироте ба назар нарасидааст ва аз обу ҳаво вобаста аст, ки рӯзҳои таътили зимистона тамдид мешавад ё на”.
__
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj

"Ҳамос" ду зани солхӯрда Нурит Купери 80-сола ва Йочевед Лифшитси 85-соларо озод кард.
Ин занҳо ба кормандони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх супурда шуда, тавассути ин кумита ба гузаргоҳи Рафаҳи сарҳади Миср рафтанд. Дар он ҷо онҳоро кормандони амнияти Исроил қабул карданд.