Азия-Плюс TJ
29.1K subscribers
10.8K photos
2.55K videos
1 file
18.5K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз шаҳри Остона боздид дорад, ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон – ордени “Алтин Қиран”-ро супурд.

Тоқаев саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории халқҳои бародарии Қазоқистон ва Тоҷикистон таъкид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

@asiaplustj
Сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ба поён расид.

@asiaplustj
Ҳамин ҳоло ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту-2023” дар Душанбе ҷамъбаст мешавад.

Моҳпайкар Ёрова сазовори беҳтарин нақши занона ва Ҷобиризо Қурбоншо сазовори беҳтарин нақши мардона гардиданд.

Ҷойи якум - намоишномаи "Пораабри сафеди Чингизхон"-и театри давлатии академии драмави ба номи А. Лоҳутӣ.

Ҷои дуюм - намоишномаи "Зол ва Рудоба"-и театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов.

Ҷойи сеюм - намоишномаи "Савдоӣ"-и театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи О.Назарови шаҳри Хоруғ.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
💬 #Маълумотимуфид

Кай ва киро метавонанд аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд?

Ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид шуда, мутобиқи он номгӯи ҷиноятҳое, ки содир шудани онҳо ба қатъи шаҳрвандии Русия боис мегардад, зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо онҳое аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, ки онро на аз рӯи ҳуқуқи таваллуд, балки дар натиҷаи қабул ба шаҳрвандӣ гирифтаанд. Аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.

Инак рӯйхати кӯтоҳи ҷиноятҳое ки барои он метавонанд шуморо аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд:

– Барангехтани кина ё адоват
– ташкили бетартибиҳои оммавӣ;
– хиёнат ба ватан (Федератсияи Русия)
– даъвати оммавӣ ба вайрон кардани тамомияти арзӣ;
– бо зӯроварӣ забт кардани ҳокимият;
– даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ (экстремизм);
– ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, иштирок дар созмонҳои террористӣ;
– бадному беобрӯкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия;
– содир намудани амалҳои хатаровар ба амнияти миллӣ;
– ошӯби мусаллаҳона;
– суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ;
– иштирок дар ташкилоти ғайридавлатии хориҷӣ ё байналмилали номатлуб.

Ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед ва худро эҳтиёт кунед. Шакли пурраи ин мақола ва хабарҳои дигарро дар телеграм-канали мо @asiaplustj мутолиа кунед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM