Азия-Плюс TJ
29.8K subscribers
10.6K photos
2.5K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи  санъатшинос, дромнавис Меҳрубон Назаров ба дунё омадааст.

Фаъолияти эҷодии худро дар ибтидои солҳои 1980 оғоз намудааст.

Ҳамчун сарояндаи эстрада ва композитори тоҷик ва ҳунарпешаи синамо машҳур шудааст.

@asiaplustj
«Тими «Азия-Плюс»-ро бо солгарди таъсисёбии Радио табрик мегӯям! Ба шумо комёбиҳои нав ва дар коратон ба нафъи Тоҷикистон барори кор орзумандам!».

Профессор Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, марде, ки “падари дипломатияи тоҷик” ном мебаранд, хонандаи доимии рӯзномаи “Азия-Плюс” ва муаллими мо.

@asiaplustj
Топ-менеҷери ҶСК “Бонки Эсхата” дар бораи хавфҳои бонкӣ, маоши таҳилгар, асрори муваффақият

Дар доираи лоиҳаи “PROбизнес” мусоҳибае доштем бо Акмалҷон Сайфидинов, Сардори Департаменти хавфҳои бонки ҶСК “Бонки Эсхата”.

Кадом намуди хавфҳо хоси бонкдории Тоҷикистонанд? Таҳлилгар (аналитик)-и молиявӣ, ки аз ҷумлаи мутахассисони гаронтарин дар ҷаҳонанд, дар мо чанд маош мегиранд? Ва чӣ тавр таҳлилгари хуби молиявӣ шуд – 3 маслиҳати Акмалҷон Сайфиддинов?

Ин ва дигар паҳлуҳои ҷолиби соҳаи таҳлилгарӣ – дар мусоҳибаи ҳирфаии мо!

Ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе - мусоҳиба бо яке аз менеҷерони ҶСК “Бонки Эсхата”.

https://youtu.be/mTgNsJJuE_Y
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
20 сол дар як мавҷ бо Тоҷикистон!

🎉 Радиои #AsiaPlus 9 сентябр 20-сола мешавад!

Аз рӯи анъана идро ба таври зинда таҷлил мекунем.

💃Мо бо намоишҳои фардӣ маҳдуд нахоҳем шуд! Биёед як марафони 20-соатаи бидуни таваққуф баргузор кунем!

🤩Танҳо ҷолибтарин меҳмонҳо, мусиқии зинда, мусобиқаҳои мусиқӣ ва озмунҳои ҷолиб дар мавриди таърихчаи радиои мо, тӯҳфаҳои зиёд ва албатта ровиёни дӯстдоштаи шумо!

🎧Дар мавҷи #107FM аз соати 13:00 8-уми сентябр то 9-уми сентябр бо мо бошед! Ҳолу ҳавои ҷашнро бо мо таҷриба кунед!

@asiaplustj
@asiaplus
@radioasiaplus
🥳Радиомарафони идона дар #107FM бо иштироки на танҳо меҳмонон, балки онҳое, ки дар ибтидои радиои #AsiaPlus буданд, оғоз ёфт.

🤩 Умед Бобохонов, Тимур Бандишоев, Лола Кенҷаева, Шаҳло Насриддинова.

🥰Бисёр шунавандагон садои форамашонро ба хотир меоранд, мо дар эфир будем ва ба ёд ба хотир овардем, ки таърихи радиои мо чӣ гуна оғоз ёфта буд ва дар эфир чӣ ҳодисаҳои хандаовар рух додааст.

#20солрадиоазияплюс
Вазъи ронандаи мошини ҳомили газ, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ таркид, вазнин арзёбӣ мешавад

Ронандаи мошини «Дулан», ки рӯзи 6-уми сентябр ҳангоми интиқоли гази моеъ таркид, вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора аз беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб, ки рӯзи ҳодиса ронанда ба онҷо интиқол дода шуда буд, ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

«Амиршо Шамсиддинов, сокини ноҳияи Панҷ 50 дарсади баданаш сӯхтааст», - гуфтанд аз беморхона.

- Имрӯз баъди аз ҳолати шок баромаданаш ӯро ба беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 3-и шаҳри Душанбе интиқол додем.

Ба иттилои манбаъ боз як захмии дигар дар бемористони клиникии рақами 5 (Медгородок) бо шикастани қабурға бистарӣ шудааст.

@asiaplustj
⚡️Расмӣ: Қасри Букингеми Бритониё эълон кард, ки малика Элизабети II, дар синни 96-солагӣ даргузашт.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чоршанбе Аловатов радиои #AsiaPlus - ро бо 20 солагиаш табрик гуфт
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Тоҷикистониён ояндаи Ватани худро чӣ гуна тасаввур мекунанд?

Дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Asia-Plus” аз ҳамватанон пурсид, ки истиқлолият барои онҳо чӣ арзиш дорад ва ояндаи Ватани худро чӣ гуна тасаввур мекунанд?

Посухи сокинон ва меҳмонони Душанберо дар навори боло метавонед бубинед.

@asiaplustj